Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Шеъри шӯрангези шоир зинда бод!

Шеъри шӯрангези шоир зинда бод!

29-06-2021, 14:31
Хабарро хонданд: 464 нафар
Назарҳо: 0
Шеъри  шӯрангези шоир зинда бод!
Ба муносибати 80-умин солгарди Лоиқ Шералӣ



Аввалин вохӯрии мо бо ин шоири шаҳир ва дӯстдоштатарини халқ дар овони донишҷӯӣ рӯй дода буд. Соли 1976. Хеле ғӯр будаем. Эълон шуд, ки дар бинои асосии донишгоҳ консерти артистони намоён баргузор мешавад. Моро - донишҷӯёни факултети таърихро дар баробари ҷавонони дигар факултетҳо ба бинои асосии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон маҷбуран ҷамъ оварданд. Дидори чунин фарзандони барӯманди миллат, аз қабили Мирзо Турсунзодаву Боқӣ Раҳимзода, Мирсаид Миршакару Ҷалол Икромӣ, Фотеҳ Ниёзӣ... бароям зуд-зуд даст медод. Гумон доштем, ки онҳо ҳамеша зиндаанд. Навбат ба шоири ҷавон Лоиқ расид. Шеъраш дар қироату овози ӯ аҷиб садо медод, баъзан бо шӯхиҳо... Ашъораш саропо ошиқона буданд. Аммо мо ҷавонони олуфта, лаззати шеърро ҳанӯз начашида будем, бештар муштоқи шунидани тарона дар иҷрои овозхонони дӯстдоштаамон будем. Аз ин лиҳоз, ба баромади Махфират Ҳамроқуловаю Муқаддас Набиева бештар муштоқ будему кафкӯбӣ мекардем, назар ба суханронии шоирон.
Аммо суҳбатҳои Мирзо Турсунзодаи бузургвор зимни мулоқотҳои бевосита бо ҷавонон ё аз тариқи телевизион моро аз хоби ғафлат бедор менамуданд. Шодравон гуфта буданд, ки шеъру ғазали форсу тоҷик ҳар кадоме худаш як оҳанг, суруду тарона ҳаст. Вазни арӯз оҳанги тайёри мусиқист. Баъдан, аз Саъдӣ мисол оварданд:
Эй сорбон, оҳиста рон, к-ороми ҷонам меравад,
В-он дил, ки бо худ доштам, бо дилситонам меравад...

Баъдтар, таровати шеъри Лоиқро фаҳмидем. Ҳама ошиқи шеъри шӯрангези ӯ шуданд. Ба суҳбаташ ҳама чизро фаромӯш карда, ҳатто аз баҳри консертҳо гузашта медавидем. Дар вохӯриҳо барои сӯзанпартоӣ ҷой ёфта намешуд. Ҳама масти шеъри Лоиқ мешуданд. Харидани китобаш, гирифтани дастхаташ кори осон набуд. Аз “Тоҷиккитоб”-и назди кинотеатри “Ватан”-и Душанбешаҳр барои дастрас намудани “Варақи санг”-и шоир (“Ирфон”, соли 1980) соатҳо навбат истодам. Лекин ба ман нарасид... Ба троллейбус савор шуда, ба канори шаҳр, мағозаи “Северний” рафтам. Он ҷо ҳам навбат дароз буд. Фақат яктоӣ мефурӯхтанд. Акнун лоиқона, шоирвор ва шиорвор баланд мехондем:
Ёдгори Айниву ин кӯҳсорон зинда бод,
Шеъри Турсунзодаву ин обшорон зинда бод.

