Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Паём ҳидоятгари мо ҳизбиён

Паём ҳидоятгари мо ҳизбиён

23-02-2016, 12:00
Хабарро хонданд: 390 нафар
Назарҳо: 0
Паём ҳидоятгари мо ҳизбиён
Ҷаласаи ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Мусофирбар” таҳти роҳбарии директори Корхонаи комуналии воҳиди давлатии “Автобус-3”-и шаҳри Душанбе ва бо иштироки Ҷурабек Муродов -мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур ва кормандони корхона доир гардид.

Сараввал, директори корхона Ғаниев Ҳамзаалӣ ҷамъомадагонро хайрамақдам гуфта қайд намуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шароити кунунӣ, яке аз ҳизбҳои пешсафи ҷомеаи имрӯза буда, дар пешрафту тараққиёти мамлакат, сулҳу суботи Тоҷикистон ва минтақа, ободию гулгулшукуфии ҷомеаи навин саҳми босазо гузошта истодааст.

Мавсуф дар охири баромадаш оиди Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар ибрози назар намуд. Номбурда қайд кард, ки аз кори имрӯзаи ташкилоти ҲХДТ дар корхона розӣ нест. Ӯ пешниҳод намуд, ки кори ташкилоти ҳизбӣ ҷоннок карда шуда, то охири ҳамин сол ба сафи ҳизб на камтар аз 30-нафар аъзоёни нав аз байни ҷавонони болаёқати корхона қабул карда шаванд.

Сипас, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансу Ҷурабек Муродов баромад намуда, ҳозиринро ба фаъолияти ҲХДТ ва бурду бохти он ба тариқи муфассал шиносонид. Баъдан панҷ нафар ҷавонон ба сафи ҳизб қабул карда шуданд.

Дар охир иштирокдорони ҷаласа масъалаи интихоби раиси ташкилоти ибтидоии “Мусофирбар” ва котиби ташкилоти ибтидоиро баррасӣ намуданд. Директори Корхонаи комуналии воҳиди давлатии “Автобус-3”-и шаҳри Душанбе Ғаниев Ҳамзаалӣ Раиси ташкилоти ибтидоии “Мусофирбар” ва муҳосиби пешбари бахши муҳосибот Насими Абдуҷаббор котиби он интихоб гардиданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: