Шанбе, 19 апрел 2025
Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ҷамъбасти муваффақонаи сол

Ҷамъбасти муваффақонаи сол

5-01-2016, 12:00
Хабарро хонданд: 441 нафар
Назарҳо: 0
Гузориши мухтасар аз ҷаласаи ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдат

Дар ниҳояти соли гузашта бо иштироки аъзои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат, аъзоёни раёсати шаҳрии ҳизб, вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва тарғиботчиёну фаъолон маҷлиси васеи кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат баргузор гардид. Бо пешниҳоди иштирокдорони ҷаласа ба рӯзномаи маҷлис масъалаҳои ҷамъбасти фаъолияти ташкилотҳои ҳизбии шаҳр дар соли 2015 ва вазифаҳои навбатии аъзоёни ҳизб, ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар соли 2016, тасдиқи нақша-чорабинии кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб. тасдиқ намудани қарори маҷлисҳои муассисони корхонаву муассисаҳое, ки барои таъсис додани ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ пешниҳод шуда буданд, ворид гардиданд.


Аз рӯи масъалаи асосӣ, ки ба ҷамъбасти фаъолияти ташкилоти ҳизбии шаҳр, иҷрои қарорҳои мақомоти болоии ҳизб, дастуру нишондодҳои раҳбарияти олии ҳизб, дастоварду муваффақиятҳо, роҳҳои ислоҳи камбудиҳо ва вазифаҳои навбатӣ дар соли нави 2016 нигаронда шуда буданд, раиси кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат Раҷабмурод Ҷалилов суханронӣ намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ҳизби ғолиби маъракаи интихоботи парлумон, роҳнамо ва пешоҳанги ҷомеа дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёт мавқеъ ва нуфузи шоиста пайдо намуда, дар татбиқи Барномаи пешазинтихоботӣ саъю талоши густурда зоҳир намуда истодааст. Аъзоёни ҳизб кӯшиш менамоянд, ки ҳадафҳои барномавии ҳизб тавассути вакилони интихобшуда дар пешравӣ ва беҳбуди ҳаёти ҷомеаи навин мусоидати рӯзафзун намоянд.

Раиси муаззами ҳизб, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси васеи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҳизб таъкид намуданд, ки баҳри татбиқи ҳадафҳои созанда, ки аз қарорҳои Анҷумани 12-уми ҳизб бармеоянд, ташкилотҳои ҳамаи зинаҳои ҳизбӣ чораҳои муассир андешида истодаанд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки мавқеъ ва нуфузи ҳизб рӯз аз рӯз дар ҷомеа мустаҳкам шуда, дар ташкили зиндагии босуботи мардум ва насли ҷавону ояндасози кишвар саҳми муносиб мегузоранд.

Дар соли сипаришуда Раиси муаззами ҳизб, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 2 маротиба ба шаҳри Ваҳдат ташриф овард, ки боиси ифтихору сарбаландии ҳизбиён ва кулли сокинон гардид. Руҳбаландии меҳнатии сокинони шаҳр боиси он гардид, ки қариб дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ комёбиҳои қобили мулоҳиза ба даст оварда шавад. Дар маҷмуъ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамарӯза ба дастовардҳои нав ба нав ноил гашта, бо шарофати ваҳдати миллӣ Истиқлолияти Ватани азизамон боз ҳам мустаҳкаму қавӣ гашта истодааст.

Рӯйдоди муҳими таърихӣ, ки соли 2015 ба амал омад, ин баргузор шудани Интихоботи Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ буд, ки дастгоҳи кумитаи иҷроия, ташкилотҳои ҳизбии шаҳр ва тамоми аъзоён барои дар сатҳи талаботҳои қонун доир намудани ин маъракаи муҳими сиёсӣ чораҳои судманд андешиданд. Дар бораи фаъолияти гурӯҳҳои таблиғотӣ, ташкили корҳои оммафаҳмонӣ, чопи буклету варақаҳои интихоботӣ ва ҷалби интихобкунандагон ба маърака дар маҷлиси ҳисоботии нимсола маълумот ва дастурҳо ироа шуда буд.

