Истиқлолият дастоварди беназири миллати тоҷик26-08-2016, 10:00
Хабарро хонданд: 389 нафар
Назарҳо: 0
Бо ташаббуси намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” дар вилояти Хатлон вохӯрӣ бо ҷавонони фаъол дар ноҳияи Балҷувон таҳти унвони “Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол Ватани маҳбуби ҳар яки мост!” доир карда шуд. Дар рафти вохӯрӣ роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар вилояти Хатлон Орзу Ҳамидов, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон Баҳриддин Боев, мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия Аҳрор Сангов ва дигар шахсони расмӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар рафти суханрониҳо вобаста ба дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ, нақши ҷавонон дар таҳкими пояҳои истиқлолият, тарғиби худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ миёни ҷавонон изҳори назар карда шуд. Ҷавонон низ дар навбати худ итминон доданд, ки дар роҳи созандагӣ ҳамеша ҷаҳду талош намуда, сазовори бовариву эътимод ва дастгириву ғамҳориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мегарданд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.