Дастаи духтарони футболбози ноҳияи Масчоҳ дар сабқати вилоятӣ мақоми аввалро ба даст овард13-03-2018, 08:51
Хабарро хонданд: 197 нафар
Назарҳо: 0
ДУШАНБЕ, 12 март:- Ба гузориши равобити умумиии ҳукумати вилояти Суғд, Дар мусобиқа 6 даста аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар ҳайати 16 нафарӣ иштирок намуда, бо ҳам қувваозмоӣ намудаанд. Гуфта мешавад, ки Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд бо мақсади тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, оммавӣ гардонидани варзиш ва ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш миёни ҷавондухтарон мусобиқаи вилоятӣ оид ба футбол ташкил намуд. Ин мусобиқаи вилоятӣ, ки барои дарёфти "Ҷоми Умед" сурат гирифта, дар майдони Муассисаи давлатии Мактаби варзишии №1-и шаҳри Хуҷанд бо ширкати беш аз 96 нафар варзишгарон баргузор гардидааст. Дар мусобиқа 6 даста аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар ҳайати 16 нафарӣ иштирок намуда, бо ҳам қувваозмоӣ намуданд. "Дастаи ҷавондухтарони ноҳияи Мастчоҳ соҳиби ҷойи аввал шуданд",-омадааст дар хабарнома. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.