Номвар10-02-2021, 13:44
Хабарро хонданд: 377 нафар
Назарҳо: 0
(Сухане чанд аз фаъолияти пурифтихори ватандории арбоби шинохтаи сиёсиву давлатӣ Сайидамир Зуҳуров) Зиндагӣ ва рӯзгори давлатмардони бошарафи Ватан чироғҳои қалби ҳазорон фарзандони баору номуси кишвар буда, ҳамагон он чироғҳоро азиз медоранду зери шуои поки он нурҳои умедбахш ба сӯи ояндаи дурахшон гомҳои устувори хешро мегузоранд. Имрӯз бе ягон муболиға ва умеду тамаллуқ ба хотири мақому ҷоҳу ҷалол ва мавқеи сиёсӣ, аз нигоҳи башарӣ дар сархати давлатмардони замони истиқлолияти номи пурифтихори Пешвои муаззам – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Президенти мардумӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шерози арши эътибори миллат будаву ҳаст. Матонату қаҳрамонӣ, ватанхоҳиву ватандорӣ, башардӯстиву кишваркушоияш ӯро бо мардум ва мардумро бо ӯ наздик намуда, интихоботи нави моҳи октябри соли гузашта собит намуд, ки мардум дар симои ин абармарди таърихи навини миллат эъморгари воқеии сулҳу якпорчагӣ ва созандагии кишварро дарёфтаанд. Иҷлосияи тақдирсози шаҳри Хуҷанди бостонӣ номи поки уро ливои иттиҳод ва якпорчагии саросарии кишвар намуда, ҳукумати нави мардумсолорро зери раҳбарии ӯ ба Душанбеи азиз овард. Бо ҳама мушкилиҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ нигоҳ накарда, ин абармарди таърихи навини миллат хишти аввали бинои муҳташами иттиҳоду якпорчагии кишварро ба хотири фардои дурахшон гузошт. Он замон амният ва осудагии кишвар шарти аввали созандагии давлати миллӣ ба шумор мерафт. Бо ибтикор ва дастгирии бевоситаи Раиси Шӯрои Олии он замон ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Ба сари аркони амнияти кишвар шахсияти пурэътибор Сайидамир Зуҳуров таъйин гардида, таъмини амнияти роҳбарияти кишвар ва Ҳукумати ҷумҳурӣ бар дӯшаш вогузор гардид. Ин мақоми олии амниятии кишвар бо роҳбарии Сайидамир Зуҳуров вориди шаҳри Душанбе гардида, ҳама буду бошҳои парокандагиро муттаҳид намуда, онҳоро барои хидмати содиқона бо халқу Ватан ва роҳбарияти олии кишвар ҳидоят намуданд. Ҳоло ба маврид медонам, ки суханони пандомези арбоби шинохтаи сиёсиву давлатӣ, сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ устод Евгений Максимович Примаковро, ки солҳои таҳсили банда дар Академияи ҳарбии дипломатии шаҳри Москав ба банда беш аз ҳаштод соати академӣ дарс гуфтааст ин ҷо биёрам. Устод Е.М.Примаков дар мавриди сулҳи тоҷикон ва роҳбарияти давлати тоҷикон моҳи апрели соли 2002 чунин гуфта буд:«Президенти Тоҷикистонмуҳтарам Эмомалӣ Раҳмон воқеан шахсияти таърихӣ мебошад. Чунин шахсиятҳо дар Шарқ тавонистанд, ки кишварҳои бузургро дар сангинтарин рӯзҳо аз вартаи ҳалокату нестӣ наҷот бубахшанд. Баъди нахустин мулоқот бо ин чеҳраи нави сиёсиву давлатӣ хирадмандӣ, таҳамулпазирӣ, ватанхоҳӣ ва сиёсатмадориаш бисёре аз сиёсатмадоронро дар ҳайрат гузошта буд. Ҳангоми таъсиси Ҳукумат ба сари дастгоҳи амнияти кишвар овардани полковник Сайидамир Зуҳуровро ки шахсияти шинохта дар аркони амниятии Иттиҳоди Шӯравӣ буд шахсан ман хеле хуш қабул кардам. Ин ҷавони ватанхоҳ ва дилсӯзу бофарҳанг аз рӯи маълумотҳое, ки ба дасти ман расидааст метавонад, ки ба роҳбарияти олии Тоҷикистон содиқона хизмат намояд. Ва саҳми зиёде дар амнияти на танҳо Тоҷикистон балки минтақаи Осиёи Миёна гузорад. Таҷрибаи кориаш дар аркони амниятии Шӯравӣ дар Афғонистон моро водор сохт, ки ба хотири амнияту осудагии минтақа бо кишвари Тоҷикистон ҳамкориҳои хешро мустаҳкам намоем. Ва Тоҷикистонро дар минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамчун шарики боэътимоди стратегӣ эътироф намоем». Он вақт устод Е.М. Примаков дар мавриди дурнамои сулҳи тоҷикон ва мавқеи стратегии он дар сиёсатҳои бузург хеле як суҳбати самимие доир намуд, ки барои мо шунавандаҳои ин даргоҳи пурэътибор саропо манфиатбор буд. Баъди ин ҳама ифтихори ватандорӣ ва пуштибонӣ аз сиёсати хирадмандонаи Роҳбари Олии кишвар ва садоқати бепоён доштан ба Ватан дар қалби банда афзун гардида,ин гулхан шуълаҳои умед бар ояндаи дурахшонро дар қалби мо ҳомиёни амнияту осудагии кишвар афзун намуд. Ва номи пурэътибори ин давлатмарди шинохтаи кишвар ифтихори ҳамаи фарзандони фарзонаи миллат гардид. Оғози соли нави 1993-юми милодӣ ҳама ҷузъу томҳои Ҳукумати қонунии кишвар дар шаҳри Душанбе ба фаъолият оғоз намуданд. Аввалин мулоқоти Раиси Шӯрои Олии кишвар ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон бо мардуми шаҳри Душанбе моҳи феврали соли 1993 ба миён омад. Маҳз ҳамин мулоқот Раиси Шурои Олии кишварро бо мардум ошно намуд. Симои поки инсонӣ, лаҳни хуш ва матонату ҷасурии ӯ дар қалби ҳама мардуми дар мулоқот ҳузурдошта гармиву самимият оварда, аксари кулли мардум дар симояш воқеан наҷотбахши кишварро медиданд. Суханронии пурмӯҳтаво, самимияти зиёди мардумӣ ва ватанхоҳиву созандагиаш мардумони зиёдеро атрофаш ҷамъ намуд. Неруи созандаи ҷавонони кишвар бо садоқат баВатан ва Роҳбарияти Олии кишвар қавл доданд, ки аз тамоми қарору қонунҳои Иҷлосияи XVIIШӯрои Олии кишвар пуштибонӣ хоҳанд намуд. Ва дар ҳамон шабу рӯз бо дастгирии бевоситаи Раиси Шӯрои Олии кишвар ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар яъне Артиши Миллӣ, ки яке аз сипарҳои боэътимоди Истиқлолияти кишвар мебошад, таъсис дода шуд. Таъмини амнияту осудагии кишвар бошад, дар он шабу рӯз пурра бар души Кумитаи амнияти давлатии мамлакат вогузор гардида буд. Маҳз матонату садоқат бар Ватан ва Роҳбарияти Олии кишвар доштани роҳбари аввали ин аркони пурэътибори давлат тавонист, ки амнияту осудагиро натанҳо дар шаҳри Душанбе ва навоҳии атрофи он балки дар саросари кишвар таъмин намояд. Шахсияти роҳбари аввали ин аркони амниятии кишвар, ки мактаби бузурги амнияти кишвари собиқ иттиҳоди Шӯравиро гузашта, таҷрибаи фаъолияти кориашро дар кишвари ҳамсояи Афғонистон дар замони инқилоби демократӣ гузаронидааст миёни аксари донишмандон ва зиёиёни мамлакат соҳиби эътибори хеле баланди сиёсиву фарҳангӣ буд. Ҳамин донишмандии сиёсиву фарҳангии Сайидамир Зуҳуров тавонист, ки ин аркони қудратии кишварро дар атрофи Роҳбарияти Олии кишвар бо садоқат муттаҳид намояд. Баъд аз интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи ноябри соли 1994 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли нави идораи Президенти пурра ба фаъолият шурӯъ намуда, самтҳои асосии кори Ҳукумат тасдиқ гардид. Президенти тозаинтихоби кишвар собиқ Раиси Шӯрои Олӣ ҳам акнун ба хотири сулҳу субботи кишвар ва иттиҳоду якпорчагии мамлакат нақшаи бозгашти тамоми муҳоҷирони иҷборӣ ва авфи умумиро манзури Ҳукумат гардонид. Татбиқи ин қонуни дар баҳои ҷони кишвар баробар,амният ва осудагии кишвар аз ҳама аввал бар души Вазорати амнияти давлати вогузошта шуд. Нақшаи бозгашти гурезагон ва авфи онҳо ва оғоз намудани гуфтушунидҳои сулҳ дар баробари дигар супоришҳои Роҳбарияти Олии кишвар пурра бар души ин аркони қудрати кишвар гузошта шуда буд. Ин бори сангини созандагии кишвар Президенти тозаинтихобро маҷбур месохт, ки шабҳои дарози бехобиро пушти сар намуда, ба хотири иттиҳоду якпорчагии кишвар муҷримони зиёдеро авф намуд. Баъзе аз аъзоёни онвақтаи Ҳукумат ва Шурои Олии кишвар аз қабули қонуни авф ва бозгашти роҳбарияти собиқ мухолифин хеле нохушоянд буданд. Бо ҳар як аъзои Ҳукумат ва шахсиятҳои шинохтаи мардумӣ Президенти тозаинтихоби кишвар мулоқот намуда, роҳҳои дастёбии сулҳу якпорчагиро меҷуст. Бисёре аз ин мулоқотҳо хеле тезу тунд ва ҳатто бо таҳдидҳо мегузаштанд. Президенти тозаинтихоби кишвар, ки ба садоқати роҳбарияти ин аркони амниятии кишвар хеле бовар дошт, бо ҷасорат ва матонат аз нақшаи бозгашти гурезагон ва баргаштани онҳо ба кору фаъолият дар Ватан пуштибони намуда, бо исрор татбиқи онро аз Ҳукумат талаб мекард. Ниҳоят оғози соли 1995 гуфтушунидҳои сулҳу оштӣ ва бозгашти гурезагони иҷборӣ ба Ватан зери сарпарастии Созмони Милали Муттаҳид ва Созмонҳои Амнияти Аврупо ва кишварҳои кафили сулҳ зери сарпарастии Русия оғоз гардид. Бо супориши Президенти тозаинтихоби кишвар Ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон нақшаи аввалин мулоқоти ӯ бо роҳбарияти Иттиҳоди Мухолифини тоҷик дар кишвари ҳамсояи Афғонистон тарҳрези гардид. Ин бори сангин ва номуси ватандорӣ бар души роҳбари аввали ин аркон Сайидамир Зуҳуров гузошта шуд. Гуруҳи корӣ таъсис дода шуда, фаъолият дар ин самт пурра оғоз гардид. Баъди машваратҳои зиёди корӣ ниҳоят он рӯз фаро расид. Президенти вақти давлати исломии Афғонистон профессор Бурҳониддин Раббонӣ ва вазири дифои давлатии исломии Афғонистон маршал Аҳмадшоҳи Масъуд роҳбарияти Иттиҳоди мухолифини тоҷикро ба Бадахшони Афғонистон даъват намуда, барои мулоқот бо Президенти тозаинтихоби кишвар Ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон омодаашон сохт. Ҳамакнун, таъмини амнияти Роҳбари Олии Тоҷикистон дар он кишвари ҷангзадаи ноором коре буд басо сангин. Мухолифони сулҳи тоҷикон мегуфтанд, ки иштироки Роҳбари аввали кишвар, Президенти тозаинтихоб Ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон дар он мулоқот зарурат надорад. Аввал гурӯҳҳои корӣ рафта, машварат намоянд. Баъди машварат ва хулосаи онҳо мулоқоти Президенти тозаинтихоби кишварро ё дар Тошканд ё дар Москав хоҳем гузаронд. Вале дар муқобили ин ҳама, Президенти тозаинтихоби кишвар ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон иштирокашро дар ин мулоқот зарур дониста, гурӯҳи кориро супориш дод, ки сафарро омода намоянд. Роҳбари аввали аркони амнияти кишвар ин сафарро омода намуда, бо роҳбари олии кишвар аз омода намудани сафар ҳисобот дод. Ва ҳамон рӯзи таърихӣ низ фаро расид. Чархболи Президенти тозаинтихоби кишвар 10-декабри