Дар натиҷа номзади мо дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва аз 40 нафар 38 нафар намояндагони ҳизб дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳр дар интихобот ба пирӯзӣ расиданд ва онҳо имрӯз ҷиҳати татбиқи барномаҳои ҳизб, ки барои беҳдошти зиндагии мардум нигаронда шудаанд, талош меварзанд. Бо анҷоми муваффақонаи интихоботи Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллӣ дар ҳаёти шаҳру мамлакатамон давраи нав фаро расид. Ин маъракаи муҳими давлатӣ ва сиёсӣ, ки дар шароити орому осуда ва ваҳдату ягонагӣ баргузор шуд, бунёдкорию созандагиро боз ҳам вусъат бахшид. Ҳар як вакил бояд дарк намояд, ки бо фаъолияти пурмаҳсулу наҷибонаи худ намунаи ибрат бошаду дар айни замон ба дарду ташвиши интихобкунанда расидагӣ карда тавонад. Дар чорабиниҳои сиёсӣ ва таърихию фарҳангӣ фаъолияти арзанда нишон диҳад.

Мо имрӯз дар марҳилае фаъолият дорем, ки ҷаҳонро бӯҳрони амиқи иқтисодӣ ва сиёсию иҷтимоӣ фаро гирифтааст. Дар тамоми кишварҳои олам воқеаҳое ба амал омада истодаанд, ки ба раванди тараққию инкишофи ҷомеаи мо низ бетаъсир намемонад. Аз ин ҷиҳат моро лозим аст, ки ин тағйироту дигаргуниҳоро пурра омӯхта, баҳои воқеӣ дода ба мардум фаҳмонем. Ҳизби мо дар ҷомеа нуфузи хосса дорад ва мо ҳизбиён барои солимгардонии афкори мардум ва ба сатҳи муайян сафарбар кардани онҳо неру ва қудрати лозимиро дар ихтиёр дорем. Танҳо ин неруи созандаро бояд барои соимгардонии ҷомеа ва рушди он самаранок истифода барем.

Дар давоми соли 2015 аз ҳисоби ҷавонон, занону дигар эътиқодмандон 1341 нафар шомили ҳизб шуда, 10 ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ таъсис дода шуд. Шумораи аъзоён ба 5016 нафар ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ бошад, ба 85 адад расонда шуд. Дар ин давра бевосита бо ташаббуси роҳбарону кормандони муассисаҳои Тоҷиксуғурта, Маркази назорати давлатии санитарӣ ва эпидемиологӣ, муассисаи давлатии роҳҳои автомобилгард, Раёсати агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, шуъбаи ҳифзи муҳити зист, кумитаи заминсозии шаҳр, Маркази миллии бемориҳои сил, шуш ва ҷарроҳии қафаси синаи шаҳраки Шифо ва идораи сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ таъсис дода шуданд.

Дар шаҳр ҳоло ҳастанд муассисаву корхонаҳое, ки ташкилоти ҳизбӣ таъсис накардаанд, ҳамчунин ягон нафар аз узвияти колективашон аъзои ҳизб нестанд. Ба ин мақсад мо бояд корҳои таблиғотию ташвиқотиро дар ин самт таҳким бахшем. Яке аз масъалаҳои асосии кори ҳизб, тақвият бахшидани донишҳои сиёсӣ ва замонавӣ, маърифати ҳуқуқии мардум, таҳкими ҳуввияти миллӣ, дар ниҳоди ҳар як аъзои ҳизб, фаъолон ва тарғиботчиён мебошад. Бо ин мақсад тибқи дастури Раиси муаззами ҳизб ва нақшаи кории Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҳизб моҳи сентябр семинари якрӯза бо раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва моҳи ноябр бошад, семинари 2-рӯзаи омӯзишӣ бо вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр гузаронда шуд. Дар семинарҳои омӯзишӣ олимон ва омӯзгорон аз Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, мактабҳои олии касбӣ ва кормандони Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҳизб ҷалб карда шуданд.

Аёдат намудани ниёзмандон дар арафаи ҷашну идҳо ва кӯмак расондан ба ниёзмандону маъюбон ва собиқадорони меҳнату ҳизб тибқи дастури Раиси ҳизб ва супоришҳои Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказӣ дар кумитаи иҷроия ва ташкилотҳои ҳизбӣ ба ҳукми анъана даромада истодааст. Аз ҷумла дар давоми соли ҳисоботӣ ба 56 нафар эҳтиёҷмандон ва маъюбон, ятимони бепарастор дар арафаи ҷашнҳои Наврӯз, Рӯзи Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ, Рӯзи Ғалаба кӯмакҳои моддӣ расонда шуд. Дар арафаи соли таҳсили 2015-2016 дар доираи иқдоми «Мактаб даргоҳи маърифат» ба 13 нафар хонандагони ятим сару либоси мактабӣ ва маводҳои пурраи таълимӣ тӯҳфа карда шуд. Бахшида ба Рӯзи Парчам иқдоми «Сулҳ ба ҳама» ташкил карда шуда, озмуни рассомони беҳтарин дар мавзӯи «Сулҳ» дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии Маркази эҷодии кӯдакону наврасон ва мактаби рассомии шаҳр гузаронда шуд. Дар ҷамъбаст ба 15 нафар рассомони беҳтарини наврас тӯҳфаҳои молиявӣ харида тақдим карда шуд.

