Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj

ШАРАФЁР

17-05-2021, 09:33
Хабарро хонданд: 507 нафар
Назарҳо: 0
ШАРАФЁР
Ёди некон


(ё сухане чанд аз рӯзгори маърифатхезу маърифатрези котиби Президиуми Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон, арбоби шинохтаи сиёсиву давлатӣ Давлат Гадоев)
Баъд аз вафот турбати мо аз замин маҷӯ,
Дар синаҳои мардуми ориф мазори мо.
[center][/center]

Номи поки ин абармарди давлатдории тоҷикон дар замони пойдории Иттиҳоди абарқудрати фарҳангпарвару мардумсолори Шӯравӣ дар қатори Турсун ӯлҷабоев, Назаршо Додихудоев, Абдулаҳад Қаҳҳоров Маҳмадулло Холов, Мирзо Бобоев, Мирзо Раҳматов, Х. Мамадназаров, М. Назаров вирди забонҳо буда, аз мактаби бузурги касбӣ ва одамияташ садҳо шогирдон баҳра бардошта, номи покашро дар равоқи тиллоии эътибори давлатдории тоҷикон бо муҳаббат самимият ба абадият сабт намудаанд. Шахсияти ин хирадманди давлатмардони замони шукуфоии Тоҷикистони Шӯравии собиқ миёни на танҳо роҳбарияти олии кишвар, балки миёни аҳли калом ва қалам ва аҳли заҳмату фарҳангиёни кишвар муждарасони некахтарони самои эътибори миллат будааст. Хоксориву фурутанӣ, маърифатпарвариву мардумнавозиаш миёни аҳли заҳмати кишвар пайки шодкомиву некномии ҳамагон гардида. Фаъолияти меҳнатии ин чеҳраи мондагор ва соҳибарҷу эҳтироми миллат, аз солҳои 1941-43 оғоз гардида, аз зинаҳои нахустини роҳбарӣ дар қалбҳои мардум ҳамнишин гардидааст. Дар мақомҳои роҳбарии колхоз, ноҳия ва вилоят соҳиби эътибори баланд гардида, ба дастгирии бевоситаи мардум соли 1953 ба мақоми намояндаи мардумӣ ба Маҷлиси намояндагони Тоҷикистони собиқи Шӯравӣ пешбарӣ мегардад. Худи ҳамон сол, Котиби Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон Ҳалим Қурбонов бинобар сини ниҳоӣ ба нафақа баромада, Давлат Гадоеви сиву чаҳорсола бо раъйи аксари намояндагони халқ ва роҳбарияти олии кишвар ба ҷои ӯ ба ин мақоми пурэътибор пешбарӣ гардида, фаъолияти меҳнатиашро то вопасин нафас дар ин мақом идома мебахшад. Ин мақоми олии давлатӣ ва мардумӣ аз Давлат Гадоев масъулияти баланд ва донишу малакаи бузурги касбиро талаб намуда, уфуқҳои нави омӯзиш ба рӯяш дарҳои меҳру муҳаббат ва самимиятро боз менамояд. ӯ, ки ҳамчун намояндаи мардумони минтақаи Кӯлоб ба ин мақом пешбарӣ гардида буд, ҳамакнун мардуми минтақаи Кӯлоб бо ҳама мушкилиҳои ба сарашономада, назди ӯ меомаданд. Тамоми мақомдорони зинаҳои поёнии роҳбарии минтақаи Кӯлоб аз бригадир, раиси Шӯрои деҳот, раиси колхоз, директори совхоз, раиси ноҳия ва вилоят ҳангоми ба миён омадани мушкилот барои роҳи ҳалли он аз ӯ маслиҳат мепурсиданд. Раисони номдори минтақаи Кӯлоб, ки ӯро ҳангоми кор карданаш дар мақомҳои роҳбарии ноҳияи (собиқ Арал) ҳоло Восеъ ва вилояти Кӯлоб мешинохтанд, бо ифтихор ва самимияти зиёд номашро ба забон мегирифтанд. Ноҳияи Фархор ва (собиқ Москва) ҳоло Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, ки аз ноҳияҳои пахтакори калони минтақаи Кӯлоб ба шумор мерафт, бо ноҳияи Восеъ дар ҳамҷоягӣ эътибори минтақаи Кӯлоб буданд. Аксари раисони номдори ин минтақаҳо аз ҳамшаҳриҳои Давлат Гадоев буданд, ки аз соли 1932 то соли 1936 аз Ховалинг ва Балҷувону Дашти Ҷам ба ин минтақаҳо ба хотири пахтакорӣ муҳоҷир гардида буданд. Ва ҳамин эътибору кордонӣ ва раиятпарварии Давлат Гадоев будааст, ки ҳангоми сафарҳои кориаш ба ин минтақаҳо мардум бо шодиву сур ва тантанаҳои суннатӣ ӯро истиқбол намуда, камбудиҳои ҷойдошта дарҳол дар ҷояш роҳи ҳалли хешро меёфтааст. Чи маорифчиён ва чи фарҳангиёни ин минтақа бо ин давлатмарди диёрашон хеле ифтихор доштанд. Чунки эътибор ва шарафи одамиятӣ ва донишмандиву мардумнавозиаш дар қалби ҳама мардумон маъвои хешро дошт. ӯ, ки ҳамнишини аҳли қалам ва калом, ҳунармандону донишмандон ва пирону хирадмандон буд, дар сурати покаш ин ҳама аён буд. ӯ ҳамшаҳрии ҳама тоҷикон ва ҳамнишини ҳама ташнагони маърифат буд. Ин хулқу атвор ва маърифатпарвариву мардумнавозиаш ирсӣ буда, падару модари покмазҳараш низ миёни мардум ҳамин гуна эътибор доштанд. Воқеаҳои нангини фоҷеабори моҳи апрели соли 1961 ки натанҳо Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ, балки қаламрави Шӯравии собиқро ба ларза андохта буд, ба ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар таъсири манфии худро расонид. Бо супориши роҳбари вақти собиқ Шӯравӣ Никита Сергеевич Хрушёв гурӯҳи махсуси фаврии Кумитаи марказии Ҳизби Коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ ба (Сталинободи собиқ) ҳоло Душанбе омада, бо туҳмати гӯшношуниди изофанависӣ дар соҳаи пахтакорӣ роҳбарияти олии Тоҷикистонро бо роҳбарии котиби якуми Партияи Коммунистии Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон Т. ӯлҷабоев, П. Обносов ва раиси Презедиуми Олии Тоҷикистон Н. Додхудоев аз вазифаҳояшон сабукдӯш намуда, ин воқеаи нангини сиёсӣ ба ҳама соҳаҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар таъсири манфӣ расонида, ҳама давлатмардони кишвар дар ҳолати раҳгумӣ афтода, умедашон ба фардои дурахшон қариб, ки канда шуда буд. Давлат Гадоев, ки мақоми котибиПрезидиуми Олии РСС Тоҷикистонро бар дӯш дошт, ягона мақомдори олии кишвар буд, ки бо домон ва дасту дили пок аз ин шамоли даҳшатбор раҳо ёфта буд. Баъди сабукдӯш гардидани раиси Президиуми Олии Тоҷикистон Назаршо Додхудоев Мирзо Раҳматов ба ин мақом пешбарӣ гардида, то соли 1963 фаъолият намуд. Соли 1963 ба ин мақоми олӣ котиби аввали Ҳизби Коммунисти ноҳияи (собиқ Москва) ҳоло Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Маҳмадулло Холов таъйин гардид. Маҳмадулло Холов, ки шахсияти хеле шинохтаи фарҳангӣ ва инсони ботамкин, поктинату покгавҳар буд, ба Давлат Гадоев зуд унс гирифта, бо арҷу эҳтиром ва самимияти зиёд ба фаъолият оғоз намуд. Дарвоқеъ, Маҳмадулло Холов тӯли беш аз бист соли фаъолияти кориаш бо Давлат Гадоев аз фаъолияти кории ӯ онқадар розӣ буд, ки миёни мардум ёддоштҳои зиёде ба ёдгор мондааст. Лутфу меҳрубониҳо ва арҷгузориҳои Маҳмадулло Холов бо аҳли ҳунар ва адибону ҳофизони шинохтаи кишвар Давлат Гадоеви фарҳангсолорро гули сари сабади он маҳфилҳо намуда буд.
Ҳалқаи ҳунармандон
Хирадмандиву фарҳангсолорӣ ва раиятпарварии Давлат Гадоевро адибони шинохтаи кишвар устод Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Ҷалол Икромӣ, Ғаффор Мирзо, Сайидалӣ Вализода, Ашӯр Сафар, Ғоиб Сафарзода, Шоҳмузафаар Ёдгорӣ, олимони маъруфи кишвар академик М. Осимӣ, Академик А. Мирзоев, академик М. Шакурӣ, узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон С.Ш. Табаров ва даҳҳои дигар дар ёддоштҳояшон хеле сутудаанд. Ҳофизони шинохтаи кишвар Акашариф Ҷӯраев, Абдулло Назриев, Одина Ҳошимов, Зафар Нозимов, Иброҳим Кобулиев, Барот Яхшиев, Шумқор Одинабеков, дӯстии хеле наздик бо ӯ доштанд. Бештари вақтҳои истироҳаташро дар ҳалқаи онҳо мегузаронид. Ҳофизи халқии кишвар устод Одина Ҳошимов яке аз наздиктарин дӯстони хонаводагиаш буданд. Агар кадоме аз ин ҳунармандон дар Душанбе шаби эҷодие барпо менамуд, дар он базм Давлат Гадоев ҳатман иштирок мекард. Шоирони дар он замон ҷавони тоҷик устодон Бозор Собир, Лоиқ Шералӣ, Ғоиб Сафарзода, Шоҳмузаффар Ёдгорӣ дар бисёре аз ёддоштҳояшон ба мо шогирдон борҳо аз илтифот ва меҳрубониҳои зиёди Давлат Гадоев қиссаҳои ҷолибе намудаанд. Устоди зиндаёд, шоири шаҳири тоҷик, барандаи ҷоизаи адабии Рӯдакӣ Лоиқ Шералӣ боре чунин қиссаи ҷолиберо манзури мо шогирдон гардонида буд. «Зимистони соли 1965 ва ё 1966 буд, барои ҳалли кадом як масоили мушкили зиндагӣ бо ҳамроҳии устод Ғоиб Сафарзода назди Давлат Гадоев мераванд. Ғоиб, ки бо Давлат Гадоев шиноси дерина буданд, устод Лоиқро шинос намуда, мегӯяд, ки ӯву Лоиқ ҳамсабақ буда, модари Ғоиб Лоиқро фарзанд хондааст. Пас, Лоиқ баробари Ғоиб назди Давлат Гадоев арҷу эҳтиромеро бояд сазовор бошад. Ва ҳамин тавр, бо муҳаббат ва самимият ҳардуро арҷ гузошта, мушкили ба миён омадаро ҳал менамояд. Баъди ин устод Лоиқ нахустмаҷмӯаи ашъорашро барои ин арбоби шинохтаи фарҳангиву сиёсии кишвар тақдим намуда, ӯро аз фарҳехтагони миллат ном мебарад. Донишмандиву фарҳангпарварии Давлат Гадоевро, арбоби шинохтаи сиёсиву фарҳангии кишвар Султон Мирзошоев низ борҳо мавриди гузоришҳояш дар ҳалқаҳои фарҳангии кишвар қарор додааст. Хеле хуб ёд дорам, ки устод Султон Мирзошоев, ки дарвоқеъ,яке аз шахсиятҳои шинохтаи фарҳангиву сиёсии кишвар мебошад,боре дар як суҳбати хосааш дар мавриди ҳунармандони шинохтаи Кӯлоб махсусан устоди зиндаёд Одинаи Ҳошим чунин қиссаи ҷолиберо ҳикоят карда буд. «Соли 1968 даҳаи адабиёт ва фарҳанги Шӯравӣ дар Эрон мебояд гузаронида шавад. Аз Маскав ба Тоҷикистон телеграммае фиристода мешавад, ки ҳунармандони тоҷик дар ин даҳа бояд ширкат намоянд. Дар он рӯйхат ҳунармандони филармонияи давлатии Тоҷикистон ва чанд нафар аз салистони Кумитаи телевизион ва радиошунавонии Тоҷикистон номнавис гардида буданд. Вақте ки он рӯйхатро назди Давлат Гадоев меоранд мебинад, ки номи Одинаи Ҳошим он ҷо ба назар намерасад. Дарҳол ба вазири фарҳанг занг зада мегӯянд, ки чаро номи Одинаи Ҳошим он ҷо нест? Онҳо мегӯянд, ки фурсат бисёр кам будаасту то омадану омода намудани Одинаи Ҳошим вақти зиёде лозим мешавад. Ба хотири хеле танг будани вақт мо маҷбур шудем, ки гуруҳи кориро аз ҳайати мардуми Душанбе пур намоем. ӯ мегӯяд, ки фурсат зиёд аст, то Одинаи Ҳошим намеояд ягон сафари ҳунарӣ намешавад. Ҳамин тавр устод Одина дар ин даҳа иштирок намуда, эътибори ҳунармандони Шӯравиро шуҳраи олам менамояд. Ин хидматҳои Давлат Гадоевро банда борҳо аз забони устоди зиндаёд Одинаи Ҳошим шунидаам. Устод Одина Давлат Гадоевро нигини ангуштарини фарҳанги миллат ном мебурд. Ҳамин гуна қиссаҳои ҷолибро банда аз забони устод Меҳрубон Назаров шунидаам. Устод Меҳрубон дар мавриди фарҳангсолорӣ ва ватанхоҳии Давлат Гадоев хеле бо муҳаббат ва самимият ҳарф мегуфт. Устод Меҳрубон Назаров, ки чанд муддати дароз намояндагии Вазорати фарҳанги Иттиҳоди Шӯравиро дар Афғонистон бар дӯш дошт, қариб ки ҳамаи сафарҳои ҳунарии ҳунармандони Иттиҳоди Шӯравӣ ба Афғонистон ба воситаи ӯ роҳи ҳалли хешро меёфт. ӯ боре чунин гуфта буд. «Ҳамин ки чорабиниҳои театрӣ ва ё мардумшиносие, ки аз ҷониби Вазорати фарҳанги Иттиҳоди Шӯравӣ дар Афғонистон гузаронида мешуд, устод Меҳрубон ки вазифаи намояндагии Вазорати фарҳанги Иттиҳоди Шӯравиро дар Афғонистон бар дӯш дошт, дарҳол назди шоҳи Афғонистон даъват гардида, дар мавриди ҳайати он гурӯҳ машварат менамуд. Мардуми Афғонистон, ки шефтаи савту садои мардуми Бадахшони Шӯравӣ ва Хатлон буданд бештар орзуи онро доштанд, ки Иттиҳоди Шӯравӣ ҳунармандони Бадахшонӣ ва ҳатлониро бештар дар чорабиниҳои фарҳангии мардумшиносӣ ба он ҷо бифиристад. Ҳамин тавр, дар интихоби ҳунармандон барои сафари ҳунарӣ ба Афғонистон саҳми Давлат Гадоев хеле назаррас буд. Борҳо дастаҳои ҳунарии минтақаи Кӯлоб ба ибтикори бевоситаи Давлат Гадоев ба сафари ҳунарӣ ба кишвари ҳамсояи Афғонистон сафари ҳунарӣ намуда, эътибори ҳунармандони тоҷикро дар он ҷо хеле баланд бардоштаанд. Ҳамин ватанхоҳиву ватандорӣ ва фарҳангпарвариву фарҳангсолориаш Давлат Гадоевро миёни аҳли ҳунари кишвар соҳиби эътибори баланд намуда, ҳама фарҳангиёни кишвар ӯро устод ном мебурданд.