Китоби Лоиқ армуғони гаронмоя барои дӯстон, ошиқон шуд. Лекин суҳбатҳо ва маҳфилҳо бо иштироки ӯ муҳтавову кайфияти дигаре доштанд. Яке аз ҳамкоронамон Манзурхон Додохонов аз Донишкадаи омӯзгории Душанбе моро ба тӯйи хонадоршавиаш даъват кард. Ин базм бо иштироки Лоиқ хотирмон шуд. Мо гӯё на ба тӯй, балки ба вохӯрии шоир Лоиқ омада будем. Фардоҳои дигар ҳама мегуфтанд: “Дар тӯйи Манзурхон худи Лоиқ омаду рафт”. Оре, сухани табрикӣ дар тӯю сур бо шеъри Лоиқ шукӯҳи махсус, лаззати дигаре дошт. Акнун “Хонаи дил”, “Рӯзи сафед”, “Дасти дуои модар”, “Ману дарё” ва китобҳои дигари ӯ дар дилу дидаи мухлисони шеър ҷойгузин шуда буданд. Дар тӯйи хонадоршавии мо дар соли 1980 ҳам ин ғазали ошиқонаи шоир аҷиб садо дода буд:
Ишқ дар дил шӯълаи субҳи саодат будааст,
Ошиқӣ эҳсоси бахшишҳои қисмат будааст.
Дар ҷавонӣ ишқ буду давлати дунё набуд,
Он ҳама бедавлатиҳо хуб давлат будааст.
Дар фалак ҷустан ситора санъат асту дар замин,
Хештанро гум накардан низ санъат будааст.
Беҳтарин ганҷе, ки одам ёфт, гар симу зар аст,
Беҳтарин ганҷе, ки гум кард ӯ, муҳаббат будааст.

Дар асл, касе, ки шеъри Лоиқ мехонаду ихлосманди вай аст, ҳеҷ гоҳ ва дар ҳеҷ ҳолат хештанро гум намекунад.
Аммо кадом вақт мо ба қадри ин гуна фарзанди беназири халқ, шоири дар асл ҳам мардумӣ мерасем? Дар ин маврид худи шоир гуфта буд:
Рӯзе, ки ошиқон аз ҳам ҷудо шаванд,
Рӯзе, ки зӯрҳо бемутакко шаванд,
Рӯзе, ки одамон беошно шаванд,
Бар қадри шоирон он вақт мерасанд.
Рӯзе, ки одамӣ дарёфт қадри худ,
Ҷуст аз ҷаҳон мақом, баҳри фардои худ,
Дарёфт аз сухан ташреҳи дарди худ,
Бар қадри шоирон он вақт мерасанд...

Ҳангоми таҳсил дар аспирантура (1987-1989) суҳбату мулоқотҳоро бо устод Лоиқ дӯсти азизамон, журналисти маъруф Муҳиддини Олимпур бароямон фароҳам овард. Дар қаҳвахонаи Хонаи адибони ба номи Мирзо Турсунзода (он ҷо Иттифоқи нависандагон, маҷаллаи “Садои Шарқ” ва ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” ҳам ҷой гирифта буданд), Лоиқ, Бозор Собир, Аскар Ҳаким, Шодон Ҳаниф, Абдулҳамид Самадов, Юсуф Акобиров, Салимшо Ҳалимшо, Қутбӣ Киром, Низом Қосим, Адаш Истад, Муҳаммадзамони Солеҳ ва дигарон зуд-зуд ҷамъ омада, маҳфили гарм меоростанд. Овози “ҷарангос”, хандаҳои Лоиқ аз байни овозҳо дигар хел шунида мешуд. Бо шарофати М.Олимпур мо ҳам гувоҳи ин суҳбатҳои фаромӯшнопазир мешудем. Лоиқ мегуфт:
Рӯзҳо мегузаранд,
Рӯзҳо аз сари мо,
аз дили мо мегузаранд.
Хабари лаҳзаи дидору ҷудоӣ бар лаб,
Аз раҳи манзили мо мегузаранд.


Баҳори соли 1989. Лоиқро аз ҳавзаи интихоботии ӯротеппа (ҳоло Истаравшан) ба ҳайси номзад ба вакили халқии СССР пешбарӣ намуданд. Рақибонаш, албатта, чун дар замони Шӯравӣ расм буд, аз ҷумлаи механизатору говҷӯшу, котиби якум ва ё мудири анбор буданд. Бар асари сиёсати ошкорбаёниву демократияи бебунёди Горбачёв ҳама ба даҳон ҳар чӣ ояд, мегуфтанд. Дар ҷараёни тайёрӣ ба интихобот бародарони санъаткори камина Шоҳсалим ва Тошбой Муҳаббатҳо ба ситоди таблиғотии Лоиқ шомил буданд. Дар яке аз мулоқоти номзадҳо ба депутатӣ дар Истаравшан (ман ҳам гувоҳ будам) чун навбат ба Лоиқ расид, пас аз баромади дигар номзадҳову саволу ҷавобҳои бемантиқу бемаънӣ ӯ гарчанде дилозурда гардида буд, ҷавонмардона хитоб кард:
- Ин ҷо аз ҷониби дигар номзадҳо ваъдаҳо зиёд шуд. Яке гуфт, ки ман ба ӯротеппа аз Ховос хати роҳи оҳанро мекашам, дигар гуфт, ки ағбаи Шаҳристонро сӯрох карда, лаҷоми оби дарёи Зарафшонро ба Истаравшан мегардонам. Бародарон, ман шоирам. Ман ин гуна ваъдаҳои беасосро дода наметавонам. Ман бароятон шеър мегӯям. Дарди миллатро бо шеъру тарона месароям... Агар овоз додед, ташаккур мегӯям, надодед, парво ҳам намекунам. Хоҳед, овоз диҳед...
Масъулини ҷамъомад дар банди ҳайрат монданд. Чанд лаҳза хомӯшӣ ва пас садои кафкӯбии мардум ба фалак печид... Баъди ин суханрониҳо ҳатто нафаре аз рақибонаш бо ӯ баҳс кардан ҳам намехост.
Умуман, ҳар як суҳбат бо устод Лоиқ фаромӯшнопазир ва бо суханпардозиҳо, ҳазлу мутоибаи лоиқона мегузашт. Ёд дорам, тирамоҳи соли 1991 дар Хуҷанд ба муносибати 50-умин солгарди устод дар театри ба номи Камол (он вақт ба номи Пушкин буд) маҳфили бадеӣ, шаби назму наво ташкил шуд. Ман аз Тошканд, чанд нафар аз Самарқанд меҳмони он базм будем. Шеъру ғазал дар қироати шоир лаззати дигар дошт (мутаассифона, на ҳамаи шоирон шеъри худро аз ёд хонда метавонанд). Дар аснои базм як духтараки дӯстрӯ аз толор ба саҳна баромад ва аз Лоиқ боисрор хост, ки ба кафи дасташ бо сабти байте имзо гузорад. Яке аз роҳбарони идеологии ҳизби вилоят аз ин рафтори шоиру он духтари ошиқи шеъри шоир хашмгин шуд. Бар қасди кор, қалами шоир ба дасти духтарак наменавишт. Лоиқ чанд муддат дасти он духтаракро дошта, дастхат менавист. Ҳама офарин хонда мегуфтанд: “Дастхат ҳам хатти даст шуд”.
Лоиқ ӯзбекистон, мардуми ӯзбекро хеле дӯст медошт. Муҳаббаташ ба Тошканд дигар буд. Таваҷҷуҳ намоед ба суханони қалби шоир дар баҳори соли 1981, ҳангоми Рӯзҳои адабиёт ва санъати Тоҷикистон дар ӯзбекистон: “Дар ӯзбекистон тоҷикону ӯзбекон бародарвор паҳлуи ҳам зиндагӣ мекунанд, зери як осмон аз нурҳои офтоб баҳра мебаранд. Дар Тоҷикистон низ тоҷикону ӯзбекон аз як чашма об, аз як дастархон нон мехӯранд. Дар баъзе хонаводаҳо якбора ҳам забони тоҷикиро мешунавед, ҳам лафзи ӯзбекиро. Дар як тӯй гоҳо домод тоҷик асту арӯс ӯзбек ё баръакс. Агар дар маъракае тоҷик косагул бошад, ӯзбек таббох аст. Ва чун зиндагӣ ҳама рӯзу ҳама соат ҷашну сур нест, агар ҷанозае иттифоқ афтад, тоҷик як пояи тобут, ӯзбек аз пояи дигари тобут мегирад. Хуллас, шарики шодию ғами якдигаранд, бо ҳам механданд, бо ҳам мегирянд. Мо орзу дорем, ки ин қаробат, ин ширу шакар, саҳеҳтараш ин ширпайванду шакарпайвандии дӯстӣ ҳамеша боқӣ бошад”.
