Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Матни табрикоти Шӯрои Марказии ТҶҶ «Созандагони Ватан»

Матни табрикоти Шӯрои Марказии ТҶҶ «Созандагони Ватан»

10-12-2015, 10:17
Хабарро хонданд: 768 нафар
Назарҳо: 0
Матни табрикоти Шӯрои Марказии ТҶҶ «Созандагони Ватан»21 сол қабл, санаи 10 декабри соли 1994 дар низоми сиёсии Тоҷикистони соҳибистиқлол падидаи наву фараҳбахш ба вуҷуд омад. Дар ин рӯз, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки аз умқи мардум реша гирифта, ҳимояи манфиатҳои халқро ҳадафи аслии хеш медонад ва барои ободии Ватану саодати сокинони кишвар талош меварзад, таъсис ёфт.
Аз рӯзҳои авали таъсисёбӣ ҲХДТ он нерӯи сиёсии кишвари ҳамакнун соҳибистиқлолгашта буд, ки дар заминаи ғояҳои созандаву ваҳдатофарини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба майдон омада буд. Аз ҳамон марҳилаҳои душвори таърихӣ сар карда, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Барномаи хеш эълон намуда буд, ки ҳадафи вай бунёди ҷомеаи демократии ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ мебошад.
Вақт воқеан нишон дод, ки ин ҳизб ба арзишҳои соҳибихтиёрӣ, демократия, баробарҳуқуқӣ ва ошкорбаёнӣ содиқ буда, барои тараққиёти ҳамаҷонибаи Тоҷикистон тамоми имкониятҳои зеҳниро дар худ дорад ва барои ин тадбирҳои имконпазирро амалӣ мегардонад.
Имрӯз низ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зери роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллати тоҷик, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зери шиори «Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!» фаъолият намуда, барои ноил шудан ба ҳадафҳои муайяншуда, ки аз сиёсати бобарор ва хирадмандонаи Раиси муаззами он бармеоянд, ҷидду ҷаҳд намуда истодааст.
Аз ин рӯ,мо ҷавонон низ ормонҳои худро дар Барнома ва Оинномаи ин ҳизби ваҳдатофар мебинем ва ба ғояҳои созандаи он содиқ мебошем.
Аз фурсати муносиб истифода намуда, аз номи ТҶҶ «Созандагони Ватан» аъзоён ва ҷонибдорони ҲХДТ, инчунин сокинони шарафманди кишварро бо ин санаи фархунда таҳният мегуем.
Рузи таъсисёбии Ҳизби халқ муборак бошад ҳам диёрони азиз!!!
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: