Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » КАМБУДИҲОРО ИСЛОҲ БОЯД КАРД

КАМБУДИҲОРО ИСЛОҲ БОЯД КАРД

25-06-2021, 16:19
Хабарро хонданд: 233 нафар
Назарҳо: 0

Имрӯзҳо Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва тамоми сохторҳои он дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон омодагӣ гирифта, пеш аз ҳама, ба ташвиқи дастовардҳои Истиқлол камар бастаанд. Бинобар ин, кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо муваззаф гардидаанд, ки дар баробари нақшаи кории солонаашон, инчунин, дар асоси нақшаи кории алоҳида бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, ки аз сӯи Дастгоҳи марказии КИМ ҲХДТ тасдиқ гардидааст, як қатор корҳои созандагиву бунёдкориро роҳандозӣ намуда, баҳри ободу зебо гардонидани ҳар як гӯшаи диёр саҳми назаррас гузоранд.
Дастгоҳи маркказии КИМ ҲХДТ баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳо ва ошкор намудани камбудию норасоиҳо дар кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, назоратро пурзӯр намуда, ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта аз ҷониби мутахассисон ба масъулини ҳизбӣ тавсияҳои муфид дода мешавад.
Мутобиқи нақшаи корӣ, ҷиҳати таҳлили фаъолияти кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон рӯзҳои 17-18 июни соли равон ҳамроҳи Рӯзизода Фирӯз-мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Дастгоҳи КИМ ҲХДТ ба ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Варзоб сафари корӣ анҷом додем.
Дар ҳар ду ноҳия ҳам мушкили асосӣ, ин набудани биноҳои алоҳидаи ҳизбӣ ва нарасидани ҳуҷраҳои корӣ мебошад. Қайд кардан ба маврид аст, ки дар доираи дастуру супоришҳои роҳбарияти олии ҳизб, соли равон кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Варзоб соҳиби бинои ҳозиразамон хоҳанд шуд. Дар ноҳияи Рӯдакӣ сохтмони бинои сеқабатаи ҳизбӣ бо маром идома дорад. Айни ҳол, корҳои сохтмонӣ дар қабати сеюми бино ҷараён дорад. Роҳбарияти ноҳия ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ният доранд, ки ҳарчи зудтар бинои ҳизбиро мавриди истифода қарор диҳанд. Дар ноҳияи Варзоб низ сохтмони бинои сеқабата ба нақша гирифта шудааст, ки айни замон корҳои сохтмонӣ дар қисмати таҳкурсии бино оѓоз шудааст. Масъулин тасмим доранд, ки корҳои сохтмониро дар бинои мазкур то охири соли ҷорӣ ба итмом расонанд.
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Рӯдакӣ, феълан дар бинои Китобхонаи марказии ноҳия иҷоранишин аст, ки ҳамагӣ 4 ҳуҷраро дар ихтиёр дорад. Дар кумита ҷамъ 8 нафар фаъолият мекунанд. Тибқи ҳисобҳои оморӣ шумораи аъзои ҳизб дар кумита 9615 нафарро дар бар мегирад. Шумораи ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ бошад, 101 ададро ташкил медиҳад. Ба иттилои масъулин, аз ин шумора 7 ташкилоти ибтидоӣ бинобар сабаби қатъ ва ё таѓйир додани самти фаъолияти корхонаҳо дигар ҳамчун ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ фаъолият намекунанд.
Тавре дар боло зикр кардем, кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳо бояд дар асоси нақшаи корӣ амал кунанд, ки он аз ҷониби Дастгоҳи КИМ ҲХДТ тасдиқ мегардад. Дар кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Рӯдакӣ низ нақшаи корӣ барои нимсолаи соли 2021 вуҷуд дошт. Тавре мушоҳида гардид, ҳуҷҷатгузории рафти иҷрои он номукаммал аст. Дар ин ҷо тамоми ҳуҷҷатҳои содиротиву воридотӣ ҳамарӯза дар китоби алоҳида ба қайд гирифта мешавад.
Тайи чанд соли охир дар кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо «қабулгоҳҳои ҷамъиятӣ” фаъолият мекунад, ки масъулини кумитаҳои иҷроия ба корафтодагон суҳбат намуда, барои ҳалли мушкилашон ба онҳо маслиҳат медиҳанд. Дар “қабулгоҳи ҷамъиятӣ”-и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Рӯдакӣ, дар китоби қайди арзу шикоятҳо давоми соли ҷорӣ наздики 100 нафар муроҷиаткунанда ба қайд гирифта шудааст. Раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Ҳамзаалӣ Юсупов гуфт: “Аксари нафарон барои гирифтани ёрии моддӣ ба мо муроҷиат мекунанд. Албатта, ба қадри имкон ба онҳо кумак мерасонем. Аммо на ҳама вақт имкони онро дорем, ки хости онҳоро иҷро кунем. Ба ҳар сурат, мо кӯшиш мекунем, ки дар ҳалли мушкилоти онҳо мусоидат намоем”.
Дар чанд ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, ки мо дидан намудем, баъзе камбудиву норасоиҳо ба назар мерасанд. Барои мисол, дар Ташкилоти ибтидоии ҶДММ “Нури тиб” овезаҳои ҳизбӣ на дар ҳуҷраи алоҳида, балки дар роҳрав насб гардида буд.
Дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Варзоб вазъият каме фарқ мекунад. Дар биное, ки кормандони ҳизбии ноҳия иҷораниниш ҳастанд, ҳамагӣ ду ҳуҷраро дар бар мегирад. Дар кумита ҷамъ 3 нафар кор мекунанд. Шумораи аъзои ҳизб 3321 нафар аст. Дар ноҳия 100 ташкилоти ибтидоӣ ба қайд гирифта шудааст. Масъулини кумита мегӯянд, нақшаи 30-солагӣ ба дафтари рӯимизии онҳо табдил ёфтааст ва кӯшиш мекунанд, ки ҳамаи дастуру супоришҳоро сари вақт иҷро намоянд.
Тавре ба мушоҳида расид, дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Варзоб низ на ҳамаи бандҳои нақшаи корӣ барои нимсолаи аввали соли 2021 иҷро шудааст.
Дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Варзоб як таҷрибаи нав низ ба мушоҳида расид. Роҳбарияти кумита ташкилотҳои ибтидоиро бо муҳр ва рақами мушаххас таъмин кардаанд, ки барои пардохтани ҳаққи аъзогӣ ва ҳамзамон, аз қайд гузаштани ҳар як аъзои ҳизб кумак намуда, кори онҳоро дучанд осон мегардонад.
Дар ноҳия аксар ташкилотҳои ибтидоӣ танҳо як ва ё ду ҳуҷраи кориро дар ихтиёр доранд. Аз ин сабаб, дар баъзе ташкилотҳо шиору овезаҳои ҳизбӣ насб нагардидааст.
Инчунин, бинобар сабаби нарасидани ҳуҷраҳои корӣ дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Варзоб барои “қабулгоҳи ҷамъиятӣ” ҳуҷраи алоҳида ҷудо нашудааст. Дар китоби қайди арзу шикоятҳои шаҳрвандон давоми шаш моҳи соли ҷорӣ 84 нафар муроҷиаткунанда сабт гардидааст.
Масъулини кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Варзоб ваъда доданд, ки камбудиҳои ҷойдоштаро дар кӯтоҳтарин фурсат бартараф мекунанд.
Аз таҳлили кори “қабулгоҳҳои ҷамъиятӣ” дар кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар ин ноҳияҳо ба хулосае омадан мумкин аст, ки дар тамоми кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо “қабулгоҳҳои ҷамъиятӣ” бояд дар асоси низомнома ё дастурамали махсус амал кунанд. Он вақт муайян мешавад, ки дар “қабулгоҳҳои ҷамъиятӣ” кадом табақаи муроҷиаткунандагонро бояд қабул кард. Зеро баъзеҳо одат кардаанд, ки бо даъвоҳои беасос ва ҳатто ѓаразнок аз болои бархе афроди обрӯманд ва ё аз болои қарорҳои судӣ, қарорҳои раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо шикоят пеш оранд, ки таъсир гузоштану ҳал кардани он на вазифаи кормандони ҳизбӣ асту на ба манфиати ҳизб. Баръакс, онҳое, ки бо даъвоҳои болохонадор ба “қабулгоҳҳои ҷамъиятӣ” муроҷиат мекунанд ва мебинанд, ки коре аз дасти онҳо сохта нест, аризаашонро як тараф гузошта, ба таънаю маломат мегузаранд, ки ин бар зарари кор аст.
Инчунин, дар фаъолияти “қабулгоҳҳои ҷамъиятӣ” як камбудии умда ин аст, ки рӯзҳои қабул муайян нест ва намояндагони сохторҳои давлатӣ, ки метавонанд дар ҳалли муроҷиати шаҳрвандон саҳм гузоранд, ҷалб карда намешаванд.
Кумитаиҳои иҷроияро зарур аст, ки ҷиҳати таъмини фаъолияти пурсамари “қабулгоҳҳои ҷамъиятӣ” ба масъалаҳои зикргардида таваҷҷӯҳ намоянд.
Ибодуллоҳи ТОҲИР
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: