Аз пайраҳаи шаҳри куҳан, ки он ҷо мўзадўзон қатор нишаста буданд, гузашта мерафтам.
-Тағо, пойафзолатонро дўхта диҳам?
Баргашта нигаристам. Дар тарафи паҳлў навраси 13-14-сола ба поям нигариста меистод.
-Ночории пойпӯши маро чӣ тавр эҳсос намудӣ?-Ҳайрон шуда гуфтам. Писарак сурх шуд.
-Пойчаи шиматон боло шудааст, аз ҳамин…
-Хуб, майлашу, аз ўҳдааш баромада метавониста бошӣ?
Ў нишастгоҳи чўбини дар пасаш бударо ба паҳлўяш кашид.
-Нишастан гиред, тағо.
Ҳалқаи ботинкаам канда шуда буд. Писарак зери поям коғази ғафс гузошта, худаш машғули кор шуд.
-Падару модарат ҳастанд?-беихтиёр пурсидам.
-Ҳастанд,-гуфт ҳамсўҳбатам бо рўҳафтодагӣ. Ҳолати ў кунҷкобиамро афзуд.
-Чӣ, бо онҳо қаҳрӣ ҳастӣ?
Ў аз пойафзол сар набардошта:
-Не-е, дар ҳеҷ ҷаҳон бо падару модар наметавон қаҳрӣ шуд,-гуфт.
-Гуфтам-мондам-да…
Ман ўро мушоҳида намуданро давом бахшидам. Ҳаракати ҳунарманди наврас чаққон, дасташ сабук буд. Ў дар як лаҳза тасмаро нав намуд. Пасон кушода шуда мондани тагчармашро дида, бо назари савол нигарист.
-Аз наваш бимонам?
-Чораи дигар нест-ку,-гуфтам хандида.
Ў аз сандуқчаи оҳаниаш тагчарм гирифта, бо мехи майда ба ботинкаам кўфтан оғоз намуд.
-Ба саволи навакак додаатон ҷавоб нагуфтам, наранҷидед, тағо-гуфт болғаи хурдакакашро сабук зада.
-Чаро акнун меранҷидаам, зарур донӣ ҷавоб медодӣ-да.
Ў чанд лаҳза хомўш монда, бо қираи чашм нигарист.
-Модарам қаҳр карда рафт. Падарам бо дигараш оиладор шуд.
-Яъне, худат бо модарат…
-Не, ман бо падарам мондам.
-Аҷоиб-ку. Дар ин ҳолатҳо писарон модарашонро танҳо намегузоштанд…
-Охир худи модарам падарамро танҳо партофта рафт-ку. Авлоди модарам сарватманданд. Зиндагии аммаам вайрон шуда, ба хонаи мо омада монда буд. Модарам онҳоро вазнин гирифт. Падарам аз баҳри апааш гузашта натавонист. Ба бечора д1ушвор…
-Ба модарат-чӣ, ба модарат раҳмат намеояд?
-Чаро раҳмам намеомадааст. Аммо айб дар худаш, каме сабр намояд, ба аммаам хонаи нав месохтем. Аммо қаноат накард-да.
-Модарат танҳо мондааст-да?
-Не, акаам, апаам ҳастанд. Модарам машғули тиҷорат, ёфту тофташ хуб аст.
-Чаро бо модарат нарафтӣ?
Ҳамсўҳбатам сукут намуд. Яке аз мехҳои мисли садаф чида кўфташуда каҷ шуда буд. Бо анбур канда, дигарашро кўфт.
-Мана, тағо, боз камаш ба се сол мерасад. Акнун ботинкаи пои чапатонро ҳам бинам.
Ў ба инаш ҳам тагчарми нав часпонд. Шояд қулфи дилаш кушода шуд, ки ба ҳар ҳол ба сухан оғоз намуд.
-Бе ман падарам азоб мекашид…
-Аздусар оиладор шудааст-ку.
-Ҳамин тавр. Аммо маро дигаргуна мебинад.
-Худат-чӣ?
-Саволи аҷоиб додед-ку. Фарзанде, ки падарро дўст намедорад, фарзанд аст?
-Меҳри модар-чӣ? Шояд дар он тараф модарат фикри худатро намуда зиқ шуда истода бошад?
-Он кас ҳаминро интихоб намуданд. Ба нияташон расиданд.
-Ин гапҳоят ноҷоянд. Ҳеҷ кас танҳоиро дўст намедорад.
-Надонистам. Одами танҳоиро нахоста бояд ба бисёрӣ сабр намояд?! Шумо модарашро эҳтиром намекардааст, гуфта фикр нанамоед. Баръакс, хеле пазмон мешавам, зуд-зуд хабаргирӣ меравам. Мераваму фақат аз савдо, аз пул, аз тиҷорат сухан гуфта, нороҳат менамояд.
-Падарат-чӣ?
-Падарам хушфеъланд. Худашон напўшанд ҳам, маро, кўдакони аммаамро мехўронанду мепўшонанд. «Чӣ қадар ёфтӣ, имрўз даромад чаро кам аст?», гуфтанашонро нашунидаам. Падарам одами хеле хубанд.
Аз ба торҳои нозуки қалби наврас расиданам қулфи дили ў кушода шуда буд. Ман ғарқи хаёлҳо будам. Наврас ҳолатамро эҳсос намуд.
-Тағо, худатон дар куҷо кор мекунед?
-Ман рассомам, сурат мекашам.
Ў ба ман нигарист. Аз чашмонаш оташ парид.
-Ба ростӣ? Ин тавр бошад, шумо ҳам хеле пул меёфтаед-да.
-Не-е, маза надорад. Ба зиндагӣ базўр расида истодааст.
Болғачаи беист кор кардаистода дафъатан бозистод. Писарак шармида ба ман нигарист.
-Як гап гўям, тағо?
-Гуфтангир, писарам, охир сўҳбат намуда нишастаем-да.
-Наранҷеду ба гуфтаи падарам касе касбашро эҳтиром нанамояд, аз он нолад, ҳаёташ хуб намешудааст. Баръакс, ҳаёти одами ҳунарро хор накарда, ба кор бо меҳр оғознамуда торафт хуб мешудааст. Шумо ҳам аз касбатон нанолед, тағо…
Фикри пурмазмуни ба калонсолҳо хоси наврас барои маро рўҳбаланд намудан, таскин бахшидан гуфта шуда бошад ҳам, ба пиндор гўё ба ҷои ботинка маро ба ҷои нишастаам мехкўб намудагӣ барин шуд…
Абдумутал АБДУЛЛОЕВ
Аз ўзбекӣ тарҷумаи Муҳаммадраҷаб БЕРДИЁРОВ