Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Вассофи ободии диёрам

Вассофи ободии диёрам

11-03-2020, 11:46
Хабарро хонданд: 249 нафар
Назарҳо: 0
Шоир, драматург, тарҷумон ва журналист Абдуқаҳҳори Қосим 27 январи соли 1965 дар деҳаи чоруми совхоз-техникуми ба номи Куйбишеви ноҳияи Вахш, дар оилаи устои оҳангар таваллуд шудааст. Баъди хатми мактаби миёна шомили Донишгоҳи омӯзгории ба номи Қандил Ҷӯраев (ҳозира Садриддин Айнӣ) гардида, онро соли 1986 хатм кард. Абдуқаҳҳори Қосим алҳол сокини шаҳри Турсунзода буда, дар вазифаҳои мудири китобхона, директори Осорхонаи таърихӣ - кишваршиносии ба номи Мирзо Турсунзода ва мудири Бахши Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон фаъолият намудааст.
Китобҳои ӯ бо номи «Алифбои шавқовар», «Дар дил баҳор дорам», «Бешаи анбӯҳи андеша», «Садои дил», «Ворисон», «Панд ё кулчақанд», «Ваҳдатофар», «Сарзамини сабзи хотир», нашр шуда, пешкаши хонандагон гаштааст. Ҳамзамон, шеърҳои бо забони русӣ навиштаи ӯ дар маҷмуаҳои: «Финалистони мукофоти ба номи Ф.Тютчев», «Лауреатҳои мукофоти ба номи В. Набоков», дипломантҳои фестивали байналмилалии «Ялос», «Российский колокол», «Русь моя», «Автограф» ва дар маҷмуаи лауреатҳои озмуни бахшида ба нависандаи испанӣ М. де Сервантес «От Сервантеса до наших дней»-бо забони русиву испанӣ дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия рӯи чоп омадаанд.
Мо бо Абдуқаҳҳори Косим суҳбате оростем, ки ҳоло фишурдаи онро пешкашатон мегардонем.
-Шеърро роздору розкушоӣ зиндагӣ мегӯянд. Шумо атрофи ин маънӣ чӣ андеша доред?
-Оре, шеър ин роҳест ба сӯи ҷаҳони орзуву омол, муҳаббат ва пулест миёни дилҳо. Маҳз ҳамин роҳ моро ба олами рангини рӯъё бурда,қалбамонро саршор аз ишқу муҳаббати поки инсонӣ мегардонад. Дар ҷои дигар, шеърро ба мафҳуми шуур шабоҳат медиҳанд, ки ин ба назари ман дуруст аст, зеро тавлиди шеър аз эҳсоси ботинии инсон дар тавъамандӣ бо тафаккур оғозмеёбад. Воқеан, шеър эҳсосоти қалби шоир мебошад, ки ҳамчун чашма ҷӯш зада, тавассути хомаи сеҳрангези ӯ рӯи авроқи сафед мерезад ва коми ташнагони каломи мавзуну маъниҳои бикрро тар месозад. Қалби шоир бисёр ҳассос, пок ва беолоиш буда, аз лаҳзаҳои гуногуни зиндагӣ ба фараҳ омада, он лаҳзаҳоро ташреҳ дода, бо зевари назокату фасоҳат ва дигар санъатҳои бадеӣ оростаю пероста намуда, пешниҳоди роғибонишеър мегардонад. Шеъри хуб метавонад ҷомеаро тарбия созад, маънавиёти ӯро баланд бардорад ва ба роҳи рост ҳидоят намояд.
Ҳамвора гуфтан ҷоиз ҳаст, ки неру ва тавоноии шеър дар пойгаҳи инсон хеле бузург аст. Шеъри ба дил наздик ба шуури инсон таъсири ниҳоят хуб расонда, одамиро ба олами рӯъё, ишқу муҳаббат, дӯст доштани Ватан ва баҳри ҳифозати он ҷони худро дареғнадоштанмебарад. Таърих гувоҳ аст, соли 1792 қабл аз оғозиҷанги Пруссия ва Австрия бо Фаронса, шоир, оҳангсоз ва афсари артиши фаронсавӣ Руже де Лил шеъре бо унвонии «Артиши Рейн» эҷод намуда ба он оҳанг баст, ки дар муддати ниҳоят кӯтоҳ байни афсарон ва сарбозон маҳбубияти ниҳоят баланде пайдо кард. Суруди мазкур сараввал ҳамчун суруди маршии федератҳои марселӣ, ки бо хоҳиши худ ба ҷабҳа мерафтанд, сароида мешуд. Баъдтар дар байни мардум чунон шуҳратёр гардид, ки онро хурду калон аз ёд карда буданд, зеро оҳанг ва мазмуни он ба ҳам тавъам афтода, дар ниҳоди шунаванда эҳсоси баланди ватандӯстиро бедор мекард. Оқибат ин шеър бо унвонии «Марселйеза» суруди миллии фаронсавиён шуд. Ба ҳамин мазмун мо шеърҳои зиёдеро медонем, ки дар тӯли таърих бо оҳанги мусиқӣ тавъам афтода, то имрӯз шуҳратёранд.
-Пас омезиши шеър бо мусиқӣ неруи тавоно шуда, ба инсон таъсири зиёдтаре мерасонад.
-Бале, ба риштаи оҳанг даровардани шеъри ба дил мақбул ба инсон таъсири дигаре дорад. Яке аз мусиқашиносон ва композитори машҳури фаронсавӣ Ижен де Иден навиштааст, ки шеъру мусиқии хуб метавонад оламиёнро ба ҳам наздик кунад. Бисёр ҷангу нофаҳмиҳо дар пояи миллатгароӣ, якдигарнофаҳмиҳо сар мезананд ва шоири инсондӯст бояд пеш аз ҳама, мардумро ба инсондӯстӣ талқин созад. Тамоми мардуми дунё, новобаста ба халқияту нажод, ранги пӯст, забон ба ҳам бародаранд, чунки мо ҳам инсон ҳастем.
-Пас, суруд ҳам эҷод кардаед?
-Бале, ман беш аз 80суруд дар жанрҳои гуногуни мусиқӣ эъҷод кардаам. Аз ҷумла, сурудҳои «Арӯси Қаратоғӣ», «Арӯс гуселон», «Ёр ба боғмеравем»даржанрифолклор, «Куштмаробӯи ту», «Фалак ту розам бишунав», «Наврӯз», «Ваҳдат муборак!», «Куртачакан» ва ғайраро дар жанри фалак навиштаам. Инчунин, ба навиштани шеъру суруд барои чорабиниҳои фарҳангиву сиёсии шаҳри Турсунзода камар баста, то имрӯз беш аз 100 суруди маросимӣ бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ эҷод кардаам. Аз интернет истифода бурда, бо бисёр шоирону нависандагони дунё шиносоӣ пайдо кардаам. Чакидаҳои хомаам дар зиёда аз 10 китобҳои дастаҷамъӣ дар Федератсияи Русия, Олмон, Озарбойҷон ва Сербия бо забонҳои англисӣ, русӣ, немисӣ, сербӣ ва испанӣ рӯи чоп омадаанд. Бештари ашъори камина дар мавзӯи ватандӯстӣ буда, дар тамоми чорабиниҳои фарҳангии шаҳри Турсунзода ва ҷумҳурӣ, инчунин пешвозгирии меҳмонони олиқадр истифода мешаванд.
-Шумо муассиси маҳфили адабии “Ворисони Турсунзода” ҳастед, ки аз соли 2011 инҷониб, фаъолият дорад. Дар бораи фаъолияти имрӯза маҳфилатон чанд сухан мегуфтед.
-Соли 2011 дар театри опера ва балети ба номи устод Садриддин Айнӣ садсолагии зодрӯзи Қаҳрамони Тоҷикистон, сарояндаи сулҳу амонӣ, устод Мирзо Турсунзодаро ҷашн мегирифтанд. Банда низ дар ин чорабинӣ ширкат меварзидам. Вақте, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба толор баромада, бо адибони ҷумҳурӣ ва пайвандони устод Мирзо Турсунзода вохӯрӣ карданд, ба пайвандони устод муроҷиат намуданд: “Чаро касе аз шумо роҳи устод Мирзо Турсунзодаро идома намедиҳед?” Ин лаҳза вуҷуди маро як эҳсоси ғайриоддие фаро гирифт, ки оянда тамоми ҳаёту фаъолияти маро муайян намуд. Баъди ин, дар назди худ мақсад гузоштам, ки тамоми ҳастиамро ба ин роҳ равона созам, то ки вориси ҳақиқии устод бошам. Аввалин кори ман, таъсиси маҳфили адабии “Ворисони Турсунзода” буд, ки дар атрофи он намояндаҳои мардуми тоҷикзабон ва ӯзбекзабон ҷамъ омадаанд. Имрӯз маҳфили мо фаъолияти хеле хуб дорад. Дар ҳама чорабиниҳои дар шаҳри Турсунзода баргузоршаванда ҳамеша намояндагони мо ширкат меварзанд.
- Медонем, ки шумо дар чандин фестивалҳои адабии байналхалқӣ иштирок карда, обрӯ ва нуфузи миллати моро баланд бардоштаед. Дар ин боб чанд сухан мегуфтед.
-То имрӯз ба фестивалҳои гуногуни адабии байналхалқӣ дар Русия (Қрим) ва Озарбойҷон даъватӣ шуда, соҳиби ҷоизаҳои гуногун гаштаам. Аз ҷумла, соли 2017 ҷоизадори мукофоти ба номи Фёдор Тютчев ва дипломанти Фестивали байналмилалии мусиқӣ ва шеъри ба номи Лев Болдов, «Ялось»-2017, соли 2018 лауреати мукофоти ба номи Владимир Набоков ва нависандаи машҳури испанӣ Мигел де Сервантес шудам. Моҳи июни соли 2019 бошад, дар шаҳри Тюмен ба медали нуқраи фестивали адабиву омӯзишии умумироссиягӣ «Лиффт» сазовор шуда, парчами Тоҷикистонро парафшон намуда, ба фестивали адабии Авруосиёгӣ дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон роҳхат гирифтам, дар қатори олимону шоирони маъруфи 52 давлати дунё, ки мақсади он ташвиқи сулҳу ваҳдат ва бародарӣ дар рӯи дунё мебошад, ширкат варзида, ба медали тиллои ҳамин фестивал сазовор гардидам. Айни ҳол ба ҷашнвораи 30 юмин солгарди фестивали калонтарини ҷаҳонии сарояндагони сулҳ-Меделин, ки 40-солагии алтернативаи мукофоти Нобел, низ дар он ҷашн гирифта мешавад ва он моҳи июни соли 2020 баргузор мегардад ва Фестивали Авруосиёгӣ дар Туркия даъватӣ шудаам. Боиси тазаккур аст, ки дар фестивали байналхалқии адабии Меделин шоирону орифон аз 174 давлати дунё ширкат меварзанд. Айни ҳол, тариқи сомонаҳои интернетӣ бо шахсиятҳои шинохтаи адабии беш аз 20 давлати дунё робитаи дӯстии адабӣ дорам. Тарғибидастовардҳои Тоҷикистони азиз, адабиёт, санъат ва дӯстии халқҳою сулҳу осоиштагӣ, мақсади асосии ман аст.
-Абдуқаҳҳори Қосим имрӯз ҳамраиси (сопредседатель) Шӯрои адабии Ассамблеяи халқҳои Авруосиё, узви Академияи адабиёти рус, Иттифоқи эҷодии АвруОсиё аст. Чӣ хел шумо ба ин дастовардҳою мартабаҳо расидед?
-Ҳамаи дастовардҳои камина, ба шарофати Ватани соҳибистиқлоли озодам ҳаст, ки дарҳои он ба тамоми давлатҳои ҷаҳони мутамаддин боз ҳаст. Имрӯз ҳар эҷодгар метавонад робита бо шоирон, нависандагон ва умуман,бо фарҳангиёни дунё дошта бошад. Аз ҳама хубаш он аст, ки имрӯз мо, эҷодкорон, шароити хуби кориву эҷодӣ дорем. Фаъолияти каминаро ба назар гирифта, соли 2016 ба ҳайси ҳамоҳангсози Раёсати байналхалқии Иттиҳоди байналмилалии нависандагон, драматургон ва журналистон, соли 2017 ба узвияти Гилдияи эҷодкорони Авруосиё, Лондон, аз соли 2019 ба узвияти Академияи адабиёти Русия ва Ассамблеяи халқҳои АвруОсиё қабул намуда, ҳамраиси (сопредседатель) Шӯрои адабии Иттиҳоди байналхалқии нависандагон ва хонандагони СПИЧ-и Ассамблеяи халқҳои Авруосиё, интихобам намуданд. Инак, метавонам дар таҳкими дӯстии адабии шоирону нависандагони дунё ва таблиғи забони ноби тоҷикӣ, дӯстиву бародарӣ ва сулҳу амният саҳми худро гузорам.
- Чӣ гуфтание доред, ки онро дар хотимаи сухбати имрӯза иброз кардан мехостед?
- Дар анҷом мехоҳам гӯям, ки бояд шукри истиқлол, шукри оромию осоиштагӣ ва ободу зебо гаштани Ватани азизамонро кунем, ки сол то сол ҳар гӯшаи он ба худ ранг ва намуди нав мегирад. Ҳамзамон, ба бахти мо Худованд Сарвареро ато фармудааст, ки ҷони худро дареғнадошта, бамардумиинсарзаминсулҳ оварданд ва Ватану миллатро аз хатари нобудшавӣ эмин доштанд. Тоҷикон баъди ҳазор сол аз нав соҳиби давлат шуда, Пешвои воқеии худро дар симои фарзанди бонангу номуси тоҷик Эмомалӣ Раҳмон дарёфтанд. Дарвоқеъ, Пешвои муаззами миллатамон монанди офтоб бо муҳаббати бепоён тавонистаанд, ки ба дилҳои мардум гармӣ бахшида, барои эҳёи миллату давлат, ваҳдату созандагӣ ва меҳанпарастӣ, хизматҳои бесобиқа ва арзишмандеро ба сомон расонанд.
Дар робита бо мазмунҳои болоӣ, мо,эҷодгарон, низ ҳамеша саъй мекунем, ки дар пешрафт ва таҳкими самти фарҳангии ватанамон ҳиссагузор бошем ва номи Тоҷикистони азизамонро дар арсаи байналмилаллӣ баланд бардорем.

Тағоймуроди Орифӣ














Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: