Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » 23 нафар кормандони Хадамоти муҳоҷират аъзои ҲХДТ шуданд.

23 нафар кормандони Хадамоти муҳоҷират аъзои ҲХДТ шуданд.

26-02-2016, 10:50
Хабарро хонданд: 367 нафар
Назарҳо: 0
23 нафар кормандони Хадамоти муҳоҷират аъзои ҲХДТ шуданд.Чанд рӯз пештар дар толори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 23 нафар кормандони дастгоҳи марказии хадамоти мазкур шаҳодатномаҳои аъзогии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон супорида шуд.

Дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ сардори Хадамоти муҳоҷират, раиси ташкилоти ибтидоии «Муҳоҷир» Тоҳир Каримзода, муовини якуми сардори хадамот Муқим Ниёзов ва кормандони ин дастгоҳ иштирок намуданд.

Зимни баромади худ, раиси ташкилоти ибтидоии «Муҳоҷир» Тоҳир Каримзода қайд намуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тибқи барномаи амалии худ манфиатҳо ва арзишҳои волои миллиамон, ба монанди истиқлолияти давлатӣ, суботи иҷтимоӣ ва ваҳдати милливу ҳамбастагии тамоми сокинони кишварро муқаддас дониста ва ба хотири ҳифз кардану тақвият бахшидани онҳо саъйю талош менамоянд.

Агар ба таърихи ҳизб дақиқтар назар андозем, он дар замони соҳибистиқлолии кишвари азизамон таъсис ёфта, ба саҳнаи сиёсии мамлакат ворид гардидааст. Дар ин бора, Асосгузори ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ барҳақ таъкид доштанд, ки «Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зодаи истиқлоли кишвар буда, он ҳимояи манфиатҳои халқро ҳадафи асосии худ қарор дода, барои саодати халқ ва ободии Ватан саъйю талош меварзад».

Хушбахтона, дар бобати амалӣ намудани мақсаду мароми пешгирифтаи роҳбарияти ҳизб тадбирҳои саривақтӣ андешида шуда, иҷрои дастуру супоришҳои Раиси ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини зиндагии осоиштаи мардум, мустаҳкам намудани робита бо қишрҳои мухталифи аҳолӣ, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи меҳанпарастӣ, дӯст доштани Ватан ва амсоли чунин вазифаҳои аввалиндараҷа ва имкони мусоиди пешрафти фаъолияти минбаъдаро фароҳам месозад.

Бояд гуфт, ки ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон «Муҳоҷир» 38 нафар аъзо дорад. Раисии ташкилоти ибтидоии ҳизбиро айни замон сардори хадамот Тоҳир Каримзода ба ӯҳда дорад. Роҳбарияти ташкилоти мазкур тасмим гирифтаанд, ки шумораи аъзои ҳизбро аз ҳисоби кормандони фаъоли Хадамоти муҳоҷират зиёд менамоянд.

Дар фарҷом раиси ташкилоти ибтидоии «Муҳоҷир» Тоҳир Каримзода аъзои нави Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро табрик гуфта, барояшон бурдбориҳои зиндагиро таманно намуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: