
Дар ҳошияи амали намудани супориши Дастгоҳи КИМ ҲХДТ ва нақшаи ТҶ «Созандагони Ватан» оид ба баргузории аксияҳо зери унвонии «Мо ҳомиёни ин Ватанем» Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ғончӣ дар ҳамкорӣ бо Шӯрои занони ҷамоати деҳоти Ғазантарак, Бунафша Қутбиддинова ва Раҳбар Ёдгорова ва шуъбаи маорифи ноҳия мулоқоти хонандагони МТМУ № 38-и деҳаи Қалъачаи Азими ноҳияи Ғончиро бо сарбозони қисми сарҳадбонии № 2042 ташкил намуд.
Аз тарафи хонандагони мактаби мазкур барномаи фарҳангӣ омода гардида, намоиш дода шуд. Сарбозон дар навбати худ аз рафти хизмати ҳарбӣ гуфта, машқҳои ҳарбиро ба хонандагон намоиш доданд.
Дар хотима, ба сарбозон аз тарафи шӯрои занони деҳаҳои Қалъачаи Азим ва Қалъачаи Раис тцҳфаи хотирмон тақдим гардид.
© Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ғончӣ