Мардумнавоз
Он гуна, ки дар оғоз гуфтем, фаъолияти меҳнатии Давлат Гадоев ҳанӯз солҳои 1941-43 аз мақоми котиби Шӯрои деҳоти Пахтаободи ноҳияи (Арали собиқ) ҳоло Восеъ оғоз гардида, то мақоми роҳбарии ноҳия фаъолият намуда, миёни аҳли заҳмати ноҳия ва вилояти Кӯлоб соҳиби эътибори баланд мегардад. Наздик будан ба аҳли заҳмат, дар ҳама маъракаҳои муҳими мардумӣ ҳампаҳлуи онҳо гардидан, ӯро бо мардум хешу табор гардонида буд. Раисони номдори парчамбардори заҳмати сотсиалистӣ ҳама муваффақиятҳояшонро аз роҳбари ғамхор будани Давлат Гадоев медиданд. Дар мақоми олии роҳбарии котиби Президиуми Олии РСС Тоҷикистон буданаш борҳо ба ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб сафари корӣ доир намуда, аз ҳолу аҳволи қаҳрамонони арсаи кору пайкори Шӯравӣ бохабар буд. Раиси номдори колхози овозадори ба номи В.И. Ленин ноҳияи Восеъ қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ дорандаи чаҳор ордени Ленин Миралӣ Маҳмадалӣ ба ӯ хеле самимият ва арҷу эҳтиром дошт. Ташрифи ӯро ба ноҳияи Восеъ ҳамеша ба як тантанаи иди меҳнат ва маҳфили бузурги адибони минтақаи Кӯлоб табдил медод. Колхози овозадори ба номи В.И. Ленин шабеҳи як минтақаи озоди иқтисодии имрӯз буда, ҳама роҳҳо мумфарш, мактабу боғча ва табобатгоҳи замонавиву толори барҳавои кинову консерт ва ҳатто ансамбли фолклориву этнографии «Чашма» дар ин колхоз фаъолият дошт. Ҳамин гуна раиси номдор ва шуҳратёр раиси колхози Ленини ноҳияи (собиқ Москва) ҳоло Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мурод Раҳимов буд. Мурод Раҳимов ҳамшаҳрӣ ва хешони наздики Давлат Гадоев буд. Ҳангоми сафарҳои корӣ ба минтақаи Кӯлоб ӯ ҳатман ба колхози ба номи В.И. Ленини ноҳияи (собиқ Масква) ҳоло Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ташриф оварда, аз ҳолу аҳволи раиси номдор ду даъват вакили Маҷлиси намояндагони мардумӣ дорандаи ду ордени Ленин Мурод Раҳимов бохабар мегашт. Ногуфта намонад, ки колхози ба номи В.И. Ленини ноҳияи (собиқ Москав) ҳоло Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ аз колхози ба номи В.И. Ленини ноҳияи Восеъ ҳеҷ каму костие надошт. Раиси номдор ва шуҳратёр Мурод Раҳимов ин колхозро овозадор намуда, қасри фарҳанг мактаб табобатгоҳ ва роҳҳои мумфаршаш шаҳраки тозабунёдеро шабеҳ буд. Дар роҳи ободӣ ва дастгирии аҳли заҳмати ин минтақаҳо саҳми фарзанди фарзонаи миллат Давлат Гадоев хеле назаррас буда, аҳли заҳмати ин минтақаҳо ӯро фарзанди хеш медонистанд. Пирони рӯзгордидаи колхози овозадори ба номи В.И. Ленини ноҳияи Москва номи Давлат Гадоевро хеле бо ифтихор ва самимият ба забон оварда, аз дастгириҳои беминнаташ ҳамеша сипосгузор буданд. Садҳо нафар фарзандони некноми ин минтақаҳо бо дастгирии бевоситаи ин хирадманди давру замонҳо шомили донишкадаҳову донишгоҳи ягонаи шаҳри Душанбе гардида, баъди хатми бомуваффақият дар хидмати халқу Ватан мебошанд. Аксари фарзандони ҳамон мардуми заҳматқарини минтақаи Кӯлоб замони ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ҳампаҳлуи Пешвои муаззами миллат –Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти мардумии кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон будаанду саҳми арзандаи хешро дар роҳи ободии кишвар гузоштаанд. Яъне мардумнавозӣ, ба мардум будан, дар рӯзи ғаму шодии онҳо ҳамнаво гардидан ба онҳо ин фарзонафарзанди миллатро ба онҳо қарин намуда, ҳамагон ӯро аз қавми худ медонистанду арҷаш мегузоштанд. ӯ ҳақи ҳалоли инсониашро аз рӯи таъбири шайх Абу Саиди Абухайр ки фармуда:
Шоҳӣ талабӣ, бирав гадои ҳама бош,
Бегона зи хеш ошнои ҳама бош,
Хоҳӣ, ки туро чу тоҷ бар сар ниҳанд,
Дасти ҳама гиру хоки пои ҳама бош.
Ҳама давлатмардони вақти кишвар номи поки ӯро бо ифтихори зиёд ба забон оварда, хидматҳои бузургашро дар роҳи ободиву осудагии кишвар мавриди гуфту шуниданҳо қарор медиҳанд. Ҳамин эътибор ва эҳтирому шарафи поки инсониаш буд, ки панҷ маротиба, яъне панҷ давр вакили боварии мардум гардида, ба сифати котиби Президиуми Олии РСС Тоҷикистон хидматгузори халқу Ватан буд. ӯ шахсият буд. Шахсияти соҳибарҷу эҳтиром. Эътибораш аз хонадони покмаҳзараш нашъа мегирифт. Завҷаи ҳалиму меҳрубон.Ва ин зани покдоман ва покгавҳар такягоҳи бузурги ӯ дар зиндагӣ буд. Чароғи нурполои зиндагӣ рӯи шонаҳои ӯ қарор дошт. Агарчӣ дар шаҳр буданд, мардумнавозиашон музофотӣ буд. Яъне ҳама меҳрубонӣ аз сидқ буду сафо,муҳаббат ва самимияташон бо қавму хешу табор ва ҳамшаҳриҳояшон самимӣ буд. Ин мероси ниёгони онҳо буда, аз хун ба хун, аз пушт ба пушташон омадааст. Хонааш хони каримон буда, ҳамеша дастурхонаш ба рӯи ҳамагон боз буд. Хонаи тоҷикӣ. Нишони барҷастаи хонаи тоҷикӣ ин фарзандони азизи ӯ мебошад. Ҳафт ахтар, ҳафт шуълаи умед, ҳафт водии ишқ, ҳафт баҳри орият, ҳафт хони Рустами достон. Оре ҳамин ҳафт шуълаи умед давоми умри ӯ будаанд. Ҳарчанд ин хирадманди давру замонҳо ормони давлати пириро дар айни камолот ва шукуфоӣ бо худ бурд. Ҳама фарзандон номбардори падари бузургвор ва модари покгавҳар буда, дар роҳи хидмат бар Ватани азиз ва мардумонаш пайрави падар будаанд. Чироғи эътибори хонадон аз даст ба даст ҳанӯз нурполо мебошад. Мардумнавозӣ, башардӯстӣ, фарҳангсолорӣ, меҳанпарастӣ, поктинатӣ, покдоманӣ барои ин хонадон ирсӣбуда, номи поки ин абармарди таърихи ватандорӣ дар қалби поки фарзандон наберагон ва абераву чабераи онҳо ба абадият ҳаккокӣ шудааст… Аз деҳаи Бузкушаки қасабаи Баландсари Ховалинги таърихӣ то деҳаи Кадучии ноҳияи Восеъ ва Душанбе азиз ин хонадонро ҳамагон арҷ мегузоранду номи поки Давлат Гадоевро бо ифтихор ба забон меоранд. Ва ҳамин миллати таърихофари гурдзои достонангез номи пурифтихори ӯро дар равоқи тиллоии эътибори миллат сабт намудаанд. Имсол ба мавлуди ин чеҳраи саршиноси миллат сад сол пур хоҳад гашт. Зиндагиномаи саропо ватанхоҳона, фарҳангпарварона ва раъйиятпарваронааш аз забон ба забон розҳои ватандориро бар гӯши ҷони пайравонаш қисса хоҳад намуд. Он гуна, ки Пешвои муаззами миллат-Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти мардумӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба номи пурифтихори ин фарзонагони миллат ифтихор намуда, онҳоро ҳамеша мавриди арҷгузорӣ қарор медиҳад моро зарур аст, ки чун Пешвои хирадманди хеш рӯзгори пандомези ватандориву меҳанпарастии онҳоро аз тариқи конфронсу машвараҳои фарҳангӣ мавриди омӯзишу тадқиқот қарор бидиҳем. То насли ояндасози миллати қаҳрамонофари достонангези тоҷик аз қадамроҳи эътибори ватандории онҳо баҳравар шаванд.
Ҷумъахони Темурзода
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: