Ҳомиёни Ватан26-02-2016, 10:00
Хабарро хонданд: 372 нафар
Назарҳо: 0
Дар хонаи фарҳанги ноҳияи Ғончӣ тибқи дастуру нишондодҳои Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ва кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд озмуни ҳарбӣ – ватандӯстӣ таҳти унвони «Ҳомиёни Ватан» дар ҳамкорӣ бо китобхонаи марказонидашудаи ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Бахши фарҳанг» ва бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ғончӣ баргузор гардид.
Иштирокчиёни озмуни мазкур 5 нафар сарбозони даъватҳои гуногун аз қисми низомии 2042 буда, онҳо аз рӯи 5 шарт: муаррифӣ, суруд ё рақси сарбоз, саволу ҷавоб, қироати ифоданоки шеър ва саҳнача байни ҳамдигар рақобат намуданд. Онҳо бо руҳияи болида ва ифтихор аз адо намудани қарзи фарзандӣ дар саҳнаи рақобат баромад намуда, қобилияту истеъдод ва дониши хубу ҷавонмардиро нишон доданд. Озмуни «Ҳомиёни Ватан» аз қабили маҳфил ва чорабиниҳоест, ки дар баланд бардоштани эҳсоси ватандориву меҳанпарварӣ мусоидат намуда, ҷавононро дар руҳияи масъулиятшиносӣ дар назди наслҳои гузаштаву имрӯза тарбия карда, дар замири ҳар як ҷавон тухми меҳру садоқат ба Ватанро мекорад. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.