ИСТИҚЛОЛИЯТ-ДАСТОВАРДИ БУЗУРГИ МИЛЛАТ24-08-2021, 16:00
Хабарро хонданд: 140 нафар
Назарҳо: 0
АНДЕША. Тоҷикистон хонаи умед, хонаи бахту иқбол, сулҳу осоиш ва орзуву ормонҳост. Ватани маҳбуби мо соли равон ҷашни фархунда, бошукӯҳ, яъне 30-солагии Истиқлолияти хешро ҷашн мегирад. Аз истиқболи он рӯзҳои ба шумор мондааст ва ҳама дар оғӯши ватани биҳиштосо баҳри ободиву созандагӣ ва бунёдкориҳои азим дар талошанд. Мардуми шарифу сарбаланди мо баъди ҳазор сол соҳибдавлат ва кишвари озод гардида соҳибистиқлол шуд. Ин сарзамини аҷдодӣ аз гузаштагони дур ба мо мерос мондаву то имрӯз онро аз ҳама ҷангу нооромӣ, бадбахтӣ ва нокомиҳо ҳифз менамоем, барояш ҷон нисор мекунем ва ободу зебо ва муққадас медорем. Истиқлолият дастоварди бузург ва беҳамтои миллат аст. Ин неъмати бебаҳо ба кишвари мо умри дубора бахшид. Имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлол ба майдони бузургу боҳашамати бунёдкориву созандагӣ табдил ёфтааст. Бо ташаббуси Сарвари давлат сохта шудани неругоҳҳои барқии обӣ, ба кор андохтани ду агрегати НБО-и Роғун, рушди роҳҳои мошингард, сохтмони нақбҳои аҳамияти байналмилалӣ дошта, бунёди макотиби олию миёна, боғҳои бешумори ҷаннатамсол ҳама далели Истиқлолияти комил ва Истиқлолияти бузург аст. Имрӯз ба давлати ҷангзадаи Афғонистон менигарему Худоро ҳазорон бор шукр мекунем, ки дар давлати тинҷу ором, дар фазои сулҳу ваҳдат зиндагӣ дорем. Маҳз, бо хиради оливу ташаббусҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо соҳиби Истиқлолият, Ваҳдат ва зиндагии шоиста гардидем. Дар давоми 30-солагии Истиқлолият кишвари азизи мо ба як давлати обод ва шинохтанашаванда табдил ёфт. Тоҷикистон дар ин давра чи дар соҳаи сиёсат, чи дар соҳаи иқтисодиву иҷтимоӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Кулли бурдбориву ободкориҳо боварии мардумро ба фардои дурахшон бештар менамояд. Имрӯзҳо ба истиқболи ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлолият корҳои созандагӣ мароми тоза пайдо намуда, ҳусни шаҳру деҳот боз ҳам хуррамтар шуда истодааст. Дар ин рӯзҳои пурфайзи Истиқлолият мо ватани азизамонро беш аз ҳарвақта дӯст дошта, бо шукрона аз Истиқлолияту озодӣ дар паҳлуи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарҷамъ шуда, тамоми имконият, саъю талошамонро барои ободӣ ва пешрафти ин меҳани аҷдодӣ равона месозем ва ба сӯи комёбиҳои нав иқдоми нек мегирем. Шомалангова Миҷгона, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.