Аввали моҳи майи соли 1997 устод Лоиқ аз Лондон омада, як-ду рӯз дар Тошканд монд. Аввалин коре, ки карда буд, ба хонаи Ҷонибек, рафта, аз ҳоли апаи Кимё ва фарзандони дӯсташ хабар гирифт. Аз фурсати мусоид истифода бурда, барои рӯзномаи “Овози тоҷик” мусоҳибае анҷом додем. Яке аз суоли роқими ин сатрҳо чунин буд:
-Устод, чуноне ки дар оғози суҳбат гуфтед, шумо дар Даҳаи адабиёт ва санъати тоҷик дар ӯзбекистон иштирок доштед. Он рӯзҳоро пазмон шудед?
- Аз барои савоб, пазмонии мо ба маъракаҳои гулрезон, ҷашнҳову маҳфилҳои пурнур ҳад надорад. Набояд фаромӯш кунем, ки фарҳангу русуми мо бо бародарони ӯзбек ягона аст. Ман дар ӯзбекистон Эркин Воҳидов, Абдулло Орипов, Барот Бойқобилов барин дӯстони наздик дорам. Шодравон Ҷонибек пули фарҳангии миёни ӯзбекистону Тоҷикистон буд. Агар ҳамаи он корҳои фарҳангие, ки дар байни мардумони ду ҷумҳурӣ ба сомон расонем, рӯҳи Ҷонибекро зинда медорад. Робитаҳои фарҳангии мардумони мо заминаҳои таърихӣ дорад. Мо бояд саъй кунем, ки аз таърих биомӯзем, аз он саҳифаҳои ибратбахшашро бигирем...”. (Ин мусоҳиба пас аз чанд сол дар саҳифаҳои китоби муаррихи номии тоҷик Усмонҷон Ғаффоров “Султони диёри сухан”, Хуҷанд, соли 2001, с. 139-140 ҷой гирифт).
Аз шоир шеъри нав дархост кардем. Субҳи дигар матни ду шеърро ба коғази зарднамо навишта, манзури мо намуд, ки ҳоло ҳамчун як осори гаронмояи шоири дӯстдоштаам мисли китобҳояш дар бойгонии банда маҳфуз аст. Як ғазали шоир ба муносибати пойдор шудани сулҳ дар сарзамини Тоҷикистон бахшида шуда буд, ки матлаъаш, фикр мекунам, ба ихлосмандони шеъри шоир ошност:
“Раҳми парваридигори мо омад,
Нури ҳақ бар диёри мо омад”.
Оре, шоир Лоиқ ҳамеша ҳамдаму ҳамнафасу ҳамдарди мардум буд. На фақат, ҳамдарди тоҷикон, балки ғами дунёро мехӯрд. Аз меваҳои дарахти дӯстии халқҳо сарфароз мешуд.
Баъд аз сафари Президенти ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Душанбе ва дидорбиниҳо бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фикр мекунем, рӯҳи шоирони бузурги тоҷик Мирзо Турсунзодаву Лоиқ Шералӣ, ҷумла мардумони некхоҳи бо ҳам бародар шод мешавад. Имрӯз даъватҳои ин шоирон-вассофи ҳамбастагии халқҳо, некӣ бо назардошти ин замони нав бо оҳанги дигар ва баландтар садо медиҳанд.
Шоқаҳҳори Муҳаббатзод,
шаҳри Тошканд
Лаҳзае аз ҷашни 50-умин солгарди устод Лоиқ дар Хуҷанд
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: