Қабулгоҳи ҷамъиятии шаҳрвандон21-10-2015, 16:59
Хабарро хонданд: 319 нафар
Назарҳо: 0
Дар асоси ҷадвали тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд доир ба қабулгоҳи ҷамъиятии шаҳрвандон ҳар ҳафта дар кумиҷроия бо иштироки аъзоёни кумиҷроия, фаъолон ва вакилони халқ рӯзи қабули шаҳрвандон баргузор мегардад.
Санаи 21-уми октябр низ бо иштироки вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд ва аз ҳавзаи интихоботии 1 Май №21 Фазлиддин Шарипов қабулгоҳи ҷамъиятӣ доир гардид, ки дар он ду нафар шаҳрвандон муроҷиат намуданд. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд муроҷиати шаҳрвандонро ба инобат гирифта, оид ба ҳали мушкилоташон чораҷӯӣ менамояд. ©Кумитаи иҷроияи ХХДТ дар в.Суғд |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.