Дар кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб комиссияи кор бо занон ва ҷавонон фаъолият карда истодааст. Комиссияи мазкур дар асоси нақшаҳои корӣ фаъолият менамоянд. Мо медонем, ки аксари шумораи аҳолии кишварамон ҷавонони синну соли 18-30 сола мебошанд. Бинобар ин моро зарур аст, ки ба онҳо бештар диққат диҳем. Ҳар як аъзои ҳизб ва ҳар кадоми мо кӯшиш намоем, ки ҷавононро аз гаравидан ба ҳар гуна ақидаҳои ифротӣ ва тундгароӣ боздорем. Давлати ба ном исломӣ, ё ки ДИИШ чӣ гуна ҷавонони гумроҳро ба коми марг кашида истодааст. Ҳатто аз шаҳри Ваҳдат низ ҷавонони аз илму дониши дунявӣ ва исломӣ ноогоҳро фирефтаи ҳадафҳои ғаразкоронаи худ кардаанд. Оқибати ин кор ба ҳама маълум шуда истодааст, ки чӣ гуни онҳо қурбони ҷаҳолат мегарданд. Бинобар ин тамоми гурӯҳҳои тарғиботӣ аъзоёни ҳизб, вакилон, аъзоёни кумитаи иҷроия бо донишҳои комили сиёсӣ ва исломӣ мусаллаҳ шуда, дар миёни ҷавонон корҳои фаҳмондадиҳиро вусъат дода, ҷавононро аз гаравидан ба ҳар гуна ақидаҳои ифротӣ ва экстримистӣ боз медоранд.

Яке аз масъалаҳои муҳим дар соли ҳисоботӣ ин обунашавӣ ба рӯзномаи «Минбари халқ» буд. Вобаста ба нақшаи таҳияшуда, маъракаи обуна ба нашрияи ҳизбӣ новобаста ба душвориҳои зиёди иқтисодӣ таъмин карда шуд. Акнун вазифа аз он иборат амс, ки нашрияи ҳизбиро кормандони почта сари вақт ба обуначиён дасирас намоянд.

Аъзои ҳизб ва тамоми сокинони шаҳри Ваҳдат Қонуни ба наздикӣ қабул намудаи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат»-ро якдилона ва аз дилу ҷон пазируфтанд. Пӯшида нест, ки Сарвари кишвар, Раиси муаззами ҳизби мо, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун нури равшане дар торикию зулмот сокинони кишварро аз сарсонӣ, оворагӣ, бесарпаноҳиву муҳоҷират пуштибонӣ намуда, ба мардуми ҷангзада сулҳу суботро, ки ваъда карда буданд, армуғон оварданд. Имрӯз Тоҷикистон бо заҳматҳои пайвастаи Президенти кишвар, Пешвои фидоии ҳизб ва мардуми бунёдкораш рушду камол ёфта истодааст.

Соли 2016 моро чорабиниҳои бузурги сиёсию фарҳангӣ ба шумули 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва дигар чорабиниҳо интизор аст. Бинобар ин лозим аст, ки ҳар рӯзу ҳар соат бо иқдомҳои самимона, меҳнати зарбдорона фаъолият намуда, сокинони диёри азизамонро мутафиқона ва сарҷамъона ба амалҳои бунёдкорона сафарбар намоем.

Баромади раиси комиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдат Р. Ҷалилов мавриди вокунишҳои ҷолибе аз ҷониби ҳозирин гардид. Чанде аз фаъолони ҳизб зимни музокираҳо иброз доштанд, ки ин вазифаи ватандӯстонаи ҳар кадоми мо аъзои ҳизб ва ҷонибдоронамон мебошад, ки дар атрофи Роҳбарияти ҳизб боз ҳам зичтар муттаҳид гашта, баҳри ободии Ватан садоқатмандона заҳмат кашем.

Дар фарҷоми ҷаласа узви раёсати комиҷроия, раиси шаҳр Амирзода Раҳмоналӣ Амир ҳозиринро барои фарорасии Соли нави мелодӣ ва ҷамъбасти муваффақонаи сол самимона табрик намуда, ба теъдоде аз ҷавонони фаъол шаҳодатномаҳои ҳизбӣ тақдим намуд.
©Усмон Солеҳ, сухангӯи ҲХДТ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: