Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Вохӯрии ҷавонон бо иштирокчиёни ҷаласаи нахустини Шӯрои миллии кор бо ҷавонон

Вохӯрии ҷавонон бо иштирокчиёни ҷаласаи нахустини Шӯрои миллии кор бо ҷавонон

8-06-2016, 14:00
Хабарро хонданд: 356 нафар
Назарҳо: 0
Вохӯрии ҷавонон бо иштирокчиёни ҷаласаи нахустини Шӯрои миллии кор бо ҷавонон
Дар маҷлисгоҳи Раёсати кишоварзии ноҳияи Мастчоҳ вохӯрии масъулинии кумиҷроияи ноҳиявии ҲХДТ, бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия ва бахши ноҳиявии ТҶҶ «Созандагони Ватан» бо ҷавонони фаъол баргузор гардид, ки дар он донишҷёни муассисаҳои касбии ноҳия ва хатмкунандагони макотиби марказӣ иштирок доштанд. Нахуст Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ Дилшод Зокиров чорабиниро оғоз бахшида, иттилоъ дод, ки чанде пеш, 27.05.2016 дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе нахустин ҷаласаи Шӯрои миллии кор бо ҷавонони назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он аз ноҳияи Мастчоҳ ду нафар ҷавони фаъол – роҳбари бахши ноҳиявии ТҶҶ «Созандагони Ватан» Муродулло Почоев (бо тавсияи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд) ва мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия Саидҷаъфар Азизов (бо тавсияи раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят) иштирок доштанд. Мақсади аслии ин вохӯрӣ низ шунидани таассуроти онҳо ва фаҳмонидани моҳияти вохӯрии Пешвои миллат бо ҷавонон мебошад. Сипас Саидҷаъфар Азизов бо самимият таассуроти худро нақл карда, изҳор дошт, ки ҳанӯз аз замони аввали соҳибистиқлолии кишвар Пешвои миллат ба ҷавонон таваҷҷуҳи махсус дошта, ҳамеша ба онҳо ғамхориҳо зоҳир мекунанд. Муродулло Почоев низ зимни изҳори тассуроти хотирмони хеш иброз дошт, ки дидору мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барояш хеле фараҳбахш буд. Аз суханони Роҳбари мамлакат чунин дарёфтам, ки мо ҷавонон ҳамеша мавриди таваҷҷуҳу ғамхориҳои идеали ҷавонон – Эмомалӣ Раҳмон қарор дорем. Аз ин рӯ бояд бо шукргузорӣ аз сиёсати хирадмандонаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушди бештари давлати соҳибистиқлол талош варзем. Мудири бахши кор бо занони кумиҷроияи ноҳиявӣ Мавлудахон Баҳриддинзода низ дар бораи ғамхориҳои Сарвари давлат сухан гуфта, ҷавононро ба хештаншиносию ватандӯстӣ даъват кард. Дилшод Зокиров вохӯриро ҷамъбаст карда, иттилоъ дод, ки чунин вохӯриҳо дар дигар ҷамоату корхонвау муассисаҳои ноҳия бо иштирокчиёни аввалин ҷаласаи Шӯрои миллии кор бо ҷавонони назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ноҳияи Мастчоҳ баргузор мегарданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: