Ситоди ҲХДТ дар вилояти Суғд таъсис дода шуд19-02-2016, 13:00
Хабарро хонданд: 391 нафар
Назарҳо: 0
«Такмили пайвастаи меъёрҳои Конститутсия рушди устувору босуботи сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоии ҷомеаро таъмин менамояд». Ин матлаб зимни ҷаласаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд, ки дар он ситоди вилоятии ҲХДТ оид ба баргузории Райъпурсии умумихалқӣ ҷиҳати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт, баён гардид,
Сарфароз Юнусов, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд зикр кард, ки ташаббус ва пешниҳоди аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар дар иртибот ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тақозои рушди ҷомеа аст. Таъкид шуд, ки тағйиру иловаҳо ба таҳкими равандҳои демократикунонӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, низоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идора, дар маҷмӯъ ба рушди ҷомеа нигаронида шудаанд. Дар ҷаласа тамоми ҷузъиёти тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тавзеҳ дода шуда, ба аъзои ситоди вилоятӣ ва гуруҳҳои таблиғотӣ дастурамал оид ба тағйиру иловаҳо тақсим карда шуд. Раиси Кумиҷроияи вилоятӣ аз аъзои ситод ва гуруҳҳои таблиғотӣ даъват ба амал овард, ки бо дарки масъулияти баланди шаҳрвандӣ корҳои фаҳмондадиҳиро дар шаҳраку деҳот ва шаҳру ноҳияҳои вилоят тарзе ба роҳ монанд, ки 22 майи соли равон дар раъйпурсии умумихалқӣ мардум бо баён доштани мавқеи созандаи шаҳрвандӣ ҷонибдориашонро аз ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ифода созанд. Дар ҷаласа нақшаи фаъолияти Ситоди вилоятӣ, сохтор ва аъзои гуруҳҳои таблиғотӣ аз ҳисоби ҷавонон, занон, зиёиён ва собиқадорон тасдиқ гардида, фаъолият дар ин самт оғоз гардид. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.