Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » КИМ ҲХДТ Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ба даст овард

КИМ ҲХДТ Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ба даст овард

21-12-2020, 11:39
Хабарро хонданд: 607 нафар
Назарҳо: 0
 КИМ ҲХДТ Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ба даст овардБо ибтикори Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани 26-солагии таъсиси ҲХДТ байни кормандони дастгоҳи КИМ ҲХДТ ва сохторҳои он дар шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ барои дарёфти Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд гузаронида шуд.

Мусобиқа дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор гардида, дар фарҷом дастаи дастгоҳи КИМ ҲХДТ бо дастаи КИ ҲХДТ дар шаҳри Турсунзода дар бозии финалӣ барои ба даст овардани Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сабқат анҷом доданд. Дар натиҷа, бозӣ бо ҳисоби 1 бар 0 ба нафъи дастаи дастгоҳи КИМ ҲХДТ анҷом пазируфт.

Бояд гуфт, ки мусобиқаи мазкур тӯли як ҳафта идома ёфта, 18 декабр ба анҷом расид. Ҷойи якум насиби дастаи дастгоҳи КИМ ҲХДТ шуда, ҷойи дуюмро дастаи КИ ҲХДТ дар шаҳри Турсунзода ва ҷойи сеюмро дастаи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ба даст оварданд.

Дар мусобиқа Зоҳир Ҳабибзода “Беҳтарин сардори даста”, Тоҷиддин Тағоев — “Сардовари беҳтарин”, Фаррух Аловиддинов – “Мураббии беҳтарин”, Ибодулло Тоҳиров– “Нишонзани беҳтарин”, Шавкат Латипов– “Нимҳимоятгари беҳтарин”, Фирдавс Мирзоев– “Дарвозабони беҳтарин” ва Абдулфайз Шамсов “Бозингари беҳтарин” дониста шуданд.

Дар ҷамъбасти мусобиқаи футболи хурд муовини якуми Раиси ҲХДТ Абдуҷаббор Азизӣ, муовини Раиси ҲХДТ Асрор Латифзода, ноиби Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов, чемпиони Бозиҳои олимпии Рио-де-Жанейро дар соли 2016 Дилшод Назаров, директори телевизиони “Варзиш” Парвиз Нориён ва дигар шахсиятҳои маъруф иштирок намуданд.

Абдуҷаббор Азизӣ ҳамаи варзишгарон ва ҳозиринро ба муносибати 26-солагии таъсиси ҲХДТ табрик гуфта, зикр намуд, ки мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо мақсади амалӣ намудани Барномаи ҲХДТ дар самти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, оммавигардонии варзиш, таблиғи тарзи ҳаёти солим ва дарёфти варзишгарони ин намуди варзиш гузаронида шуд.

Дар бозиҳои доиршуда футболбозони дастаи дастгоҳи КИМ ҲХДТ, аз ҷумла, ҳамлагари даста Ибодуллои Тоҳир, нимҳимоятгар Шаҳобиддини Ёқубзод, дарвозабон Зоҳир Ҳабибзода ва ҳимоятгар Изатуллои Ҳабибзод худро ҳамчун футболбози беҳтарин муаррифӣ намуда, тавонистанд ғолибияти дастаи дастгоҳи КИМ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро таъмин намоянд.

Дар ҷамъбасти мусобиқаи футболи хурд ба ғолибон Ҷом, медал, диплом, тӯб ва мукофоти пулии Кумитаи тадорукот тақдим карда шуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: