Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Як василаи хуби ҷонноккунии фаъолият

Як василаи хуби ҷонноккунии фаъолият

9-10-2015, 17:00
Хабарро хонданд: 399 нафар
Назарҳо: 0
Як василаи хуби ҷонноккунии фаъолиятИмрӯз, дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар н.Шоҳмансури ш. Душанбе бо тантана баъд аз таъмир ва муҷаҳазгардонӣ утоқҳо корӣ ба кормандон дарҳои худро боз намуд.
Чунончӣ аз раванди кушодашавии утоқҳои кории КИ ҲХДТ дар н. Шоҳмансури ш.Душанбе маълум гардид, пас аз таъмир ва замонавӣ гардонидани 8 утоқи корӣ, 15 нафар кормандони КИН дар байни 151 ташкилоти ибтидоии ҳизбии ноҳиявӣ, ки теъдоди 28 ҳазору 938 нафар аъзо доранд, фаъолияти худро ҷоннок мекунанд.
Зикр кардан зарур аст, ки базаи моддию техникии Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб бо дастгирии узви Раёсати КИМ ҲХДТ, Раиси ш. Душанбе, Маҳмадсаид Убайдуллоев ва ҷалби сарпарастон мустаҳкам гардида, шароитҳои зарурии корӣ барои кормандон муҳайё гардидааст.
Бояд гуфт, ки Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар н. Шоҳмансури ш.Душанбе мутобиқи нақша-чорабиниҳо ҳамасола фаъол буда, ҳамоишҳои гуногуни фарҳангӣ-омӯзишӣ, конференсияҳои илмӣ-амалӣ ва суҳбату вохӯриҳои оммавӣ доир мекунад.
Як василаи хуби ҷонноккунии фаъолиятҲамзамон, тӯли сол, дар рӯзҳои идҳои ҷашнӣ ба оилаҳои камбизоат, маъюбон ва собиқадорони ҷангу меҳнат аз ҳисоби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар н. Шоҳмансур кӯмакҳои моддӣ расонида мешавад. Аз ҷумла, дар давоми соли 2015 ба 24 нафар ятимони бе падару модар кӯмак расонида шудааст. Дар арафаи моҳи шарифи Рамазон бошад, ба 85 оилаи бесоробон бо маводҳои хӯроквории орд, равған, биринҷ таъмин карда шудаанд.
©hamsafon.tj
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: