Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Обрасон” таъсис ёфт

Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Обрасон” таъсис ёфт

23-02-2016, 11:00
Хабарро хонданд: 580 нафар
Назарҳо: 0
Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Обрасон” таъсис ёфт
Чанд рӯз пештар дар толори Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» Конференсияи якуми ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Обрасон”-и Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» бо иштироки Исупов Ф.А., директори КВД «Обу корези Душанбе», Одинаев А.А., муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Қурбонбеков Ҷ.Ҷ., роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Гадоиев Б.И., раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур баргузор гардид.

Конференсияи якуми ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе»-ро Исупов Ф.А. ҳусни оғоз бахшида, аз кумита шудани ташкилоти ибтидоӣ изҳори хушнудӣ кард. Баъдан дар назди ҳозирин раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Гадоиев Б.И. баромад намуд. Мавсуф иброз дошт, ки бо мақсади ба талаботҳои бандҳои 4,4 Оинномаи ҲХДТ ҷавобгӯ будан, дар Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҲХДТ таъсис дода шавад.

Сипас, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Одинаев А.А. дар бораи таъсис ва номгузории Кумитаи иҷроияи ҳизбӣ дар КВД «Обу корези Душанбе» маълумот дод.

Бо дарназардошти таклифу пешниҳодҳо аз тарафи Муродов Д. - вакил аз ташкилоти ҳизбии «Марказ», Раҳимова М. - вакил аз ташкилоти ҳизбии «Марказ», Маллаева Д. - вакил аз ташкилоти ибтидоии «Ронанда» ва дигар вакилони Конференсия, Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбӣ “Обрасон” номгузорӣ карда шуда, 11-нафар аз ҳисоби раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва фаъолони ҳизб ба хайати нави кумитаи иҷроия интихоб гардиданд.

Ҳамзамон маҷлиси якуми кумитаи иҷроияи ибтидоии “Обрасон баргузор гардида, Давлатов Шаҳло Мирзоевна- раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбӣ, Ҷабборов Фирдавс -муовини раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоӣ ва 9-нафар аъзои Раёсати Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Обрасон” интихоб гардиданд.

Дар охир фаъолони ҳизби корхона бо «Ифтихорнома» ва «Сипоснома»-и кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур қадрдонӣ карда шуданд.
Ҷурабек Муродов, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: