Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Модар- сарчашмаи ҳаёт аст…

Модар- сарчашмаи ҳаёт аст…

15-10-2021, 11:27
Хабарро хонданд: 12911 нафар
Назарҳо: 5
Модар- сарчашмаи ҳаёт аст…

Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар яке аз вохўриҳо бо эҷодкорони ҷавон сухани хеле аҷоиб гуфта буданд:-«Дар бораи Модар, Ватан шеър навиштан хеле душвор аст. Чунки аз замони офарида шудани қалам шоирон Модарро месароянд, Ватанро ситоиш менамоянд…».
Ба фикри шоири шинохта шарик шуда, мегўям, ки шояд барои дар бораи Модар навиштан, барои тараннуми инсони чун Модар муқаддас, ситоиши Модар барин шахси бузург дар қафаси синаи инсон тапида истодани дили пур аз меҳру муҳаббат даркор бошад.
Дар бораи модар, модарон суханҳои сириштаи пазмони ва муҳаббати пурҳарорати дил, дар гўшаи хилвати қалб бударо навиштан даркор аст.
Барои дар бораи модар пурталотум сурудан аз дил боридани пазмони зарур аст, паҳн шудани нури бо муҳаббат сиришта, дурахшидани оташаки бо меҳр пайваста даркор мебошад.
Дар ҳоли ҳиссиёти ба инсон ҳаётбахш, ўро ба зистан даъватсозро рўи варақ рехтан ҳам офаридани симои ҳақиқии модарон хеле вазнин аст. Фазилатҳои фариштасони онҳоро пурра тасвир карда намешавад.
Модар-чунин зоти бузург, Модар-чунин офарандаи бузург, Модар-чунин хилқати мўъҳизави, Модар-чунин инсони муқаддас…
Ёд овардани модар барои ман хеле вазнин аст. Чунки ман аз замони ақламро шинохтан модарамро дар ҳолати хаста, касалманд, оҳиз дидаам. Сидқан шод шуда хандиданҳои модарамро хеле кам ёд дорам. Мудом аз таъсири дард нороҳат мегашт, модараки бечораям. Модарам зани касалманд бошанд ҳам, ба мо фарзандонашон хеле меҳрубон буданд. Вақти дар ҳоли хаста бистари буданашон ҳам пайваста суханҳои ширини ба мо таълуқдоштаро мегуфтанд.
Ёд дорам, кўдаки хурдсол будам, ҳароратам баланд шуда будааст. Шаб ба берун баромадан хостам. Модараки бечораам маро ба берун бароварданд. Аз зўри ҳарорат худамро мисли дастонам варамида эҳсос менамудам, ҳама чиз ба чашмонам бузург метофт. Инро ба модарам гуфтам. Модари бечораам хеле нигарон шуда будааанд. Маро ба бистар хобонданд, пас аз каме ором хобиданам гириста сухан гуфтани волидаамро шунида будам:
-Парвардигор, кўдакамро ҳифз намо, ҳамаи дардҳоятро ба ман фирист, ба писаракам раҳм намо, Офаридгорам, хори ба пошнаи ў халидаро ба рўи ман халон, Худои ман…
Ман ҳамон вақтҳо мазмуни ин нолаҳои модаракамро чандон дарк нанамуда будаам, дертар чи қадар изтироб кашидани модаракамро ҳис намудам. Худаш дардманд бошад ҳам, аз Офаридгор ба ман шифо бахшиданашро хоста буд. Барои чунин намудан чи қадар бузург будани дили инсон даркор аст, надонистам. Балки фарзандон як пораи дили модар бошанд-а?
Замони синфи ҳафтум хонданам дари оғиламон вайрон шуд. Маротибаи аввал аз ҳеҳ кас напурсида, ба тарзи мустақил асбобҳои дуредгариро ба дастам гирифта, аз тахтаҳои кўҳна дари худсохт сохтам. Бад набаромад, чандон хуб набошад ҳам, ба ҳар ҳол нисбати дари пештараи оғил дуруст буд. Ба фикрам барои сохтани дар то бегоҳ кўшиш намудам. Модарам ҳамон вақт дар айвони хонаамон дар бистар хаста мехобид. Пас аз корҳоямро анҳом бахшиданам маро наздаш хонд.
-Писарам, каме ёрӣ расон, ҳавлиро давр гаштан мехоҳам,-гуфт модарам.
Ман хеле шод шудам. Чунки ҳар дафъа модарам вақти хаста шуда, дуру дароз хобиданаш хоҳиши аз ҳой хестан доштанашро гўяд, бо ин боз як-ду ҳафта ба по мехест.
Дарҳол ба бағали модарам даромадам. Модарам дар ҳавли каме гашта, шояд аз субҳ мушоҳида намуда бошад, барои дидани кори баҳоовардаи ман оҳиста-оҳиста назди оғил рафт. Модарам ба дари сохтаи ман дуру дароз нигариста истода, чизе нагуфт.
Баъдан бозпас ба бистараш бурданамро гуфт. Ман модарамро ба назди бистараш овардам. Модарам нишаста дарун-дарун ғам хўрда, дуру дароз гирист. Ман хомўш ба модаракам нигариста натавониста паҳлўяш нишастам. Чунки модарам вақти ба ёд овардани додари яккаю ягонаи вақти домодиаш ҳавонмаргшудаи худаш чунин мегирист. Модарам пас аз дуру дароз гиристан ба ман рў овард:
