Обама аз Кобул хост, гуфтушунидро бо толибон идома диҳад7-03-2016, 11:30
Хабарро хонданд: 375 нафар
Назарҳо: 0
Президенти ИМА Барак Обама дар конфаронси видеоӣ бо раиси ҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ аз ӯ хост, талошҳои сулҳ бо ҷунбиши «Толибон»-ро идома диҳад.
Кохи сафед мегӯяд, Обама таъкид кардааст, ки ИМА аз гуфтушуниди сулҳ ҳимоят мекунад, зеро он ба коҳиши хушунат мусоидат карда, ба суботи Афғонистон ва тамоми минтақа кумак мерасонад. Дар хабар омадааст, Обама ҳамчунин нақши Ашраф Ғанӣ “дар тақвияти ҳамгироӣ бо ҳамсояҳои Афғонистон барои бештар шудани ҳамкориҳои минтақавӣ ва пешбурди раванди оштӣ бо “Толибон”-ро" зикр кардааст. Раёсати ҷумҳурии Афғонистон хабар медиҳад, дар ҷараёни сӯҳбати видеоӣ, ки дар он ҳамчунин ноиби президенти ИМА Ҷо Байден ва нахуствазири Афғонистон Абдулло Абдулло низ ширкат кардаанд, президенти Амрико нерӯҳои амниятии Афғонистонро “барои шуҷоат дар иҷрои вазифаҳо” дар мубориза бо “терроризм” ситоиш кардааст. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.