Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Барои созандагӣ ва рушди босуботи Тоҷикистон

Барои созандагӣ ва рушди босуботи Тоҷикистон

22-01-2016, 13:30
Хабарро хонданд: 335 нафар
Назарҳо: 0
Барои созандагӣ ва рушди босуботи Тоҷикистон
Дар ташкилоти ибтидоии «Гулшан»-и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино Соати сиёсӣ таҳти унвони «Барои созандагӣ ва рушди босуботи Тоҷикистон» бо иштироки аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ва кормандони Кӯдакистони №68 ноҳия гузаронида шуд. Мақсад аз баргузории Соати сиёсии мазкур аз расонидани мақсаду мароми Паёми Пешвои миллат, Презиленти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аъзоёни ташкилоти ибтидоии мазкур буд. Чорабиниро Бунафшаи Абдуллозода, раиси ташилоти ибтидои ҳизбии «Гулшан» ифтитоҳ намуда, шомили ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ гардидани 12 нафар кормандони кӯдакистонро боиси ифтихор ва пешрафт дар ташкилот арзёбӣ намуд.

Мавсуф оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар заминаи амалӣ намудани сиёсати пешгирифтаи Раиси ҲХДТ, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори назар намуда, аъзоёни навро барои муайян намудани мавқеи худ дар ҷамъият шодбош гуфта, ба онҳо шаҳодатномаҳои ҳизбиро тақдим намуданд.
©М. Сабурӣ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: