Сафи аъзоёни ҳизб меафзояд2-11-2015, 10:30
Хабарро хонданд: 356 нафар
Назарҳо: 0
Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии КМ «Зарафшон» маҷлиси ташкилоти ибтидоӣ баргузор гардид. Дар маҷлис раиси КИ ҲХДТ М. Шукуров ва мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ Лутфуллоев Б. иштирок намуданд. Маҷлисро бо сухани муқаддимавӣ раиси ташкилоти ибтидоӣ ҳизбии КМ «Зарафшон» Бобохонов Бобо ифтитоҳ намуда, оид ба бурду бохти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар зарфи 9 моҳ ахборот дод.
Дар маҷлис раиси КИ ҲХДТ Шукуров М. дар шаҳри Панҷакент оид ба вазъи имрӯзаи ҷомеа, ҳаёти сиёсии ҷумҳурӣ, сафари босамари сарвари ҲХДТ, пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вусъат ёфтани корҳои ободонӣ, иштироки фаъолонаи ҳизбиён дар чорабиниҳои ҷамъиятӣ-сиёсӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, пешгирии падидаҳои номатлуб дар ҷомеа суханронӣ намуд. Дар маҷлис дар вазъияти тантанавӣ ба 49 нафар кормандони фаъоли корхонаи КМ «Зарафшон» шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд. Дар охир раиси ташкилоти ибтидоии КМ «Зарафшон» Б. Бобохонов оид ба ин иқдоми кумиҷроия изҳори сипос намуда, доир ба пешрафти кор дар самти татбиқи Барномаи ҲХДТ андешаҳои худро иброз дошт. ©Кумитаи иҷроияи ХХДТ дар в.Суғд |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.