Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Путин тирпаронӣ дар Пермро фалокат барои тамоми Русия номид

Путин тирпаронӣ дар Пермро фалокат барои тамоми Русия номид

21-09-2021, 14:43
Хабарро хонданд: 110 нафар
Назарҳо: 0
Путин тирпаронӣ дар Пермро фалокат барои тамоми Русия номид


ДУШАНБЕ, 21.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Русия Владимир Путин ба хонаводаҳои қурбониёни тирпаронӣ ҳамдардӣ изҳор намуд. Тимур Бекмансурови 18 -сола дар донишгоҳ оташ кушод, ки дар натиҷа шаш нафар кушта ва беш аз 20 нафар захмӣ шуданд. Ӯ худаш низ захмӣ шудааст, хабар медиҳад РБК.

Президент изҳор дошт, ки тирпаронӣ дар Перм фалокати бузург барои тамоми кишвар аст. Ӯ инро дар вохӯрӣ бо роҳбари Комиссияи марказии интихобот Элла Памфилова пас аз натиҷаҳои интихобот гуфт. Пахши телевизионӣ аз ҷониби РБК сурат гирифт.

Сарвари давлат дар оғози мулоқот ба оилаҳои қурбониён изҳори ҳамдардӣ намуд.

«Ман ба хубӣ дарк мекунам, ки ягон сухани ҳамдардӣ талхии талафот ва дарди онро аз байн бурда наметавонад, хусусан вақте ки сухан дар бораи ҷавононе меравад, ки зиндагии худро нав оғоз мекунанд. Ин фалокати азим аст, на танҳо барои оилаҳое, ки фарзандони худро аз даст додаанд, балки барои тамоми кишвар», — гуфт Владимир Путин.

Вай бовар кунонд, ки ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ барои таҳқиқи парванда ҳама кори заруриро анҷом хоҳанд дод. Президент инчунин ваъда дод, ки мақомот ба қурбониён ва наздикони онҳо кумак мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки субҳи 20 сентябр Тимур Бекмансурови 18-сола дар Донишгоҳи давлатии миллии тадқиқотии Перм оташ кушод. Ба маълумоти Кумитаи тафтишот, дар ин ҳамла шаш нафар кушта ва 28 нафар захмӣ шуданд. Худи тирандоз низ захмӣ шудааст.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: