
Тибқи нақшаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бахшида ба ҷашнгирии Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ғончӣ дар якҷоягӣ бо шӯъбаи маорифи ноҳия ва бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ озмуни «Хушдилон ва ҳозирҷавобон» баргузор гардид. Чунин озмун мақсад ва мароми густариши дӯстию рафоқат байни ҷавонон, бедор намудани завқу рағбати онҳо барои эҷодиёту навоварӣ, баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносиву ватандӯстӣ, дарёфти чеҳраҳо ва фаъолони нав ба навро доро буда, нерӯи ҷисмониву руҳии онҳоро барои созандагиву бунёдкорӣ баланд мебардорад.
Дар озмуни мазкур иштирокчиён аз муассисаҳои таълимии №1, 16, 51 ва 53 ширкат варзида, бо саҳнаю сурудҳо ва ҳазлу шӯхии худ аҳли толорро болидахотир намуданд. Доир ба мавзуҳои доғи рӯз бо нигоҳи танқидии ҳазломез назар карданд. Хусусан дастаҳои МТМУ №1 ва 51-и ноҳия чун ҳарвақта фаъолнокӣ зоҳир намуда, бо баҳои баланди доварон сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд ва бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз карда шуданд.