Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » 30 ҚАДАМИ ҶАВОНОН БА СӮЙИ РУШД

30 ҚАДАМИ ҶАВОНОН БА СӮЙИ РУШД

14-09-2021, 10:27
Хабарро хонданд: 352 нафар
Назарҳо: 1
30 ҚАДАМИ ҶАВОНОН БА СӮЙИ РУШД
Соҳаи ҷавонон ва варзиш яке аз соҳаҳои калидӣ дар самти татбиқи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, ҷавонон дар раванди амалигардонии ҳадафҳо ва нақшаҳои кории роҳбарияти давлату Ҳукумат аз пешсафони ҷомеаи кишвар дониста мешаванд.
Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон дар радифи ниҳодҳои ҳаммонанди худ аз дигар вилоятҳо ҷиҳати татбиқи босифати сиёсати давлатии ҷавонон фаъолияти худро дар асоси санадҳои танзимкунандаи соҳа ба роҳ мондааст. Дар зарфи 30-соли соҳибистиқлолӣ натиҷаҳои бадастомадаи соҳа дар вилоят қаноатбахшу назаррас унвон карда мешавад.
Ба таъкиди масъулини Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон, соҳаи ҷавонон ва варзиш дар даврони соҳибистиқлолии кишвар даҳчанд маротиба рушду тараққӣ намуда, баргузории чорабиниву мусобиқаҳои варзишӣ дар сатҳи вилоят ба маротиб афзудааст. Теъдоди ҷавонони варзишгар нисбат ба солҳои аввали даврони Истиқлолият низ имрӯз бештар буда, шумораи варзишгарони касбии вилоят рӯз ба рӯз тамоюл ба афзоиш дорад.
Масъулини Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон тамоми пешравию муваффақият ва дастовардҳои соҳаро марбут ба соҳибистиқлол будани кишвар ва дастгириву ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи хоссаву пайвастаи роҳбарияти олии мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, заҳматҳои шабонарӯзии мутахассисони соҳа ва талошҳои содиқонаи тамоми наврасону ҷавонони вилоят марбут медонанд.
- Боиси ифтихору сарфарозии тамоми ҷавонону варзишгарони мамлакат, аз ҷумла вилояти Хатлон аст, ки Пешвои муаззами миллат ба самти ҷавонон ва рушду инкишофи соҳаи варзиш таваҷҷӯҳи махсус зоҳир карда, ин соҳа дар ин муддати кӯтоҳ ба як қатор пешравӣ ва комёбиву муваффақиятҳо ноил гардидааст,- мегӯяд Фариза Абдуллозода, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон.
Маврид ба зикр аст, ки дар зарфи 30 соли сиҳибистиқлолии мамлакат дар самти баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа, муҳайё сохтани шароити мусоид барои таълиму тарбияи онҳо, илму касбомӯзӣ, аз худ кардани забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои муосири иттилоотию коммуникатсионӣ тамоми шароити зарурӣ муҳайё карда шудааст, ки ҷавонони вилояти Хатлон низ аз ин бартариятҳову имконот ба таври шоиста бархӯрдоранд.
Яке аз талабот ва таъкидоти ҳамешагии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон ин аст, ки бояд ҷавонон мудом ба таҳсили илму дониш ва аз худ кардани касбу ҳунар, варзиш эҷодкорӣ ва ихтироъкориву навовариҳо машғул бошанд. Ин таъкид ва ҳидоятҳои Пешвои миллат дар миёни ҷавонони вилояти Хатлон дар сатҳи хеле ҳам хубу ҳадафмандона мавриди иҷроиш қарор гирифтааст. Феълан, ҷавонони машғули таҳсил дар вилояти Хатлон 339 972 нафарро ташкил дода шумораи таҳсилгирандагони муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷи кишвар нисбат ба ду соли қабл ҳудуди 1000 нафар зиёд мебошад.
Гирандагони Стипендияи президентӣ дар вилоят сол ба сол бо инобати таваҷҷуҳи пайвастаи давлат ба соҳа афзоиш ёфта истодааст. Агар соли аввали таъсиси ин стипендия, ки ғамхории навбатии Ҳукумати кишвар ба қишри ҷавони ҷомеа нигаронидашуда солона 108 нафар ҷавонони вилоят шарафёб ба ин имтиёз мешуданд, ҳоло он ба 143 нафар расидааст.
Гирандагони стипендияи раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят 5 нафар, гирандагони стипендияи раиси вилоят дар соли аввали таъсисаш агар 35 ададро ташкил дода бошад, ин шумора ҳоло ба 130 нафар расидааст. Гирандагони стипендияи раисони шаҳру ноҳияҳо низ сол ба сол зиёд карда мешавад.
Аз соли 1997 то инҷониб наздик ба 10 ҳазор нафар ҷавонони вилоят дар баробари дигар ҷавонони кишвар тибқи Квотаи президентӣ дар муассисаҳои олии касбии ҷумҳурӣ таҳсили илм намуда, дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ хизмат намуда истодаанд.
Соли ҷорӣ муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёна ва ибтидоии касбии ҳудуди вилоятро дар маҷмўъ 15 ҳазор нафар хатм намуданд, ки аз ин шумора 300 нафари онҳо дипломи аъло гирифтаанд.
Аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар муассисаҳои бонуфузи хориҷи кишвар зиёда аз 2500 нафар ҷавонон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Соли таҳсили 2020-2021 ба хориҷ аз кишвар бо инобати вазъияти душвори эпидемиологӣ 409 нафар ҷавонон сафарбар карда шуданд. Ёдовар гардидан ба маврид аст, ки ҳамасола зиёда аз 1000 нафар ҷавонони мо барои таҳсил ба хориҷ аз кишвар фиристода мешаванд.
Шумораи ҷавонон дар ҳайати роҳбарикунанда дар сатҳи вилоят 721 нафар мебошанд, ки нисбат ба соле қабл 67 нафар зиёд мебошад. Шумораи ҷавонон дар ҳайати Маҷлиси вакилони ҳалқи шаҳру ноҳияҳои вилоят 203 нафар буда, нисбат ба даъвати пештара 23 нафар афзоиш ёфтааст. Ҳамчунин ин шумора дар ҳайати Маҷлиси вакилони халқи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти вилоят 619 нафарро ташкил дода, назар ба 5 солаи қабли 136 нафар ҷавонон афзудаанд, ки нишонаи самимона дастгирӣ ёфтани ин қишри соҳибмақом дар ҷомеа аз ҷониби давлату Ҳукумат аст.
Дар ин давра дар самти сиёсати давлатии ҷавонон дар зарфи 30 соли соҳибистиқлолии ватанамон чандин маротиба барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон ва барномаи давлатии тарбияи ватандустӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон дар сатҳи вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он қабул гардида, зина ба зина амалӣ гардида истодаанд.
Тибқи таҳлилҳо маблағгузории соҳаи варзиш танҳо дар 10 соли қаблӣ, аз соли 2010 то соли 2020 6 баробар афзоиш ёфта, қабули Барномаи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, Барномаи рушди футбол дар ду марҳила барои пешрафти кори соҳа такони ҷиддӣ бахшид.
Дар ин ҷо месазад, ки ба таври алоҳида ва махсус зикр намоем, пешравӣ ва рушд, комёбиву дастовардҳои соҳаи ҷавонон ва варзиш дар вилояти Хатлонро метавон дар саҳифаҳои зиёде аз ин ҳам баршумурду мавриди таҳлилу баррасии амиқу мӯшикофонатар қарор дод. Аммо хонандаи закӣ ва ҳӯшмандро мутолиаи ҳамин чанд ҷумлаи баёнгари пешрафти соҳа дар вилоят кофист, то дарк намояд, ки масъулини соҳаи ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон дар самти ба ваҷҳи аҳсан дар амал татбиқ намудани нақшаву ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат дар соҳаи ҷавонон ва варзиш, санадҳои танзимкунандаи фаъолияти соҳа, амру фармон ва дастуру супоришҳои Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, танзиму бароҳмонии фаъ-олияти судманду ҳадафмандона дар тамоми паҳлӯ ва бахшҳои соҳа, фароҳам овардани шароиту имконоти беҳтарини рушду инкишофи наврасону ҷавонони вилоят дар омӯзиши илму ҳунар, машғул шудан ба варзиш, муваффақиятҳо дар сатҳи шаҳру ноҳия, вилоят, ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар камари ҳиммат баста, пайваста саъю кӯшиш менамоянд, ки соҳаи ҷавонон ва варзиши вилоят ҳамеша ҳамчун як соҳаи калидию пешсаф боқӣ бимонанд. Метавон гуфт, ки 30 соли даврони соҳибистиқлолии кишвар барои соҳаи ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон имкон фароҳам овард, то ин ки 30 қадами устувор ба сӯйи рушд ва ояндаи боз ҳам дурахшонтару беҳтар аз имрӯз бигузорад.
Наврасону ҷавонони вилояти Хатлон низ ҷавобан ба ҳама шароиту имконоти фароҳамовардашуда, таваҷҷуҳу ғамхориҳои ҳамешагии Роҳбари давлат, бо истифода аз фазои амну осоишта, сулҳу ваҳдат, ободиву озодӣ ва аз ҳама асос, зиндагиву фаъолият дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистони азизамон доштан мудом кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки сазовори ин ҳама ғамхориҳо ва таваҷҷуҳ дар даврони соҳибистиқлолии кишвар бошанд.
Ҳамин аст, ки имрӯзҳо дар баробари тамоми сокинони дигари вилоят наврасону ҷавонон низ баҳри дар сатҳи баланди фарҳангиву сиёсӣ ва дар фазои идона истиқбол гирифтану таҷлил намудани ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагиҳои ҳамаҷониба дида истодаанд.
Умед МИРЗОЕВ,
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назарҳо (1)
Serzteq 9 января 2022 22:31
Друзья, я последние несколько лет вообще не смотрю телевизор!!! И считаю его Злом, так как вся информация преподносится так как нужно правительству. А мы это хаваем.
В последнее время все больше смотрю Ютуб и выискиваю там информацию по крупицам. А так же ищу независимые новостные сайты, которые подают информацию более независимо, такие как Радио свобода или myukraina.com.ua.
Выбирайте и читайте информацию, отсеивайте ненужные, перебирайте источники и только тогда Вы сможете найти полезную новость.
Кстати недавно прочитал очень интересную статью, которая касается каждого из нас:
https://mostsharkelkanony.com/member.php?u=43931
http://forum.darkstarmc.net/index.php/topic,31815.new.html#new
http://xn--n1abdbeg.xn--p1ai/forum/post475835.html#p475835
http://forum.d-dub.com/member.php?447089-Serzjhf
https://forum.plannote.ru/index.php?action=profile;u=226
Цитировать          1
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: