Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » РАМЗОШНОИ МАЪНӢ

РАМЗОШНОИ МАЪНӢ

16-04-2021, 09:14
Хабарро хонданд: 688 нафар
Назарҳо: 0
РАМЗОШНОИ МАЪНӢ
Ба дарёфти Ҷоизаи адабии устод Мирзо Турсунзода


(Андешаҳо атрофи мунтахаби ашъори шоир Хайрандеш зери унвони «Ҳамешабаҳор», интишори чопхонаи «Ношир» Хуҷанд 2020)
Ин китоби тозанашри шоири маҳбубу соҳибарҷу эҳтироми қаламрави шеъри мардумии тоҷик устод Хайрандеш ба теъдоди ҳазор нусха фарогири беш аз як саду навад ғазал буда, дастагули хушбуи пурмуаттар бар ошиқону шефтагони назми оламшумули тоҷик чун ҳадяи пурарзиши ҷашни пуршукӯҳи сисолагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азиз тақдим гардида, саҳифаи пуробурангеро дар дунёи пур аз розу ниёзи шеъри муосири тоҷик боз намудааст. Номи пурифтихори ин шоири маҳбуби тоҷик аз соли 1983 миёни хонандагони хушзавқи Ватан соҳибарҷу эҳтиром гардида, ашъори рангинбаёнаш қалбҳои ҳазорон шефтагони назми мардумиро ба шӯр овардааст. Бӯстони ашъори пур аз тахаюл ва рамзошнои маъниҳои мардумиаш, ки сарополутфхезу лутфрез мебошанд, боғистони шеъри тоҷикро хушобуранг намуда, сарҷӯи шеъри ноби мардумиро ҳусну қубҳи ҳазорранг бахшидааст. Боғзори шеъри замони нав, аслан замони истиқлолияти давлатӣ номҳои пурифтихори шоирони дар воқеъ мардумӣ ва маҳбуби замон устодон Низом Қосим, Маҳмадалии Аҷамӣ, Абдулқодири Раҳим, Салими Хатлонӣ, Рустами Ваҳоб, Сиёвуш, Салими Зарафшонфар, Озар, Озарахш, Фарзона, Шаҳноза, Шаҳодат, Нисо, Офоқ, Парисо, Маликаи Аваз, Адибаи Азиз, Раънои Зоирдухт, Раънои Мубориз ва даҳҳои дигарро ба хонандагон муаррифӣ намуда, ҳар кадоме аз онҳо бо ашъори рангинаш ин боғи маониро рангубӯи тозае бахшидааст. Ҳарчанд ки ашъори шуарои замони Шӯравии тоҷик устодон Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Муҳаммадҷон Раҳимӣ, Мӯъмин Қаноат, Бозор Собир, Ашур Сафар, Ғоиб Сафарзода, Лоиқ Шералӣ, Мастон Шералӣ, Ҳақназар Ғоиб, Сафармуҳаммад Аюбӣ, Ҳадиса, Гулрухсор, Шаҳрия, Меҳринисо, Рафоат ва даҳҳои дигар боғи ҳамешабаҳори адабиёти Шӯравии тоҷикро ҳусну таровати хосае бахшидаанд. Ашъори саропо мардумии устод Хайрандеш бо сабку услуби хоси тоҷикӣ ба бӯстони шеъри тоҷик рангу бӯи тоза бахшида, ин бӯстонро хушобу ранг намудааст. Ҳарчанд баъзе аз ҳамқадамони ин ҷода сабку услуби шеъри мардумии устод Хайрандешро дуруст дарк накарда, ӯро бо содабаёнӣ ва таоруфҳои мардумӣ гоҳо баҳои нодуруст мегузоранд. Устод Хайрандеш, ки зодаи қаламрави саропо савтрезу савтхези Кӯлоб мебошад, оҳанг ва савтиёти мардумӣ дар шеъраш хеле баланд буда, дар сабки гӯишаш тақлиду фалсафафурӯшӣ кам ба назар мерасад. Хеле бомаврид медонам, ки назари муҳаққиқи ҷавон ва шинохтаи эронӣ Сайид Ҳусейни Кошониро, ки дар як мақолаи хеш дар маҷаллаи «Пайғом» атрофи шеъри ҷавонони қаламроҳи эҷоди Тоҷикистон баён намудааст, ин ҷо биёрам. «Шоир Хайрандеш миёни даҳҳо шоирони ҷавони ин қаламрав пешгомтар буда, сабки нигоришаш хуросонии мардумӣ буда, ҷумалот ва калимоти пуробуранги ашъораш хонандаро мафтуни маъниҳои бикр намуда, товуси хиёлаш сайдгир мебошад. Тасвирҳои пуробуранги мардумиашсаршори таъоруфҳои хуросонӣ буда, баёни шеъраш сода ва сабку услуби эҷодаш қалбошнои зиндагии мардум мебошад». Иддае бо ном саррофони шеъри нави тоҷикӣ, ки аз савтиёт ва оҳангҳои шеъри мардум бехабаранд, бо фалсафафурӯшӣ ва суратбозии шеър бозори худро гарм намуда, тақлиди беҷои мушкилбаёниро шеъри «олӣ» ном бурдаанд. Гӯиё ҳамаи онҳо бо таъбирҳои мушкили пур аз муарработ эҳёгари таъбирҳои Мирзо Абдулқодири Бедил мебошанд. Ҳол он ки адабиёт моли мардум буда, шеър марҳамбахши дарди онҳост. Риндиву озодандешии дар муқобили ҳама сахтиҳои рӯзгор бар равони мардум марҳам бахшида, онҳоро бо замон мутобиқ гардонидааст. На дар муқовимат ва ниқору нафрат нисбат ба воқеаҳои давру замон.Шеъри устод Хайрандеш дар ҳама маврид бар ҷароҳатҳои мардум марҳам бахшида, онҳоро дар рӯҳияи иттиҳод ва ҳамбастагӣ сарҷамъ сохтааст.
Тоҷикистонро чу Мисру Чину Руму Рай кунем,
Ёд аз Ҷамшеду Ковусу Қубоду кай кунем.
Асрҳое аз ҷудоиҳо шикоят кардаем,
Шарқро даъват ба Ваҳдат аз тилисми най кунем.
Олами фонӣ намеарзад барои душманӣ.
Душманӣ ҳар кас кунад, мо дӯстӣ бо вай кунем.
Мо мувофиқ дӯст ҷустем дар серӯза умр,
Ошноӣ бо мунофиқмардумон то кай кунем.
Ишқ агар Яздонӣ ояд, Яздгирафкан шавем,
Май агар ирфонӣ ояд,кӯзаҳо пурмай кунем.
Сер аз дидори ҳам гардему аз гуфтори ҳам,
Маҳфилу базму зиёфатҳои пайдарпай кунем.
Муждаи форам расид аз форуми байналмилал,
Шайхи Хайрандешро Шамсулҳақи Шанхай кунем.
РАМЗОШНОИ МАЪНӢ
Ҳамин муҳаббат ва самимияти ватандорӣ ва башардӯстии шоир дар таоруфҳои мардумии «тилисми най», «Яздгирафкан», «Майи ирфонӣ», «Шамсулҳақи Шанхай» ба зебонигорӣ ва лутфу баёни ӯ қабои муҳаббат ба бар намуда, зуд бар қалбҳои хонанда маскан мегирад. Орзуву омоли шоир, ки иттиҳод, ҳамбастагӣ ва башардӯстии миллат ва давлат мебошад, бар абёти ӯ рӯҳу равон бахшида, яъсу навмедиро аз қалбҳо зудуда, шодиву фараҳро дар хирмани орзуҳояш танинандоз месозад.
Содабаёнӣ ва дар баёни фикр истифода намудани таъоруфҳои мардумӣ шеъри шоирро ҳамнишини қалби хонанда намуда, мақсаду мароми шоирро хеле ба осонӣ манзури онҳо мегардонад. Шояд ҳамин тарзи эҷоди шоир бошад, ки ҳеҷ кадоме аз ҳамқадамонаш чун ӯ миёни мардум маъруфият надорад. Пас, маъруфияти шеъри шоир, ки моли ҳалоли адабиёт мебошад, маъруфияти аҳли қалам ва эҷоди кишвар аст. Нигоҳи шоир ба ҳамқаламону ҳамқадамон ва аҳли эҷоди кишвар он қадар самимона ва пурмуҳаббат рӯи саҳфа омадааст, бинобар таъбири мардум «ба боғи эътибор»-и шоир шукуфоӣ бахшидааст:
Тамоми шоирон доранд шӯри мавлавиёна,
Намедонам, ба ин даъво ту розӣ мешавӣ ё на?
Ба ин рафтору гуфторе, ки ман дорам ба ҳар маҷлис.
На ҳушёрам тавон гуфтан, на донишвар, на девона.
Китоби бад надорад ҳеҷ гаҳ дар ҳеҷ чашм арзиш,
Китоби нағз боқадр аст чун гавҳар ба ҳар хона.
Чаро ҷоҳил банеъмат ҳасту оқил ҳаст дар заҳмат,
Чаро бояд шавад муҳтоҷ донишманду фарзона?
Маро дар байни мардум қадрдон дардошноӣ кард,
Ғазалҳое, ки мо гуфтем, дорад қадри дурдона.

Шӯру ғалаён ва ошӯби ошиқонаи шоир ӯро мебарад кӯи ба кӯ. Ва ҳамаи тӯфони пуршӯри қалбаш ӯро ором намегузорад. Бинобар таъбири мардуми «девона», ки ба хотири раҳоӣ аз маломат оварда шудааст ба ҳусну кубҳи шеъри шоир зебоӣ бахшидааст. Таъбири «девона» дар ашъори орифони машҳури классики тоҷик Аҳмади Ҷомӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ва Шиҳобиддини Сӯҳравардӣ хеле зиёд истифода шудааст. Ин ҷо барои тақвияти ин фикр аз ашъори орифонаи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ метавон инро ёдрас шуд:
Боз омадам, боз омадам, бозори мастон бишканам.
Ман аҳди солусӣ кунам, ман аҳду паймон бишканам.
Дар майкада соқӣ шавам, ғамхонаро боқӣ кунам,
Шайхон агар манъам кунанд ман аҳди эшон бишканам,
Гар Шамси Табрезӣ маро гӯяд, ки эй оҳиста бош!
Гӯям, ки ман девонаам ин бишканам, он бишканам.

Пас метавон гуфт, ки шоир Хайрандеш таъбирҳои мардумии «Шӯри мавлавиёна» ва «на донишвар на девона»-ро хеле бомаврид дар шеъраш истифода намудааст. Он гуна, ки пештар гуфта будем, оҳанг ва тароватҳои савтиёти мардумӣ дар ашъори шоир Хайрандеш хеле зиёд буда, бад-ин хотир ашъораш вирди аксари мардум буда, аксари овозхонҳо бо оҳангҳои марғуби мардумӣ онҳоро мехонанд. Пайванди ногусастании шоир ба таоруфҳои мардумӣ эътибори шоирро миёни мардум хеле баланд намуда, садҳо навқаламони қаламроҳи шеъру сурудаҳои мардумӣ худро шогирди ҳақиқӣ ӯ медонанд. Ҳарчанд ки маҳфили адабии устод Хайрандеш чиҳилсол боз дар ба рӯи мардум боз намуда, садҳо шогирдонро соҳибкитоб ва соҳибэътибор намуда, нафароне чанд соҳиби унвону ҷоизаҳои баланд низ гардидаанд. Сурат ва сирати устод Хайрандеш шабеҳи шеъраш хеле ва хеле тоҷикӣ мебошад. Ҳар куҷо, ки ӯ по гузорад онҷо шеърхезу шеърборон мегардад. Ҳама назокату латофат ва самимияти шоирӣ на танҳо дар ашъораш балки дар сураташ низ аён аст. Биёед, баёни ин маъниро дар шеъраш бубинем.

Заб фикру хаёли хом кардем,
Бо беадабон салом кардем.
Беҳуда дар ин диёр худро,
Бар шоҳу гадо ғулом кардем.
Муҳтоҷи ҳазор марду номард,
Овораи сад мақом кардем,
Пажмурдагули рамидабӯро,
Афсӯс, ки эҳтиром кардем.
Як буттаи хор буд, аммо,
ӯро гули лола ном кардем.
Гуфтем кунем ҷангу ҷанҷол,
Андешаи хосу ом кардем.
Эй вой ба ҳоли Хайрандеш,
Гуфтему ғазал тамом кардем.

Дар ҳамин ҳафт байт, ки саропо саршор аз таоруфҳои мардумӣ мебошад, оҳангу савтиёт ва ширинбаёнӣ ин ғазалро миёни мардум хеле овозадор намуда, онро аксари овозхонҳо оҳанг баста мехонанд. Он гуна, ки дар оғоз китоби тозанашри «Ҳамешабаҳор»-ро туҳфаи хубе ба истиқболи сисолагии Истиқлолияти давлатии кишвар ба ошиқону шефтагони ашъори шоир Хайрандеш ном бурдем, дастагулеро аз ин боғи маъонӣ ба истиқболи ин санади фархундаи мардумӣ манзури хонандагон гардонида, рангинхаёлӣ ва ширинбаёнии шоирро ба хонандагон ҳавола хоҳем намуд:
Сӣ сол пур аз омил, сӣ сол пур аз амал,
Сӣ аср баробар нест зинҳор ба ин сӣ сол.
Сӣ сол таҳаммул буд, сӣ сол таҷаммул буд,
Сӣ сол набуд ошӯб, сӣ сол набуд ҷанҷол.
Сӣ сол, ки Ваҳдат буд, Ваҳдат гули давлат буд,
Сӣ сол Ватан гул кард, аз накҳати Истиқлол.
Будем ҳама оқил, будем ҳама оҷил,
Будем ҳама фоил, будем ҳама фаъол.
Тоҷик ба шаб маҳ ёфт, тоҷик шаҳаншоҳ ёфт.
Эмомалии Раҳмон – ганҷинаи беамсол.
Дар ҳошияи таърих бо оби тилло сабт аст,
Иҷлосияи қисмат, Иҷлосияи иқбол.
З-ин қисмату з-ин иқбол кун тантана Хайрандеш
Парвози ту то бошад парвози мутантанбол.


Иҷлосияи тақдирсозе, ки сарнавишти миллат ва давлат дар он роҳи ҳалли боҳамоии миллат ва қаламрави аҷдодии мо тоҷикон саҳми хешро гузоштааст, сазовор бо ҳама ситоишҳо будаву ҳаст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои муаззами миллат Президенти мардумии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар сангинтарин лаҳзаҳо кафолати ҳастии давлату миллатро бар дӯши хеш гирифт ва мову манҳоро ба ин рӯзи фарруху фархунда оварда расонид, хуршеди истиқлолият сазовор ба ҳама арҷгузории шуаро ва уламову удабои кишвар буда, ӯ тимсоли беҳамтои ватанхоҳони кишвар мебошад. Шоир хеле хуб ва бамаврид аз ин абармарди таърихи навини давлатдории мо тоҷикон ёд намуда, сӣ соли Истиқлолияти давлатиро болотар аз сӣ аср гузоштааст ки ин таъбир ифодагари ормонҳои миллати таърихофари достонангези тоҷик мебошад. Дар ин маҷмӯи ашъори шоир ҳама ормонҳои миллии мо тоҷикон таҷассум гардида, туҳфаи хуби ӯ ба ҷашни сисолагии Истиқлолияти давлатии кишвар буда, ин боғи ҳамешабаҳор сазовор ба Ҷоизаи адабии устод Мирзо Турсунзода хоҳад гардид. Бошад, ки ҳакамони ин озмун назари ошиқону шефтагони ашъори шоирро ба инобат гирифта, ин мунтахаби ашъори шоирро қадрдонӣ намоянд.
Ҷумъахони Темурзода
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: