Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » ТАҚВИЯТИ ФАЪОЛИЯТИ ҲИЗБ

ТАҚВИЯТИ ФАЪОЛИЯТИ ҲИЗБ

25-06-2020, 12:51
Хабарро хонданд: 537 нафар
Назарҳо: 0
ТАҚВИЯТИ ФАЪОЛИЯТИ ҲИЗБ
Гурӯҳи кории дастгоҳи КИМ ҲХДТ таҳти роҳбарии муовини Раиси ҲХДТ Асрор Латифзода ба шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Дӯстӣ, Ҷайҳун, Панҷ, Ҷалолиддини Балхӣ, Қубодиён, Шаҳритуз ва Носири Хусрави вилояти Хатлон сафари хизматӣ анҷом дод.
Ҳадафи сафари мазкур санҷиш ва омӯзиши фаъолияти кумитаҳои иҷроияи номбурда, иҷрои супоришҳои роҳбарияти ҳизб ва баррасии баъзе мушкилиҳои кори дохилиҳизбӣ буд.
Дар ҷаласае, ки бо ҳузури муовини Раиси ҲХДТ А. Латифзода ва иштироки кормандони дастгоҳи КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон баргузор гардид, оид ба рафти иҷрои барқияҳои телефонии Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, омӯзиши нақшаи кори кумитаҳои иҷроияи шаҳрию ноҳиявӣ ва рафти иҷрои он, фаъолияти шуъбаҳо, комиссияҳои кор бо занон ва ҷавонон, аз ҷумла Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони «Созандагони Ватан», кори кумитаҳои иҷроия ва ташкилотҳои ибтидоии он, қабули сифатноки аъзои ҲХДТ, маълумот оид ба маблағгузории кумитаи иҷроияи ҳизбӣ, сарчашмаҳои даромади молиявӣ ва истифодаи мақсадноки онҳо, ҳолати пардохти ҳаққи узвият дар ташкилотҳои ибтидоӣ ва кумитаҳои иҷроия, дастрасии нашрияҳои ҳизбӣ ба муштариён, нақшаи обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ ва рафти иҷроиши он, баҳогузории шиору плакатҳо, овезаҳо ва гӯшаҳои ҳизбӣ, ҳолати истифода аз шабакаи интернет, сомонаҳои иҷтимоӣ ва ҳизбӣ дар фаъолияти кумитаи иҷроия, шиносоӣ бо тарзи қабули арзу дархостҳои шаҳрвандон ва натиҷаи иҷрои муроҷиати шаҳрвандон, эҳсоси масъулияти баланд дар рафти кор, таъмини шароити кор, баргузории чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ вобаста ба пешгирии пандемияи нави COVID-19, масъалагузориҳо дар маҷлисҳои раёсат, дуруст тартиб додани протоколҳо, корбарӣ дар масъалаи захираи кадрӣ, огоҳ будани мутасаддиёни кумитаи иҷроияи вилоят аз фаъолияти кумитаҳои иҷроия дар шаҳру ноҳияҳо, ташкили мунтазами соатҳои сиёсӣ ва тақвият бахшидани корҳо дар ин самт изҳори назар шуд.
Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон Қ. Миралиён иттилоъ дод, ки дар самти таъмини шароити мусоиди кор аз соли 2018 то кунун дар 16 шаҳру ноҳия биноҳои нави ҳизбӣ сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Айни замон, сохтмони биноҳои маъмурии кумитаҳои иҷроияи ҳизбӣ дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Ҷ.Балхӣ, Вахш, Панҷ ва Восеъ бомаром идома дошта, дар назар аст, ки то охири соли равон ба истифода дода шаванд.
Иншооти мазкур аз ҳисоби кумитаҳои иҷроияи шаҳрию ноҳиявӣ ва саҳмгузории аъзои фаъоли ҳизб ва соҳибкорон сохта шуда истодаанд.
Таъмини кумитаҳои иҷроия бо мошини хизматӣ низ аз ҳидоятҳои Раиси ҳизб бармеояд. Маълум гардид, ки иқдоми мазкур тайи ду соли охир ҷараёни тоза гирифта, дар муддати кӯтоҳ кумитаҳои иҷроияи 17 шаҳру ноҳия бо автомашинаҳои гуногунтамға, назири “Mercedes Benz”, “Hyundai Tucson”, “Chevrolet Cruze”, ”Lacetti Cruze”, “Opel”, “Нива” ва ҳоказо аз ҳисоби маблағҳои дохилии сохторҳои вилоятии ҳизб харидорӣ гардиданд. Феълан, ба ғайр аз Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон дигар ҳамаи сохторҳои ҳизбӣ соҳиби автомашинаҳои хидматӣ шудаанд.
Роҳбари гурӯҳи корӣ, ин ободкориҳоро аз дастгирии ҳамешагии Раиси ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дониста, ҳамагонро талқин намуд, ки дар ҷавоб ба ғамхориҳо аз таҳти дил бо дасту дили пок меҳнат карда, дар ободии диёр саҳмгузор бошем ва ба ин васила, худро ҳамчун аъзои сазовори ҲХДТ муаррифӣ намоем.
Ҳамчунин, аз тарафи масъулин гуфта шуд, ки бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои роҳбарияти ҳизб вобаста ба пешгирии пандемияи коронавирус дар самти пешбурди корҳои таблиғотӣ миёни аҳолӣ чораҳои мушахахас андешида шуда истодаанд. Аз ҳисоби кормандони масъули кумитаҳои иҷроия, аъзо ва ҷонибдорони ҳизб гурӯҳҳои таблиғотӣ таъсис ёфтаанд, ки ҳамарӯза кор мекунанд. Дар ин самт, аз 3 апрел то 13 июни соли 2020 кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон вобаста ба муқовимат бо ин беморӣ низоми ҳаррӯзаи корҳои фаҳмондадиҳиро аз рӯи 12 нишондиҳанда ба роҳ мондааст. Дар ҳудуди вилояти Хатлон аз ҷониби сохторҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон то ба ин давра, бо усули «Хона ба хона» 135199 мулоқот бо фарогирии 391286 нафар доир шудааст. Инчунин, Муроҷиатномаи ҲХДТ дар шакли варақаи муҷалло - 247341 нусха, 156639 ниқоби муҳофизатӣ, 37512 зарф маҳлули антисептикӣ тақсим шуда, 1866 мавод дар сомонаи интернетии ҳизби вилоят ва шабакаи иҷтимоии Фейсбук, 3220 андешаю вокуниш ба маводи муғризона нашр шуданд. Дар ин давра, инчунин, 83509,5 кг маводи ғизоӣ, аз ҷумла 3881 литр равған ва 10100 сомонӣ, 5580 ҷуфт дастпӯшакҳои резинӣ, 245 либосҳои муҳофизатӣ ва 4492 кг маҳлули хлор дастраси табибон ва оилаҳои онҳо гардид.
Тавре маълум аст, 14 майи соли равон дар пайи омадани сел ва лағжиши кӯҳпора дар деҳаи Неъматулло Асадуллои ноҳияи Хуросон беш аз 300 оила зарар дид. Аз ҷумла, 67 хона қисман ё пурра зери лой монданд. Роҳбарияти олии кишвар барои ин оилаҳо дар ҷойи бехавф 0,8-гектарӣ замин ҷудо карданд. Ҳоло мардуми зарардида аз пайи бунёди манзилҳои худ ҳастанд ва ташкилоту муассисаҳои вилоят дар бунёд ва азнавсозии манзилҳои зисти сокинони аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Хуросон саҳм гузошта истодаанд. Дар ин радиф, саҳми аъзои ҲХДТ низ шоистаи таҳсин аст. Тибқи дастури роҳбарияти ҳизб дар вилояти Хатлон, иштироки аъзои ҳизб дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар ноҳияи Хуросон то сохта шудани охирин манзил идома хоҳад кард. Ҳамарӯза 15 нафар волонтёрон аз ҳамаи шаҳру навоҳии вилоят ба корҳои ободонӣ ҷалб мешаванд.
Аз ҷониби роҳбари гурӯҳи корӣ, муовини Раиси ҳизб Асрор Латифзода фаъолияти кормандони кумитаҳои иҷроияи вилоятии ҲХДТ қаноатбахш арзёбӣ гардида, барои рафъи баъзе мушкилиҳои дохилиҳизбӣ дастурҳои мушаххас дода шуд. Хосатан, ҳамаи кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар вилоят муваззаф гардиданд, ки ҷиҳати истиқболи шоистаи 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи саривақтии ҳадафҳои созандаи ҳизб боз ҳам бештар кӯшиш кунанд.
Тавре аз маълумоти омории КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон бармеояд, имрӯз 4187 ташкилоту муассиса дар ҳудуди вилоят фаъолият мекунанд, ки аз ин шумора дар 3042 муассиса ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ бо фарогирии 185284 нафар аъзои ҳизб ташкил шудааст.
Ҳамарӯза аз тарафи КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон рейтинги фаъолнокии сохторҳои ҳизб дар муқовимат бо коронавирус дар шакли ҷадвал таҳия шуда, дар саҳифаҳои нави фейсбукӣ – “Ояндасозӣ”, “Ҳамрози халқ” ва “Волонтёрони ҲХДТ дар вилояти Хатлон” нашр мегардад. Вазъи иқтидори кадрӣ дар сохторҳои ҳизбии вилояти Хатлон чунин аст: 222 воҳиди корӣ, аз ҷумла, дар дастгоҳи вилоятӣ 31 воҳиди корӣ ва дигар кумитаҳои иҷроия 191 нафар дар сохторҳои ҲХДТ фаъолият мекунанд.
Ҷанбаи омӯзанда дар ҳуҷраҳои кории кумитаи иҷроияи вилоятӣ он аст, ки дар гӯшае уҳдадориҳои мансабии мудир ва мутахассисон дар андозаи калони ранга чоп ва насб шудааст.
Ба гуфтаи сармуҳаррири нашрияи КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон “Ҳамрози халқ” Маҳмадалӣ Акрамов, то 10 июни соли ҷорӣ 19 шумораи нашрия чоп ва 430 маводро дар бар гирифта, 270 маводи хабарӣ, 10 маводи дастурдиҳӣ, 17 маводи таҳлилӣ ва 14 андешаю вокуниш манзури хонандагон гардонида шудааст.
Яке аз ташаббусҳои шоистаи КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон пешниҳоди лоиҳаи ангоравии сохтмони мағозаи фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ, ҳуҷраи кории раиси кумитаи маҳалла ва иншооти гигиенӣ чоҳ (заҳкаш) бо усули дренажӣ дар ҳаҷми 8х3 мебошад, ки талаботи сохтмониаш мураттаб ва пешниҳод шудааст.
Дар ҷараёни сафари хизматӣ гурӯҳи корӣ аз ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии шаҳру ноҳияҳо дидан намуда, барои тақвияти фаъолият машваратҳо доданд.
Зимнан, бо мақсади густурдатар ба роҳ мондани фаъолияти ҳизбӣ, хусусан, дар деҳоти дурдаст бо дастури бевоситаи Раиси ҳизб ба роҳбарияти кумитаҳои иҷроия дар ноҳияи Қубодиён автомашинаи хидматии тамғаи “Tayota Corolla” ва ба КИ ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав автомашинаи хизматии “Opel Frontera” дар вазъияти тантанавӣ тақдим шуд.
Метавон гуфт, ки КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон ба қабули сифатноки аъзои ҳизб, ҳаракати онҳо, самти ҳуҷҷатгузорӣ, риояи талаботи Оиннома ва низомномаҳои ҳизбӣ, иҷрои нақшаи обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо ва кор бо захираи кадрӣ, баргузории семинарҳои дастурдиҳӣ ва омӯзишӣ ва баррасии муроҷиати шаҳрвандон фаъолияти назаррас дорад.
“МХ”

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: