Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Озмуни «Созандагони Ватан» таҳти унвони "Сулҳ аз нигоҳи кӯдакон!"

Озмуни «Созандагони Ватан» таҳти унвони "Сулҳ аз нигоҳи кӯдакон!"

12-11-2015, 11:04
Хабарро хонданд: 355 нафар
Назарҳо: 0
Озмуни «Созандагони Ватан» таҳти унвони "Сулҳ аз нигоҳи  кӯдакон!"Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои КИМ ва КИВ ҲХДТ бобати дар сатҳи баланди ташкиливу сиёсӣ истиқбол гирифтани ҷашни Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ дар ҳамбастагӣ бо намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳия нақша чорабинӣ таҳия намудааст.
Санаи 10 ноябри соли равон бо мақсади бедор кардани ҳисси Ватандӯстӣ, зебоипарастӣ, ғурури миллӣ ва дарёфти соҳибистеъдодон кумитаи иҷроия бо намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан ” озмуни кушоди ноҳиявӣ таҳти унвони “Сулҳ аз нигоҳи кӯдакон” дар заминаи Гимназияи №1 минтақаи шаҳраки Ғафуров баргузор намуд. Дар озмуни мазкур зиёда 59 расми хонандагони мактабҳои ҳудуди ноҳия пешкаш карда шуд.
Сараввал Ҳоҷиев Ф. иштирокдоронро хайрамақдам намуда, дар бораи аксия “Сулҳ ба ҳама” маълумот дода, оиди гиромидошти Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханрони намуд.
Сипас, довталабон мазмуну мӯҳтавои расмҳои хешро муаррифи намуданд. Ҳайати ҳакамони босалоҳият аз ҳисоби кормандони кумитаи иҷроия ва шӯъбаи маориф шарт ва меъёри баҳогузориро ба назари эътибор гирифта ғолибонро муайян намуданд.
Озмунро раиси кумитаи иҷроия М.Мирпоччоева ҷамъбаст намуда ба довталабон-рассомони ҷавон барои иштироки фаъолонаашон арзи сипос намуда, ба ғолибон тӯҳфаҳои хотирави супорид.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: