"Бояд ба толибон вақт дода шавад"- изҳор доштааст нахуствазири Покистон Имрон Хон17-09-2021, 08:58
Хабарро хонданд: 108 нафар
Назарҳо: 0
Имрон Хон, нахуствазири Покистон дар гуфтугӯ бо шабакаи телевизионии CNN дар бораи “Толибон”* изҳор доштааст, ки: "Толибон акнун тамоми Афғонистонро дар ихтиёр доранд ва агар тавонанд ба самти давлати фарогир ҳаракат кунанд ва тамоми дастаҳои мухталифро гирдоваранд, Афғонистон метавонад баъд аз 40 сол ба сулҳ бирасад, аммо агар хуб пеш наравад авзоъ ба ошуб кашида мешавад". Нахуствазири Покистон иддао дорад, ки “Толибон”* барои ҷилавгирӣ аз бӯҳрон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ кумак мехоҳанд. "Ҳеҷ давлат дастнишондае дар Афғонистон мавриди ҳимояти мардум нест. Бинобарин ба ҷои он ки ин ҷо бинишинем ва фикр кунем, метавонем онҳоро назорат кунем, бояд онҳоро ташвиқ кунем. Зеро Афғонистон, ин давлати кунунӣ ба вузуҳи асосӣ мекунад, ки бидуни кумак байналмилалӣ, наметавонанд ин буҳронро дар масири дуруст ҳидоят кунанд.", - гуфтааст ҷанобии Имрон Хон. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.