Барқияи тасаллият ба Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин2-03-2016, 08:30
Хабарро хонданд: 438 нафар
Назарҳо: 0
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:
«Муҳтарам Владимир Владимирович, Хабар дар бораи фоҷиаи кони ангишти «Северная»-и Воркутаи Ҷумҳурии Комии Федератсияи Русияро, ки дар натиҷа даҳҳо нафар ҳалок ва ҷароҳат бардоштанд, бо андӯҳи амиқ дарёфтам. Муҳтарам Владимир Владимирович, хоҳишмандам тасаллияти амиқ ва ҳамдардии моро ба наздикону пайвандони ангиштканон ва наҷотдиҳандагони ҳалокшуда, инчунин таманниёти зуд шифо ёфтанро ба осебдидагон расонед». |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.