Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Болаёқат” таъсис ёфт25-01-2016, 16:00
Хабарро хонданд: 387 нафар
Назарҳо: 0
Дар Маркази ҳамоҳангсози муассисаҳои таълимӣ барои хонандагони болаёқат ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Болаёқат” таъсис дода шуд. Дар кушодашавии ташкилоти ибтидоии мазкур Носирҷон Мирзоев, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Абдусаттор Наҷмиддинов, директори Маркази ҳамоҳангсози муассисаҳои таълимӣ барои хонандагони болаёқат ва Изатуллои Ҳабибзод, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ иштирок намуданд.
Носирҷон Мирзоев, муовини раиси Кумитиа иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ зимни суханронии хеш доир ба фаъолияти ҲХДТ, нақши он дар пешбурди ҳаёти сиёсию иқтисодии кишвар, нуфузи ҳизб дар ҷомеа ёдовар шуд. Зикр карда шуд, ки ҲХДТ ҳизби созандаву бунёдкор буда, дар сафҳои он тамоми қишрҳои ҷомеа муттаҳид шудаанд. Тӯли фаъолияти худ ҲХДТ бо барномаҳои созандаи хеш дар пешбурди ҳаёти сиёсиву иқтисодии кишвар саҳми назаррас гузошта истодааст. Дар анҷоми ҷаласа, ба шахсоне, ки дар асоси аризаи шахсиашон ба сафи ҲХДТ қабул гардиданд, билетҳои ҳизбӣ супорида шуд. Сипас ташкилоти ибтидои бо номи “Болаёқат” номгузорӣ гардид ва якдилона Абдусаттор Наҷмиддинов Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Болаёқат” интихоб карда шуд. ©Изатуллои Ҳабибзод, Мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи И. Сомонӣ |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.