Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » “ҶОМИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН” - мусобиқаи ҷумҳуриявӣ байни дастаҳои ғайрикасбӣ

“ҶОМИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН” - мусобиқаи ҷумҳуриявӣ байни дастаҳои ғайрикасбӣ

7-07-2021, 16:48
Хабарро хонданд: 292 нафар
Назарҳо: 0
“ҶОМИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН” - мусобиқаи ҷумҳуриявӣ байни дастаҳои ғайрикасбӣ
Футболи хурд

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба оммавигардонии варзиш ва самаранок истифода бурдани иншоотҳои варзишӣ, ки дар Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 31 майи соли равон) ба масъулони соҳа, аз ҷумла ҲХДТ таъкид гардид, дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки дар ҳамдастӣ бо Федератсияи футболи мамлакат дар доираи чорабиниҳои ҷашнӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи ҷумҳуриявии футболи хурдро барои дарёфти “Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” баргузор кунад.
Ба ин муносибат дар толори Федератсияи футболи Тоҷикистон бо иштироки Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор-муовини якуми Раиси ҲХДТ, Алишер Урунов -ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Дилшод Назаров –муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар намояндагони ҲХДТ ва Федератсияи футболи мамлакат ҷаласаи Кумитаи тадорукоти мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба футболи хурд байни дастҳои ғайрикасбии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат барои дарёфти “Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” доир гардид.
Дар ҷаласаи Кумитаи тадорукот Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор-муовини якуми Раиси ҲХДТ аз дастгириву ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба варзишгарон, бунёди иншоотҳои варзишӣ, такмили инфрасохтори соҳа ва қадрдонӣ намудани онҳо ёдовар шуда, зикр кард, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон варзишро ҳамчун яке аз омилҳои муассири тарбия ва муаррифии шоистаи кишвар дар арсаи байналмилалӣ эътироф намуда, варзишгаронро, ки бо иштироки фаъолона соҳиби ҷоизаҳои олимпӣ ва байналмилалӣ мегарданд, дастгирӣ мекунад ва барои ҷалби маблағи иловагӣ бо мақсади бунёди толору майдончаҳои варзишӣ талош меварзад.“ҶОМИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН” - мусобиқаи ҷумҳуриявӣ байни дастаҳои ғайрикасбӣ
Бо қаноатмандӣ қайд гардид, ки бо шарофати соҳибистиқлолии мамлакат ва иқдомҳои созандаи Роҳбари давлат ҳазорон иншооти варзишӣ дар қаламрави мамлакат бунёд гардида, ҳоло ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони онҳо идома дорад. Намунаи олии чунин корҳои созандаю бунёдкориро мо дар пойтахти мамлакат мебинем, гуфта шуд дар идомаи кори ҷаласаи Кумитаи тадорукот.
Мақсад аз баргузории мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба футбол байни дастҳои ғайрикасбии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат барои дарёфти “Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” ин таҷлили бошукӯҳи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҷалби шаҳрвандони мамлакат ба машғулиятҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ташвиқу тарғиби васеи бозии футбол дар байни аҳолии кишвар, мустаҳкам намудани дӯстӣ, таъмини бевоситаи иҷрои “Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021”, иҷрои Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025, таъмини фароғати мадании шаҳрвандон ва муайян намудани беҳтарин дастаҳои футболи ғайрикасбии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Дар ҷаласа ҳайати Кумитаи тадорукот ва ангораи мусобиқа тасдиқ шуд.
Мувофиқи низомнома дар мусобиқа шаҳрвандони аз 18-сола боло иштирок мекунанд. Бозигарони дастаҳои U-18 (ЛФКНҶТ), Лигаи 2-юм, Лигаи 1-ум, Лигаи олӣ, ҳайати ҷавонони дастаҳои Лигаи олӣ, Лигаҳои (А), (Б) ва PRO-и футзал ҳуқуқи ширкат варзиданро надоранд.
Мусобиқа дар чор марҳила баргузор мегардад:
- марҳилаи I: аз 1 июл то 5 август дар сатҳи деҳаҳо ва маҳаллаҳои аҳолинишини ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти шаҳру ноҳияҳо;
- марҳилаи II: аз 10 то 30 август дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо байни ғолибони деҳаҳо ва маҳаллаҳои аҳолинишини ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти шаҳру ноҳияҳо;
- марҳилаи III: аз санаи 15 то 25 сентябр дар сатҳи вилоятҳо, минтақа ва шаҳри Душанбе бо иштироки ғолибони сатҳи шаҳру ноҳияҳо;
- марҳилаи IV (ниҳоӣ): аз 30 сентябр то 5 октябри соли 2021 бо иштироки ғолибони сатҳи минтақа ва вилоятҳо гузаронида мешавад.


Мусобиқа мутобиқи қойидаҳои байналмилалии футболи хурд ба таври даврӣ баргузор мегардад. Бозингарони ивазшуда, ҳуқуқи боз ба майдон баромаданро доранд.
Дархостҳо барои иштирок дар марҳилаи якуми мусобиқа ба кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо пешниҳод карда мешаванд. Дар марҳилаи 2-юм 12 бозингар ва 1 мураббӣ-роҳбар ва дар марҳилаҳои 3-юму 4-ум 14 бозингар ва 1 мураббӣ-роҳбар ҳуқуқи дар мусобиқа иштирок карданро доранд.
Дастаҳо аз рӯи шумораашон ба гурӯҳҳо ҷудо мешаванд ва тақвими бозиҳо вобаста ба шумораи дастаҳои иштирокчӣ тартиб дода мешавад.

Дастаҳои ҷойҳои аввалро ишғолнамуда, ба марҳилаи ниҳоӣ рухсат мегиранд. Дар марҳилаи ниҳоӣ, дастаҳо ба 2 гурӯҳ ҷудо шуда, бо ҳам бозӣ мекунанд, дар натиҷа ду дастаи беҳтарини ҷойҳои 1 ва 2-юм ба қисми ниҳоии мусобиқа роҳхат мегиранд. Сипас ғолиби гурӯҳи «А» бо ғолиби гурӯҳи «Б» барои ишғоли ҷои аввал вориди майдон мешаванд. Дастаҳое, ки дар гурӯҳи «А» ва гурӯҳи «Б» ҷои дуюмро ишғол намудаанд, барои ҷойи сеюм бо ҳам қувва меозмоянд.
Бозиҳо ду қисми 25 дақиқаиро дар бар мегирад. Танаффуси байни қисмҳо аз 10 дақиқа иборат аст.

Дастаҳое, ки дар марҳилаҳои мусобиқа ҷойҳои 1, 2, ва 3-юмро ишғол менамоянд, бо ҷом, диплом, медалҳо ва туҳфаҳои таъсиснамудаи Кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар ҳамдастӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, раёсатҳо ва бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиши вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, федератсияҳои футболи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, сарпарастон ва дигар ташкилкунандагони мусобиқа сарфароз гардонида мешаванд.

А.Ҷӯраев
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: