Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Мулоқоти судманд

Мулоқоти судманд

26-02-2016, 11:30
Хабарро хонданд: 375 нафар
Назарҳо: 0
Мулоқоти судмандБо мақсади тарғибу ташвиқи қабулгардии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат», Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳамияти тағийру иловаҳои пешбинигашта ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ғончӣ мулоқоту вохуриҳои гуруҳи корӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исмоилзода Зуфар Муртазохон оғоз гардид. Ба гуруҳи корӣ инчунин муовини якуми Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҳматзода Р. М., устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров Шарипов Ш. ва сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд Мирдадоев З.М. шомил буда, мулоқоти навбатии худро гуруҳи корӣ бо сокинони деҳаҳои Метк, Басманда, Қалъаи Мирзобой, Чуянчӣ, Қалъаи Дӯст, Овчӣ ва Угуки Ҷамоати деҳоти Ваҳдат ва деҳаҳои Далёни Боло, Далён, Обиборик, Қалъачаи Арбоб, Файзободи Ҷамоати деҳоти Д.Боло баргузор намуданд.

Мулоқотро Раиси ноҳияи Ғончӣ Ҷӯразода Рустам Боймурод ифтитоҳ намуда, меҳмононро муаррифӣ кард ва ҳадафи баргузории чорабиниро баён намуд. Хайати корӣ мавзӯъҳоро оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат», доири нуқтаҳои муҳими Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳарф зада, бобати барномаҳои таҳиягашта, ки аз ин Паём бармеоянд, баррасӣ намуданд.

Муовини якуми Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҳматзода Р.Р. вохӯриро ҳусни оғоз бахшида, дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат», нуқтаҳои асосии Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зарурияти ба миён омадани ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ, ки 22 майи соли 2016 баргузор мегардад, дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳадафҳои асосии сиёсати хирадмандонаи Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, вазъи кунунии сиёсии арсаи ҷаҳонӣ, пешгирии экстремизму терроризм, тарбияи насли наврас дар руҳияи ватанпарастию ватандӯстӣ ва инчунин баҳри сазовор таҷлил намудани ҷашнвораҳои миллии дар пешистода ва алахусус таҷлили 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2016 истода гузашт.

Вакил аз ҳавзаи интихоботии «Ғончӣ» №24 дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исмоилзода З.М. баромад намуда, дар бораи нишондодҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20.01.2016 ва оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» маълумот дод.

Устоди ДДХ ба номи Академик Б.Ғафуров Шарипов Ш. баромад карда, дар бораи зарурияти ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша намуд. Ҳамчунин баромадкунандагон аз аҳли толор хоҳиш намуданд, ки тағйиру иловаҳои ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшавандаро бо таъкиди он, ки тағйиру иловаҳо ба таҳкими равандҳои демократикунонӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, низоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идора, дар маҷмӯъ ба рушди ҷомеа нигаронида шудаанд, ҷонибдорӣ намоянд ва дар рӯзи раъйпурсии умумихалқӣ фаъолона ширкат варзанд.

Инчунин, ба саволҳои аз ҷониби иштирокдорон додашуда, намояндагони гуруҳи корӣ ҷавобҳои мушаххас доданд ва вохурӣ бо сипосгузории раиси ноҳия Ҷӯразода Р.Б. ба ҳайати гуруҳи корӣ анҷом пазируфт.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: