Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Дар таркиши Керч даҳҳо нафар кушта ва захмӣ шуданд

Дар таркиши Керч даҳҳо нафар кушта ва захмӣ шуданд

18-10-2018, 10:27
Хабарро хонданд: 154 нафар
Назарҳо: 0
Дар таркиши Керч даҳҳо нафар кушта ва захмӣ шуданд
Мақомоти Русия гуфтанд, ки дар натиҷаи таркиши маводи мунфаҷира дар як Коллеҷи шаҳри Керч 19 нафар кушта ва даҳҳо тани дигар маҷрӯҳ шуданд.

Таркиш рӯзи 17-уми октябр дар Омӯзишгоҳи политехникии ин шаҳри воқеъ дар Қрим рух дод. Хабаргузориҳои давлатӣ бо такя ба Кумитаи миллии зиддитеррористӣ гуфтанд, ки таркиш дар натиҷаи инфиҷори маводи тарканда рух дод.

Дар хабарҳои аввал сабаби рӯй додани ҳодисаро таркиши балони газ гуфтанд, вале сухангӯи ширкати газ дафъатан чунин иддаоро рад кард. Ӯ гуфт, ки ҳеҷ созишномае дар бораи таъмини гази табиӣ ба коллеҷ вуҷуд надорад.

Сергей Аксенов, роҳбари Қрими ғасбшуда хабар дод, донишҷӯе ки ин ҳамларо ташкил кард, аз қабл омодагӣ дидааст. Вай моҳи октябр иҷозаи доштани силоҳи шикориро пайдо кардааст. Силоҳе ки вай ҳамроҳ дошт, қонунӣ буд.

Хабаргузориҳо менависанд, бино бар фарзияҳои пешакӣ, сабаби ин ҳамла низоъи донишҷӯ бо омӯзгорон аст.

Ин ҳамларо донишҷӯи коллеҷи мазкур Владислав Росляков ташкил кард. Вай баъди ҳамла худкушӣ кард. Кумитаи тафтишотии Русия бо моддаи куштори 2 ва ё зиёда одамон парванда боз кардааст. Пештар аз ин ҳамин кумита бо моддаи теракт парванда боз карда буд, аммо каме баъдтар онро тағйир дод. Дар Қрими ғасбшуда мотами серӯза эълон шудааст.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: