Маҷлиси ҳисоботӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Бостоншинос”25-01-2016, 05:00
Хабарро хонданд: 434 нафар
Назарҳо: 0
Дар Осорхонаи миллӣ маҷлиси ҷамъбастии соли 2015-и ҳизбии ташкилоти ибтидоии “Бостоншинос” баргузор гардид. Дар он Ҷумахон Буриев, мудири бахши омор ва баҳисобгирии аъзои ҳизбӣ ва Изатуллои Ҳабибзод, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, ҳамчунин Абдувалӣ Шарипов раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Бостоншинос” ва кормандони осорхона иштирок доштанд.
Дар оғоз, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Бостоншинос” Абдувалӣ Шарипов аз дастовардҳои ташкилоти ибтидоии мазкур дар соли 2015 ҳисобот дода, музокираи раванди фаъолияти ташкилоти ибтидоии мазкур бошад, нишон дод, ки фаъолияти ташкилоти ибтидоии мазкур дар чорчубаи санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ба роҳ монда шудааст. Ҷумахон Буриев, мудири бахши омор ва баҳисобгирии аъзои ҳизбии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҳозиринро аз саҳмгузории Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойдевории давлати миллӣ ошно намуда, ҳамагонро ба муайянсозии мавқеи сиёсии худ дар ҷомеа даъват кард. 55 нафар аъзои нави Ташкилоти ибтидоии “Бостоншинос”-и Кумитаи иҷроияи ХХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомониро барои мавқеи аниқи сиёсӣ пайдо намудан, шодбош гуфт. Дар охири маҷлисӣ ҷамъбасти соли 2015 ба 55 нафар кормандони Осорхонаи миллӣ, ки дар асоси аризаи шахсӣ ба сафи ҲХДТ қабул гардиданд, билетҳои ҳизбӣ супорида шуд. ©Ҷумахон Буриев, Мудири бахши омор ва баҳисобгирии аъзои ҳизби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.