соли 1996 дар мавзеи Хостдеҳи Файзободи Давлати Исломии Афғонистон фуру нишаст. Роҳбари Олии кишварро Раиси Давлати Исломии Афғонистон профессор Бурҳониддин Раббонӣ ва вазири дифои он маршал Аҳмадшоҳи Масъуд гарм истиқбол намуданд. Аввалин мулоқот бо Роҳбарияти неруҳои мухолифини тоҷик оғоз гардид. Баъди гуфтушунидҳо ва баҳсҳои дуру дароз онҳо дар симои Президенти ҷавони тозаинтихоби тоҷик воқеан як шахсияти таърихиро диданд. Самимият ва муҳаббату садоқати башардӯстиву ватанхоҳии ӯ диққати ҳамагонро ба худ ҷалб намуда, дар симои ӯ ҳомии сулҳу ваҳдат ва якпорчагии кишварро дарёфтанд. Ду бародар, ду боли як кабутар сухани ҷангро ба по андохтанду сулҳро тоҷи каёнии худ карданд. Бо ҳама мушкилиҳо ва сангиниҳои рӯзгор нигоҳ накарда, ҳамдигарро бағал намуда, ашки шодӣ мерехтанд. Бар киштаи умеду ормонҳои миллат тухми сулҳу ваҳдат ва якпорчагӣ бо дасти пурэъҷози Президенти ҷавони тозаинтихоби кишвари тоҷикон кошта шуд ва ибораи пурмӯҳтавои «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ» аз ҳамин киштзор сарафрохт ва бар самои ҳастӣ муждаи сулҳу якпорчагиро овард. Баъди бозгашт бар Ватан Президенти ҷавони тозаинтихоби кишвар нақшаи чорабиниҳои бозгашти гурезагонро ба ҷои зисти доимии хеш таҳия намуда, ба тамоми роҳбарияти минтақаҳои гурезаҳои иҷборӣ супориш дод, ки баъди бозгашт ба ҳамаи онҳо маблағҳои зарурӣ барои таъмиру тармими манзили зист дода шавад. Ба қувваҳои корие, ки ҷойҳои кории хешро бо сабабҳои бо ҳама маълум аз даст доданд, шароити кору фаъолият омода карда шавад. Ин супоришҳои Роҳбари Олии кишвар бо камоли майл иҷро гардид. Сулҳи деринтизори мо фаро расид. Амнияту осудагии сарҳад дар саросари кишвар бар души аркони амниятии кишвар гузошта шуд. Роҳбарияти ин аркони боэътимоди кишвар таҳти роҳбарии Сайидамир Зуҳуров бо савганди садоқат ба халқу Ватан ва Сарфармондеҳи Олии кишвар бо ҷону дил ифои вазифа намуда, нагзоштанд, ки сулҳи дар баҳои ҷони садҳо ҷавони шаҳиди роҳи озодӣ ба дастомода поймол гардад. Хидматҳои содиқонаи ин давлатмарди хирадманд аз ҷониби Пешвои муаззами миллат – Асосгузори сулҳу ваҳдатимиллӣ, Президенти мардумӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо рутбаи олии низомӣ генерал – полковник нишонҳои пурифтихори «Барои шуҷоати шахсӣ, Исмоили Сомонӣ – дараҷаи 2» ва «Спитамен дараҷаи – 1» қадрдонӣ гардида, номи пуршарафи ӯ дар қалби ҳазорон ҳазор сарсупурдагони миллат нақши абадии хешро гузоштааст. Ногуфта намонад, ки ин арбоби шинохтаи сиёсӣ ва фарҳангӣ дар замони Иттиҳоди абарқудрати маърифатпарвари Шӯравӣ соҳиби эътибори баланди сиёсибуда бо ордени Байрақи Сурх-и Иттиҳоди Шӯравӣ,Грамотаи фахрии Президиуми Шӯрои Олии Иттиҳоди Шӯравӣ ва зиёда аз бист нишонҳои пурифтихори хидматии Шӯравии собиқ сарфароз гардидааст. Ин давлатмарди пурифтихори миллат, ки дар остонаи ҷашни ҳафтодсолагӣ қарор дошта, ӯро аз номи садҳо шогирдонаш, ки бо номи ӯ ифтихор дошта, бо садоқати бепоён бо халқу Ватан дар хидмат мебошанд, табрику таҳният гуфта, ба ӯву фарзандони номбардораш ва зану наберагони азизаш сиҳатмандии комил ва некномиву сарбаландиро аз даргоҳи Яздони пок таманно дорем. Ҷумъахони ТЕМУРЗОДА |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.