Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Зодагони даврони истиқлол

Зодагони даврони истиқлол

9-09-2018, 15:00
Хабарро хонданд: 258 нафар
Назарҳо: 0
Зодагони даврони истиқлол
27-сол барои Тоҷикистони соҳибистиқлол марҳилаи дуру дароз нест, вале дар ин муддат аллакай дар тамоми бахшҳо ва соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат пешравиҳои назаррас ба амал омаданд. Махсусан дар ин давра даҳҳо иншоотҳои хурду бузург ва хаётан муҳим сохта ба истифода дода шуданд.
Аз ҷумла оғози бунёди нерӯгоҳҳои баркии обии Роғун, ба истифодадиҳии нерӯгоҳҳои обии «Сангтӯда-1», ва «Сангтӯдаи-2» аз муҳимтарин корҳои замони истиқлолият ба ҳисоб мераванд. Гузашта аз ин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати беҳбудбахши вазъи иҷтимоию зисту зиндагонии мардум ғамхории пайваста зоҳир мекунанд. Аз ин рӯ, ҳар як фарди ватандӯстӣ худогоҳро лозим аст, ки ба қадри истиқлолият бирасад. Зеро дар ҳаёти ҳар яки мо истиқлолият нақш муассиру амиқ гузошт. Дар ин росто суханони сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маврид мебошад: «Мо бо вуҷуди бисёр мушкилоту монеаҳо таҳкурсии давлати соҳибихтиёрамонро гузоштем ва бо корҳои азиму бунёдкориву созандагӣ шурӯъ намудем: таъмини истиқлолияти энергетикӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо намудани мамлакат ва ҳифзи амалиёти озуқавории онро ба самтҳои стратегии сиёсати давлат табдил додем: ҷиҳати таҳкими суботи иқтисодиву иҷтимоӣ дар шароити афзалияти муносибатҳои нави иқтисодӣ ислоҳоти амиқро пайгирона амалӣ карда истодаем.»
Истиқлолияти давлати барои мо ҷавонон комёбиву пирузӣ ва нусрату шодӣ овард. Сараввал аз сулҳу субот ва оромию соҳибистиқлоли давлати азизамон шукрона мекунем. Истиқлолият ба маънои томаш бо ҳар як сокини мамлакат озодӣ бахшид. Аз ин рӯ, онро азизу муқаддас дониста саҳифаҳои таърихии даврони соҳибистиқлоли давлати азизамонро аз худ намоем. Баҳри ободию созандагӣ ҳиссагузор бошем ва дар сатҳи баланд таҷлил намудани 20-солагии истиқлолияти давлати саъю кӯшиш намоем. Бешубҳа ватани азизамон рӯз аз рӯз зебову обод ва дилфиребу ҷаҳоншумул гашта истодааст. Мо ҷавонон мекӯшем, ки минбаъд худамон ҳамчун созандагони фаъолу намунавии ҷомеаи навин ба камол расем. Бо ин мақсад бо қадамҳои устувор назари нек ба ояндаи Тоҷикистон устуворона по мезанем.
Имрӯзҳо ҳама табақаҳои ҷомеа, олимону шоирон, нависандагону муаррихон ва ҳамаи аҳолии мамлакат бо дастовардҳои назаррас ҷашни истиқлолияти давлатиро таҷлил намуданианд. Махсусан аҳли санъату ҳунар дар баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ иштироки фаъол доранд ва ба ҷашни Истиқлолияти давлати шукӯҳу шаҳомати хоса мебахшанд:
Зинда бодо ҷашни истиқлоли мо,
Ҷашни бахти оливу иқболи мо.
Ҷашни озодӣ, адолат, ифтихор,
Худшиносӣ, сарбаландии диёр.
Ҷашни ваҳдат, ҷашни эҳёи Ватан,
Ҷашни илму ҷашни фарҳангу сухан,
Ҷашни пирӯзии соҳибдавлатӣ,
Ҷашни тоҷик- ориёи миллате.
Пас муборак бод ҷашни кишварам,
Бар Шумову миллатам зебу фарам!
Хулоса, имрӯз дил мехоҳад дар васфу ситоиши кишвари азиз сухан рӯи қоғаз оварад. Аз зебоиву гулгулшукуфии Тоҷикистон соатҳо сухан гӯем ҳам кам аст.
Ояндаи Тоҷикистон дурахшон аст ва махсусан ҷавонон чун нерӯи пешбарандагони ҷомеа дар рушду нумӯъи ҳарчи бештари Ватани азизамон ҳиссагузор буда метавонанд. Бори дигар ёдрас карданиям, ки мо бояд ба қадри ин неъмат бирасем. Зеро сарвари давлат борҳо таъкид мекунанд, ки бо баробари омӯзиши технологияҳои ҷадид аз фарҳангу тамаддун ва анъанаҳои аҷдодони худ дур нашавем: «Омӯхтани таърих танҳо барои донистани гузашта, нест, балки барои шукуфоии фардои ҳар як миллату давлат зурур аст. Яъне миллат бояд аз гузаштаи худ хоҳ дурахшон бошад, хоҳ тира сабақ бигирад ва дурнамои ояндаашро муайян бисозад».
Дар маҷмӯъ, истиқлолият дар ҳаёти шахсии ман ҷойгаҳи махсус дорад ва ҳама бурди мо аз озодии комил аст.

Мудири шуъбаи
умумӣ ва назорати
КИ ҲХДТ дар ш. Хуҷанд Исоев Эхсонҷон
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: