Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Истиқлолият омили муҳими бақои миллат!

Истиқлолият омили муҳими бақои миллат!

18-08-2021, 08:36
Хабарро хонданд: 158 нафар
Назарҳо: 0
Истиқлолият омили муҳими бақои миллат!

Истиқлолият ин рамзи озодӣ, соҳибдавлатӣ ва ватандории мардуми сарбаланди мутамаддини тоҷик аст. Пас аз барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ тамоми ҷумҳуриҳое, ки дар ҳайати он арзи вуҷуд доштанд, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон истоқлолияти худро ба даст оварданд. 9-уми сентябри соли 1991 чун воқеаи муҳими таърихии сарнавишти миллати тоҷик сабт шудааст, ки санаи эълон гардидани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ин ҳодисаи тақдирсоз аввали моҳи сентябри соли 1991 ба вуқуъ пайваст ва 9 сентябр расман Рўзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Аз ҳамон вақт то имрўз ин санаи муборак барои миллати тоҷик иди муқаддас маҳсуб мешавад. Дар ибтидои истиқлолияти давлатӣ Худованд ба халқи тоҷик Пешвоеро ато кард, ки миллату давлати моро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ намуда, Тоҷикистони соҳибистиқлолро обод ва ҷанги бародаркушро хотима бахшиданд. Сарвари давлати тоҷикон пайваста тамоми кушиши худро ба харҷ медиҳанд, то мардум зиндагии шоиста дошта бошанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар баромаду суханрониҳои хеш Истиқлолиятро бузургтарин ва муқаддастарин дастоварди миллати тоҷик номида, аҳамияти ин масъалаи муҳимро баён менамоянд. Мардумро барои чун гавҳараки чашм ҳифзу нигоҳдории он роҳнамоӣ карда, истиқлолро тантанаи адолати таърихӣ ва идомаи силсилаи давлатдории чандинҳазорсолаи ниёгонамон ва пайвастани он ба оини давлатдории навин миллиамон меноманд: «Маҳз Истиқлолият ба мо имконияти таърихие фароҳам овард, ки Ватани худро соҳибӣ кунем, давлатдории миллии хешро барпо намоем, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё созем, ормонҳои деринаи халқамонро амалӣ гардонем ва зиндагии озодонаи мардумамонро ба роҳ монем». Бо мақсади таҳкими Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзу густариши арзишҳои фарҳанги миллӣ ва таъмини рушди босуботи ҷомеа Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19-уми декабри соли 2017,№968 «Дар бораи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон» қабул гардидааст, ки ин ҷашн 9-сентябри соли 2021 бо шукуҳу шаҳомати баланд таҷлил карда мешавад. Бигузор иди муқаддаси Истиқлолият барои ҳар фарди соҳибдилу озодаи кишвар саломатӣ, бахту саодат, зиндагии осуда ва комёбию кушоишҳо оварад! Поянда бод ваҳдати миллӣ ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон!

Муҳаммадӣ Авезов,

аъзои фаъоли ҲХДТ аз ноҳияи Зафаробод

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: