«ШАВҚИ ТУ МОРО БА ИЛҲОН ОВАРАД, РОҲ СӮИ ӮЗБЕКИСТОН ОВАРАД…»15-08-2018, 08:10
Хабарро хонданд: 417 нафар
Назарҳо: 0
Дӯстии мардуми тоҷику ӯзбекро шоирони барҷастаи адабиёти классикии халқҳои тоҷику ӯзбекАбдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ чунон пайванд додаанд, ки ин пайванд ногусастанист. Гоҳе дар тӯли таърих паймони ин дӯстиро баъзеҳо халалдор намуда бошанд ҳам, вале ин ду мардуми шариф онро ҳаргиз нашикастаанд. Адибони ду кишвари дӯст ва ҳамсоя дар бораи дӯстӣ ва пойдории он шеърҳо эҷод карда, аз он бо муҳаббат ёд мекарданд. Чунин дӯстии қавиро Шоири халқии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода ва Шоири халқии Ӯзбекистон, Қаҳрамони Ӯзбекистон Эркин Воҳидов низ зиёд ситоиш кардаанд. Дар робита ба ин мавзӯъ хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ бо профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Равшан РАҲМОНӢ суҳбат намуд. АМИТ «Ховар»: Устод Мирзо Турсунзода дар як шеъри худ, ки «Марҳабо!» ном дорад, ба қаҳрамони лирикиаш «духтари ӯзбек» бо суханҳои мавзуни дилписанд муроҷиат карда, дар бораи дӯстию муҳаббати ӯзбекон сухан кардааст. Устод Турсунзода ин шеърро кай эҷод намудааст ва дар симои «духтари ӯзбек» киро васф намудааст? Равшан РАҲМОНӢ: Шеъри «Марҳабо!» соли 1958 эҷод шуда, аз 72 мисраъ иборат мебошад. Устод Мирзо Турсунзода дар симои «духтари ӯзбек» мардуми меҳмоннавози Ӯзбекистонро васф менамояд: Духтари ӯзбек, моро гӯш кун! Дигаронро андаке хомӯш кун. Гӯш кун! Гапҳои мо беҳуда нест, Ин садоҳои дили осуда нест. Шавқи ту моро ба илҳон оварад, Рӯ ба сӯи Ӯзбекистон оварад. Ҳикояти устод равон ва дилнишин эҷод шуда, хотирае аз як лаҳзаи сафари эшон ба кишвари Миср, аз соҳили дарёи Нил мебошад, ки дар он ҷо меҳмонон ба «духтари ӯзбек» «бо табассум худро наздик» мекарданд, «аз нигоҳаш сабақ меомӯхтанд». Шоир бо ситоиши духтари шоду меҳмоннавозу меҳрубони ӯзбек, ки вай дар Миср, дар соҳили дарёи Нил мардуми кишварҳои гуногунро бо меҳмоннавозӣ ва чеҳраи миллиаш ҷалб намуда буд, Ӯзбекистонро низ ситоиш намуда гуфта буд: Ёд дорӣ дар лаби дарёи Нил, Мекашидӣ чун бари домони дил… Ӯзбекистон дар барат истода буд, Чун гулистону чаман озода буд. АМИТ «Ховар»: Аз гуфтаи шоир маълум мешавад, ки дар он сафар дар Миср қавму миллатҳои гуногуни машриқзамин ҷамъ омада буданд… Равшан РАҲМОНӢ: Бале. Дар маъракаю маҳфилҳои он сафар «духтари ӯзбек» гули сари сабад буд ва устод Турсунзода низ инро хуб ба мушоҳида гирифт ва гуфт: Миср пур шуд аз ҳикоятҳои ту, Хоки Ҳиндустон зи нақши пои ту. Дар барат тоҷик чун хеши ту буд, Шоира Амрита дар пеши ту буд. Бо навои мутрибони хушнаво, Меҳмондории шарқӣ шуд ба по. Рақси ҳиндӣ, шеъри русӣ ҷӯр шуд, Суҳбати ширини ту машҳур шуд. Маҷлиси моро қалам тасвир кард, Мулки дилро дӯстӣ тасхир кард. АМИТ «Ховар»: Чанд рӯз пеш Шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким »дар ёддоштҳои худ, ки дар сомонаи АМИТ «Ховар чоп шуд, зикр намуд, ки «духтари ӯзбек» — Шоираи халқии Ӯзбекистон Зулфия-бону (Зулфия Исроилова) мебошад, ки дар ин сафар ҳамроҳи устод шомили ҳайати адибони Иттиҳоди Шуравӣ будааст. Равшан РАҲМОНӢ: Албатта, ин ҳамон Зулфия аст. Зулфия яке аз чеҳраҳои маъруфи адабиёти он замон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Иттиҳоди Шуравӣ буд ва чанд сол пеш муҷассамаи ӯ дар маркази шаҳри Тошканд гузошта шуд. АМИТ «Ховар»: Дар мисраи охир омадааст: «Мулки дилро дӯстӣ тасхир кард». Манзури устод Турсунзода аз ин гуфтаҳо дар чист? Равшан РАҲМОНӢ: Шоири маъруфи тоҷик устод Турсунзода дӯстнавоз буд ва ҳамеша аз дӯстӣ сухан мекард. Ӯро дар ҷаҳон ҳамчун вассоф ва беҳтарин ситоишгари дӯстӣ мешиносанд. Бузургону гузаштагони мо, тоҷикон аз замонҳои қадим, аз Рӯдакӣ сар карда ҳамеша дар ҳама ҷо дӯстиро талқин мекарданд. Тавре Рӯдакӣ гуфтааст: «Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон, Бартар аз дидори рӯи дӯстон». Ба идомаи суханонаш устод Турсунзода аз меҳмоннавозии ӯзбекҳо ёдовар шуда, мегӯяд, ки дар ҳамон анҷуман «духтари ӯзбек» дӯстонро барои меҳмонӣ ба кишвараш даъват менамояд: Ҳаст дар ёдам, ки ҳангоми сафар, Карда будӣ дӯстонатро хабар: «Меҳмон дар Тошканди мо шавед, Аз тамоми Шарқ назди мо равед!» Шарқиёнро даъватат дар ёд монд, Ҳар диле бо ёди рӯят шод монд. Вақт омад, меҳмонон мерасанд, Аз ҳама кишвар адибон мерасанд. Дар ҳамин шеър шоир хислатҳои неки мардуми ӯзбекро дар симои «духтари ӯзбек» ёд намуда, ҳикояташро идома медиҳад. Устод мардуми меҳмоннавоз будани ӯзбеконро бо меҳр таъкид менамояд. Чунки адиб инро зиёд дидааст ва хуб медонад, ки тоҷикону ӯзбекон асрҳо дар муҳаббату самимият зиндагӣ мекунанд. Устод Турсунзода боз ҳам ба қаҳрамони лирикии худ «духтари ӯзбек» муроҷиат намуда, дар пазироии меҳмонон чӣ кор кардани ӯро ёдовар шуда гуфтааст: Духтари ӯзбек, соҳибхонаӣ, Аз камию костӣ бегонаӣ. Метавонӣ меҳмондорӣ кунӣ, Дилнавозиҳои бисёре кунӣ. Мамлакат дар ихтиёри туст, туст, Ӯзбекистон дар канори туст, туст. АМИТ «Ховар»: Агарчи ин шеър соли 1958 навишта шудааст, вале имрӯз ҳам мисли ҳамон замон гуворову ширин ва дар айни замон муҳим ва пайвандгари ин ду миллати қарин – тоҷику ӯзбек аст. Аз 1 то 4 августи соли равон аҳли фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давлати Ӯзбекистон сафар намуданд, ки онҳоро духтарони ӯзбек бо гулдастаҳо «Марҳабо!» мегуфтанд. Яъне, мисраъҳои охири шеър чунин аст, ки гӯё барои ҳамин рӯзҳо гуфта шудааст… Равшан РАҲМОНӢ: Бале, шоир гӯё ин мисраъҳоро барои ҳамин дидор гуфтааст: Ман ба ёрии ту шодон меравам, На ба по, бо сар шитобон меравам. Маҷлисороӣ туро хос аст, хос, Хотири ёрони худро дор пос. Даст дар бар карда, сӯи дар биё, Меҳмон омад ба дар, гӯ: – Марҳабо! Он меҳмоннавозие, ки устод Мирзо Турсунзода дар шеъри «Марҳабо!»-и худ гуфта буд, дар ин рӯзҳо боз ҳам бештар намоён гардид. Аҳли илму фарҳанги Тоҷикистон пас аз бозгашт аз Ӯзбекистон аз тариқи воситаҳои ахбор такрор ба такрор ёдовар шуданд, ки ӯзбекҳо онҳоро бо меҳмоннавозии хос пазироӣ намуданд. АМИТ «Ховар»: Шоири маҳбуби ӯзбек Эркин Воҳидов низ дар шеъри «Тожик биродаримга» (Ба бародари тоҷикам) аз Берунию Сино ва Ҷомию Фонӣ ёдовар шуда, тоҷиконро қадрдону ҷон ба ҷони диёр номидааст… Равшан РАҲМОНӢ: Устод Эркин Воҳидов дар солҳои 70-уми садаи ХХ дар яке аз шеърҳои хеш дӯстии воқеии мардуми тоҷику ӯзбекро ситоиш намуда гуфтааст: Биз икки ёндош юртга, Қадрдон жондош юртга, Қадимдан қондош юртга, Фарзанд бӯламиз, дӯстим. Мо ба ду дӯсти ҳампаҳлӯ, Қадрдону ҷон ба ҷони диёр, Аз қадим ҳамхуни диёр, Фарзанд мешавем, дӯстам. (Тарҷумаи таҳтуллафзӣ). Устод дар мисраъҳои баъдӣ бо забони сода, бо калима ва ибораҳои оммафаҳми тоҷикию ӯзбекӣ, ки хонандаро ба ваҷд меоранд, навиштааст: Кору ишу амалдан, Ҳамхудамиз азалдан, Бир байт каби ғазалдан, Пайванд бӯламиз, дӯстим. Дар кору бору амал, Ҳамхудаем аз азал, Чун байти як ғазал, Пайванд мешавем, дӯстам. (Тарҷумаи таҳтуллафзӣ). Ин шоири маҳбуби ӯзбек барои нишон додани ин дӯстӣ ба шаҷараи гузашта ишорат менамояд, аз кӯҳҳои сарбаланди Тиёншону Помир ёдовар мешавад ва мегӯяд ин дӯстӣ амсоли ин кӯҳҳо пойдору устувор аст: Шажарада томирмиз, Тиёншонмиз, Помирмиз, Ӯзимизни танирмиз, Баланд бӯламиз, дӯстим. Дар шаҷара ҳамрешаем, Тиёншону Помирем, Худамонро мешиносем, Баланд мешавем, дӯстам. (Тарҷумаи таҳтуллафзӣ). Эркин Воҳидов ба таърих рӯ меорад. Аз симоҳои беназрии илму адабиёт ёдовар мегардад. Ба ин васила таъкид менамояд, ки мо бояд дӯстӣ ва меҳурбонии гузаштаи худро бидонем ва ин дӯстиро идома бидиҳем: Беруний Синоларга, Жомийдег сиймоларга, Фонийдег даҳоларга, Ғафру Мирзоларга, Дилбанд бӯламиз, дӯстим. Ба Берунию ба Синоҳо, Ба чун Ҷомӣ симоҳо, Ба чун Фонӣ даҳоҳо, Ба Ғафуру Мирзоҳо, Дилбанд мешавем, дӯстам. (Тарҷумаи таҳтуллафзӣ). АМИТ «Ховар»: Ҳарчанд шеъри «Тожик биродаримга» (Ба бародари тоҷикам) ба мисли шеъри «Марҳабо!»-и устод М. Турсунзода дар замони Шӯравӣ суруда шудааст, вале имрӯз ҳам ҳамоно арзиши баланд дорад… Равшан РАҲМОНӢ: Албата, Эркин Воҳидов баъдҳо ин шеърро бо виростории нав ба нашр расонидааст. Аммо ҳамон нусхаи аввали шеър, ки соли 1978 чоп шудааст, гӯё имрӯзро ситоиш мекарда бошад ва барои хонанда хушсадою хушнаво аст. Эй биродарим, қуллуқ, Бугун зафарлар қутлуғ, Дилдан яйраб, ӯзда йӯқ, Хурсанд бӯламиз, дӯстим. Бу қут қулуқ Ватанга, Яна қуллуқ Ватанга, Шундай улуғ Ватанга, Фарзанд бӯламиз, дӯстим. Эй биродарам, табрик, Имрӯз зафарҳо табрик, Дар дил шодем, бехудем, Хурсанд мешавем, дӯстам. Бар ин муборак Ватан, Боз ҳам муборак Ватан Ба ин Ватани муқаддас, Фарзанд мешавем, дӯстам. (Тарҷумаи таҳтуллафзӣ). Аз байтҳои охири шеър чунин ба назар мерасад, ки Эркин Воҳидов дар он солҳо дӯстии ҳамин ду давлат – Тоҷикистону Ӯзбекистон, зафарҳо ва шодкомиҳои имрӯзи ин ду халқи бародарро ситоиш кардааст. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.