Фаъолияти қабулгоҳҳои ҷамъиятӣ ва муроҷиати шаҳрвандон15-07-2016, 10:00
Хабарро хонданд: 226 нафар
Назарҳо: 0
Бояд қайд намуд, ки бо мақсади татбиқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон», бо фармоиши Раиси Кумитаи иҷроияи вилоятӣ «Оид ба қабули шаҳрвандон аз тарафи кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд» мутобиқи нақшаи алоҳида қабули шаҳрвандон гузаронида шуда истодааст. Дар давоми нимсолаи аввали соли 2016 ба кумитаҳои иҷроияи вилоятӣ ва шаҳриву ноҳиявӣ 3281 нафар шаҳрвандон бо масъалаҳои мухталиф муроҷиат карданд.
Дар ҳалли муроҷиатҳо Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва кумитаи иҷроияи ҳизбии шаҳру ноҳияҳо аз рӯи имкон мусоидат намуданд. Инчунин, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҷиҳати пурзӯр намудани қабулгоҳҳои ҷамъиятӣ эътибори ҷиддӣ дод ва фаъолияти он ҷоннок карда шуд. Дар қабулгоҳи ҷамъиятии Кумиҷроияҳои шаҳриву ноҳиявӣ вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат меварзанд. Дар қабулгоҳҳои ҷамъиятӣ дар давраи ҳисоботӣ 145 нафар муроҷиаткунандагон иштирок намуда, ба вакилон саволҳо ва дархосту пешниҳодҳои худро иброз намуданд. Аз ҷониби вакилони халқ ва раисони Кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳо ба ҳамаи саволҳо ва дархостҳои пешниҳодшуда ҷавобҳои мушаххас дода шуда, ҳалли баъзе масъалаҳои баррасишуда ба назар гирифта шуд. Умуман аз тарафи кумитаҳои иҷроия шаҳриву ноҳиявӣ ва қабулгоҳҳои ҷамъиятӣ 3426 нафар муроҷиат намуданд. Аз муроҷиати мардум маълум мегардад, ки боварии аҳли ҷомеа ба сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон рӯз то рӯз зиёд шуда истодааст. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.