-Писарам, дари сохтаатро дида, аз шод шуданам гиристам,-мегуфт модари ҳоло ҳам худашро дошта натавонистаи ман.-Аз дари хонаи барои худат сохта ворид шудан ба ман насиб менамуда бошад…
Ман ба ҳар ҳол кўдак будам. Маънои аслии ин суханҳоро жарф дарк наменамудам. Чаро насиб намекардааст? Ҳайрон будам… Фақат шарораи армони дар чашмони модарам дурахшидаро пай бурда будам…
Не, насиб накард. Модари ман пас аз ду сол вақти навакак панҳоҳудусола шуданаш реҳлат кард. Яъне модарам рўзе худашро мағлуб намудани бемори, камоли моро дида натавонистанашро ҳис намуда буд. Мани ҳавони навраси аз паси тобути модарам рафтаистода бо яке аз санҳишҳои талхи ҳаёт рўбарў омаданамро ҳис менамудам…
Тақдирро бубинед, хона ҳам сохтам, оиладор, соҳиби фарзандон шудем. Имрўз се духтари яке аз дигараш ширини худамро ман «Модарҳон»!, гуфта навозиш менамоям. Вақти модарамро ёд оварданам духтари калониям Саёҳат хомўш мемонад. Чунки ў вақти модарамро ба ёд оварданам нохуш шудани диламро медонад. Духтарам Маърифат ҳам барои модари ман шудан рози мешавад. Хандида мемонад. Шакли рўй, чашмони духтари хурдиям Шаҳло модарҳонамро ба ёдам меорад. Фақат худи ў модари ман шудан мехоҳад. Маро аз апаҳояш рашк мекунад. Вақти ба модари ман монанд ҳасти, гуфтанам ба апаҳояш «дидед», гуфтаги барин бо фахр менигарад. Ў ҳоло кўдак аст. Ба духтаронам нигариста, дар хурдсолиям бо вуҳуди бемор буданаш ба мо ғамхори намудани модарамро дарк намудаги барин мешавам.
Апаи яккаю ягонаи модарам ҳам соли гузашта бо ҳаёт видо намуд. Акнун барои ман ниҳоят қадрдонҳо-апаҳо ва духтаронам мебошанд. Дар симои ҳар кадоми онҳо модарамро мебинам, дар ҳаёти апаҳоям, духтаронам амали шудани ормонҳои ўро сидқан мехоҳам.
Ҳар сол дар арафаи Рўзи модарон апаҳоямро табрик менамоям. Онҳо дарҳол модарҳонамро ба ёд меоранд. Вақти ба хонаам омаданашон модарам ба хона омадаги барин шод мешавам. Охир онҳо духтарони модарам-ку, ҳигарбандҳои ман!
Яъне солҳои назистаи модарамро онҳо зиста истодаанд. Дар ҳар яки онҳо аз модарам чизе ҳаст. Ман ба ҳамин шод мешавам. Аз ин таскин меёбам. Меҳри модарамро аз апаҳоям, духтарҳоям ҳўё мешавам. Хотираи поки модарам дар қалбам абадан зиндаги менамояд. Модарам ба ман на танҳо ҳаёт бахшид, балки рўҳаш ҳамеша мадад менамояд…
Дар ҳақиқат дар бораи модарҳо сатҳӣ навишта намешавад…
Модар-чунин зоти бузург, Модар-чунин офарандаи бузург, Модар-чунин инсони муқаддас...
Искандар МАҲМАДАЛИЕВ,
марти соли 2013.
Аз ўзбекӣ тарҳумаи Муҳаммадраҷаб БЕРДИЁРОВ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назарҳо (5)
Serzfsn 9 января 2022 20:13
Друзья, я последние несколько лет от слова совсем не смотрю ТВ Ящик!!! И считаю его Злом, так как вся информация подается так как нужно правительству. А мы это хаваем.
В последнее время все больше смотрю Youtube и выискиваю там информацию по крупицам. А так же ищу независимые СМИ сайты, которые подают информацию более независимо, такие как Радио свобода или myukraina.com.ua.
Выбирайте и читайте информацию, отсеивайте ненужные, перебирайте источники и только тогда Вы сможете найти полезную новость.
Кстати недавно прочитал очень интересную новость, которая касается каждого из нас:
https://forum.marycoin.org/member.php?49206-Serzvdk
http://forum.hockeyfetish.site/member.php?103959-Serzqqi
http://the-cinema.online/user/Serzjge/
https://www.wssddc.com/smf/index.php?action=profile;u=76155
http://www.pastors-source.com/member.php/65439-Serzoic
Цитировать          1
Bonita 29 февраля 2024 01:08
cattura levamisole kills what znovu levamisole
pour on
- levamisole and deq horses epm decaris
levamisole drug
messung whete to buy levamisole aquarium
Цитировать          2
Mohammad 22 сентября 2024 03:23
The trick is to discover parasites that Google hasn't hunted down and exterminated.


Take a look at my web page - Michelle
Цитировать          3
Modesta 23 октября 2024 18:11
Replica Sneaker xc489
discountshoesmart,
discountshoesmart md250
Цитировать          4
Janell 28 октября 2024 03:55
Reps Shoes ph895
replica shoes,Reps Shoes fh639
Цитировать          5
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: