
Имрон Хон, нахуствазири Покистон қарори Ҳиндро, ки мулоқоти вазирони умури хориҷии ду кишварро лағв кард, “мутакаббирона” номида, танқид кард.
Ҳинд аз мулоқоти нодир, ки бояд дар ҳошияи иҷлоси Маҷмаи умумиии Созмони Милал дар Ню Йорк сурат мегирифт, рӯзи 21-уми сентябр даст кашид. Имрон Хон, рӯзи 22-уми сентябр дар Твиттер навишт, ки “Аз посухи мутаккабирона ва манфии Ҳинд ба даъвати ман барои аз саргирифтани муколамаи сулҳ мутаасифам”.
Қарор буд, Сушма Свараҷ, вазири умури хориҷии Ҳинд ва Шоҳмаҳмуд Қурайшӣ ҳамтои покистониаш мулоқот кунанд, аммо вазорати умури хориҷии Ҳинд рӯзи 21-уми сентябр гуфт, “Ба далели қатли маъмури амниятии мо аз тарафи афроди мустақар дар Покистон” мулоқот сурат намегирад. Мақомоти Ҳинду Покистон, ки барои вилояти Кашмир бо ҳам чанд бор ҷангидаанд, аҳёнан муколама ва гуфтугӯ мекунанд.