Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » NYT: Афғонҳо дар вилояти Панҷшер аз Толибон ҳукумати фарогир талаб доранд

NYT: Афғонҳо дар вилояти Панҷшер аз Толибон ҳукумати фарогир талаб доранд

20-08-2021, 08:48
Хабарро хонданд: 144 нафар
Назарҳо: 0
NYT: Афғонҳо дар вилояти Панҷшер аз Толибон ҳукумати фарогир талаб доранд

/АМИТ «Ховар»/. Афғонҳо дар вилояти Панҷшер ҳаракати радикалии Толибонро (дар Тоҷикистон, Русия ва дигар давлатҳо мамнӯъ) мақоми қонунӣ эътироф намекунанд ва розианд, ки танҳо ба ҳукумати фарогир тобеъ шаванд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС хабар медиҳад, дар ин бора The New York Times рӯзи чоршанбеи 18 август бо истинод ба Сафири Афғонистон дар Тоҷикистон Муҳаммад Зоҳир Ағбар хабар дод. (ДАР АКС).

Ба гуфтаи ӯ, ноиби президенти ҷумҳурӣ Амруллоҳ Солеҳ ва Аҳмад Масъуд — писари собиқ вазири мудофиаи кишвар ва фармондеҳи саҳроии афғонҳо, бо тахаллуси шери Панҷшер тайёранд бо Толибон мубориза баранд, агар Ҳукумат дар Афғонистон бо назардошти намояндагони ҳамаи ақаллияти қавмӣ ва занон ташкил карда нашавад.

«Агар намояндагони “Толибон” дар Давҳа ва Покистон омода бошанд, ки он чизеро, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ талаб мекунад ва ниёзҳои мардуми Афғонистонро қонеъ мекунад, қабул кунанд, пас мо сулҳу амният хоҳем дошт» -гуфт Ағбар.

Тавре ки рӯзнома қайд мекунад, дар бораи шумораи ҷонибдорони муқовимат дар ин вилоят маълумот нест, ҷангиёни “Толибон” то ҳол талош накардаанд, ки ба дараи душворгузари Панҷшер, ки дорои ҳудуди муҳофизатии табиӣ аст, ҳамла кунанд.

АКС: © Sputnik / Амир Исоев
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: