Аъзои ҳизб бояд намуна бошанд17-05-2017, 14:33
Хабарро хонданд: 324 нафар
Назарҳо: 0
Мувофиқи Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар муддати дувуним сол Конференсияҳои ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар ноҳияҳо ва шаҳру вилоятҳо гузаронида мешаванд. Дар конференсияҳои мазкур аслан масъалаҳои фаъолияти кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар давраи ҳисоботӣ, навсозии ҳайати аъзои Кумитаи иҷроия, Комиссияи тафтишотӣ ва интихоби аъзои Раёсати Кумитаи иҷроия мавриди баррасӣ қарор мегиранд. РОҒУН. Конференсияи 16-уми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Роғун бо иштироки Зоир Ҳабибзода, мудири шуъбаи умумӣ, назорат ва корҳои махсуси Дастгоҳи КИМ ҲХДТ, Билол Иброҳим, раиси шаҳри Роғун ва бо ҳузури 148-нафар вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр доир гардид. Махфират Давлатова, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Роғун оид ба фаъолияти комиҷроия аз моҳи октябри соли 2014 то моҳи майи соли 2017 ҳисобот дод. Ӯ зикр намуд, ки дар ҳамаи ташкилоту муассисаҳои шаҳр, аз ҷумла дар НБО "Роғун" ташкилотҳои ҳизбӣ амал мекунад, ки аъзои он баҳри роҳандозии сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти ҳизб ҷаҳду талош доранд. Номбурда гуфт: "Соли 2015 дар шаҳр 23 ташкилоти ибтидоӣ фаъолият мекард. Соли 2016 шумораи онҳо ба 27 адад расид. Давоми 4 моҳи соли равон ду ташкилоти дигари ибтидоии ҳизбӣ таъсис дода шуд, ки дар ҳоли ҳозир шумораи ин ташкилотҳо ба 29 адад расидааст. Ғайр аз ин як Кумитаи иҷроияи ибтидоӣ низ фаъолият мекунад. Соли 2015 шумораи аъзои ҳизб дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Роғун 1952 нафар ва дар соли 2016 ин шумора ба 2852 нафар расид. Айни ҳол шумораи аъзои ҳизб 3012 нафарро ташкил медиҳад. Дар давраи ҳисоботӣ дар шаҳри Роғун як қатор чорабиниҳои муҳими сиёсӣ баргузор гардид, ки саҳми аъзо ва ҷонибдорони ҳизб хеле назаррас мебошад. Гузашта аз ин аъзои ҳизб дар давраи ҳисоботӣ ба таври доимӣ дар корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ дар байни тамоми қишрҳои ҷомеа ва бевосита дар ободу зебо гардонидани кӯчаву маҳали худ саҳми назаррас гузоштаанд". М. Давлатова инчунин афзуд, ки баробари пешравиҳо дар фаъолияти ташкилотҳои ибтидоӣ камбудиҳо низ ҷой доранд. Яке аз масъалаҳои асосӣ ин ҳамкорӣ надоштани роҳбарони ташкилоту муассисаҳо бо раисони ташкилотҳои ибтидоӣ мебошад. Мутаассифона, баъди иваз кардани раисони ташкилотҳои ибтидоӣ дар фаъолияти баъзе ташкилотҳои ибтидоӣ пешравиҳо дида намешавад. Аз ҷумла, дар ташкилотҳои ибтидоии "Хоҷагии деҳқонӣ", "Роҳсозон" ва "Санавбар" напардохтани ҳаққи аъзогӣ ва тартиби ҳуҷҷатгузорӣ, дар ташкилоти ибтидоии "Хоҷагии ҷангал", "Ҷамоати деҳоти Қади об", "Ҷамоати шаҳраки Обигарм", "Ҷамоати Сичароғ" ва дар ҶСК "Тоҷикнақбсоз" дар ҳуҷҷатгузорӣ камбудиҳо ба назар мерасанд. Ҳозирин ҳисоботи Искандар Назаров, раиси комиссияи тафтишотии ҲХДТ дар шаҳри Роғунро низ шуниданд. Ӯ ба масъалаи напардохтани ҳаққи аъзогӣ аз тарафи баъзе аъзои ҳизб дахл намуда, гуфт, ки бархе аз аъзои ҳизб бо сабаби сари вақт нагирифтани маош ҳаққи аъзогиро пардохт накардаанд ва як сабаби дигар он аст, ки баъзе аз аъзои ҳизб дар минтақаҳои зериобшаванда зиндагӣ мекарданд, ки аллакай аз ҷойи зисти худ кӯч бастаанд. Дар Конференсия ҳайати нави Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Роғун ва ҳайати нави комиссияи тафтишотӣ интихоб шуданд. Ҳамзамон пешбарии номзадҳо ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Роғун ба ивази вакилони хориҷшуда дар ҳавзаҳои интихоботии №13 ва № 25 дар шаҳри Роғун сурат гирифт. Дар идомаи Конференсия Зоир Ҳабибзода ва Билол Иброҳим оид ба беҳтар намудани сифати кори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Роғун суҳбат намуда, барои беҳбуд бахшидани корҳо ба роҳбарони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ маслиҳатҳои муфид доданд. Бо пешниҳоди раиси шаҳр ба ҳайати нави Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Роғун занону ҷавонон низ интихоб гардиданд ва ҳамзамон ба 10 нафар аъзои нав шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.