Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Барои дарёфти «Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» мусобиқаи футбол байни дастаҳои ғайрикасбии мамлакат баргузор мегардад

Барои дарёфти «Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» мусобиқаи футбол байни дастаҳои ғайрикасбии мамлакат баргузор мегардад

22-06-2021, 17:27
Хабарро хонданд: 4470 нафар
Назарҳо: 1
Барои дарёфти «Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» мусобиқаи футбол байни дастаҳои ғайрикасбии мамлакат баргузор мегардадДар толори Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷаласаи Кумитаи тадорукоти мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба футбол байни дастҳои ғайрикасбии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат барои дарёфти «Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатӣ баргузор гардид. Дар мусобиқа шаҳрвандони аз синни 18-сола боло иштирок намуда, бозингарони дастаҳои U-18 (ЛФКНҶТ), Лигаи 2-юм, Лигаи 1-ум, Лигаи олӣ, ҳайати ҷавонони дастаҳои Лигаи олӣ, Лигаҳои (А), (Б) ва PRO-и футзал ҳуқуқи ширкат варзиданро надоранд.

Дар ҷаласа муовини якуми Раиси ҲХДТ Абдуҷаббор Азизӣ, ноиби Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилшод Назаров, намояндагони ҲХДТ ва Федератсияи футбол итирок намуданд.

Муовини якуми Раиси ҲХДТ Абдуҷаббор Азизӣ зикр кард, ки «Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон варзишро яке аз омилҳои муассири тарбия, тарғиби тарзи ҳаёти солим, омавигардонии варзиш ва муаррифии шоистаи мамлакат дар арсаи байналмилалӣ арзёбӣ менамояд. Бо ҳамин мақсад баргузор намудани мусобиқаҳои гуногуни варзиширо роҳандозӣ менамояд, то ба ин васила наврасону ҷавононро ҳавасманд гардонад. Аз ҷумла, Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо Федератсияи футболи Тоҷикистон мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба футболро барои дарёфти «Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» баргузор хоҳад кард”.

Таъкид гардид, ки ҳадаф аз баргузории мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба футбол байни дастҳои ғайрикасбии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат барои дарёфти «Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» — ин таҷлили бошукӯҳи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҷалби шаҳрвандони мамлакат ба машғулиятҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ташвиқу тарғиби васеи бозии футбол дар байни аҳолии мамлакат, мустаҳкам намудани дӯстӣ, таъмини бевоситаи иҷрои «Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021», иҷрои Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025, таъмини фароғати мадании шаҳрвандон ва муайян намудани беҳтарин дастаҳои футболи ғайрикасбии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Дар ҷаласа ҳайати Кумитаи тадорукот ва ангораи мусобиқаи мазкур тасдиқ карда шуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назарҳо (1)
Novella 6 августа 2022 02:38
Bardzo ciekawy blog, rzeczowy i wyważony. Od dzisiaj zaglądam regularnie i subsbskrybuję kanał RSS.
Pozdrowienia :-)

Also visit my web page - www.xmc.pl
Цитировать          1
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: