Озмуни ТҶҶ "Созандагони Ватан" оид ба иншои беҳтарин дар мавзӯи “Парчамат парафшон бод, Тоҷикистон!”3-12-2015, 11:25
Хабарро хонданд: 626 нафар
Назарҳо: 0
Бо ибтикори бахши кор бо ҷавонони Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ ва Ташкилоти Ҷамъиятии Ҷавонон “Созандагони Ватан” бахшида ба истиқболи Рӯзи Парчами Миллӣ Озмуни “Иншои беҳтарин” дар мавзӯи “Парчамат парафшон бод, Тоҷикистон!” байни ҷавонон гузаронида шуд. Дар озмун 320 нафар хонандагон иштирок варзиданд.Ҷавонон-аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 1, 2, 3, 6, 7, 11, 12, 15, 19, 24, 29, 32, 33, 37, 40, 42, 46, 49 ҷамъ 30-нафар ғолибони Озмун гардиданд. Озмун санаи 1-уми декабри соли равон ҷамъбаст гардида, дар ҷамъбасти он мудири шӯъбаи маориф Шарифзода Мулоғиёс Абдуваҳҳоб, кормандони шӯъбаи маориф ва директорони мактабҳои зикршуда иштирок намуданд. Ғолибон бо тӯҳфаҳои Ташкилоти Ҷамъиятии Ҷавонон “Созандагони Ватан” сарфароз гардонида шуданд. Пас аз ҷамъбасти Озмун ғолибон аз Маҷмааи таърихию фарҳангии Нақибхон Туғрал, хона-музейи Нақибхон Туғрал дидан намуданд. Набераи шоир-Мансуров Туғрал доир ба рӯзгор ва осори Нақибхон Туғрал ба ҷавонон маълумот дод. Ҳамзамон ҷавонон ба Қасри фарҳанги ноҳия, ки 18-ноябри соли равон Президенти мамлакат, Ҷаноби олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон онро ифтитоҳ намуда буданд, рафтанд. Дар Қасри фарҳанги ноҳия низ директори он Зебо Саидова доир ба таърихи кӯҳандиёри бостонӣ ба ҷавонон маълумот дод. Дар толори бошукӯҳи он Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Қобилзода Абдуғанӣ, мудири бахши кор бо занон ва ҷавонон Низомова Фарзона ва роҳбари ТҶҶ “Созандагон Ватан” Шарифзода Абдуваҳоб бо ҷавонон доир ба ҳадафҳои созандаи ҳизб ва ТҶҶ “Созандагони Ватан” маълумот доданд. Ҷавонон аз ин вохӯриву сӯҳбатҳо як ҷаҳон рӯҳбаланд гардида, изҳори сипосу миннатдорӣ баён намуданд.
|
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.