Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба футболи хурд гузаронида мешавад

Барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба футболи хурд гузаронида мешавад

26-04-2019, 08:32
Хабарро хонданд: 405 нафар
Назарҳо: 0
Барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба футболи хурд гузаронида мешавадБахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар майдончаҳои Федератсияи футболи Тоҷикистон аз 25 апрел то 25 июни соли 2019 барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба футболи хурд байни кормандони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо баргузор карда мешавад. Дар ин бора қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба имзо расид.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ин иқдом бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ташвиқу тарғиб ва рушду равнақи варзиш ва солимгардонии аҳолӣ роҳандозӣ мегардад.

Ба иттилои манбаъ, бо қарори мазкур Ҳайати кумитаи тадорукот, тартиби баргузорӣ ва харҷномаи мусобиқаи мазкур тасдиқ гардида, Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе уҳдадор гардидааст, ки аз ҳисоби маблағҳои барои иҷрои вазифаҳои пойтахт пешбинишуда 60000 (шаст ҳазор) сомонӣ ҷудо намояд.

Раиси шаҳр бо ин қарор ҳамчунин масъулин, аз ҷумла, Муассисаи давлатии «Раёсати кор бо мактабҳо ва иншооти варзишӣ», Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанберо муваззаф гардонидааст, ки дар ҳамкорию ҳамоҳангсозӣ бо кумитаи тадорукот, Федератсияҳои футболи Тоҷикистон барои даъват ва ҷалби дастаҳои футболи кормандони вазорату идораҳо ва раёсату муассисаҳо тадбирҳои зарурӣ андешида, барои дар сатҳи баланди ташкилӣ доир гардидани мусобиқаи мазкур шароити мусоид фароҳам оранд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: