Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj

ОВОИ РОЗҲО

22-05-2020, 09:06
Хабарро хонданд: 629 нафар
Назарҳо: 0
[ОВОИ РОЗҲОcenter]
(сухане чанд аз мақом ва эътибори ҳофизи шинохта, Артисти халқии Тоҷикистон устоди зиндаёд Зафар Нозим)[/center]

Сӯхтем аз гармии овози ту,
Эй хуш он қавме, ки донад рози ту.


Оре, фарзонагони аркони ҳунар ва истеъдод ситораҳои муҷаллои самои эътибори миллат ва давлат буда, торикистони қалбҳои мардумро нуру зиё бахшида, эътибори кишварро миёни соири кишварҳои ҳамкешу ҳамзабон баланд мебардоранд. Устод Зафар Нозим охири солҳои панҷоҳуми садаи гузашта тавониста, ки ба ҷилои тобноки ҳунари фавқулодааш қалби ҳазорон мухлисонашро нурполо намояду дар миёни дурахшандатарин ситораҳои муҷаллои ҳунари овозхонӣ аз қабили Фазлиддин Шаҳобов, Шоҳназар Соҳибов, Ҳоҷӣ Абдулазиз, Содирхони Ҳофиз, Акашариф Ҷӯраев, Иброҳим Қобулӣ, Маъруфхӯҷа Баҳодуров, Ҳошим Қосим, Борис Наматиев, Абдулло Назриев, Барот Яхшӣ, Шумқор Одинабеков, Карим Раҳим, Ҳукуматшо Бандишоев ва даҳҳои дигар мавқеъву мақоми арзандаи хешро дарёбад. Нахустин суруде, ки устод Зафар рӯи саҳнаи ҳунари овозхонӣ манзури аввалин сомеон ва шефтагони ҳунараш гардонидааст, ин суруди халқии «Имрӯз не, фардо биё» тобистони соли 1956 буд. Маҳорати баланди иҷрои суруд аз дурахши ситораи ҳунараш бар дилу дида ва гӯши ҷони мухлисонаш муждаи умедро расонид. Ҳангоми таҳсилаш дар факултаи шарқшиносии Университети Давлатии Тоҷикистон солҳои 1961-1963 дар ансамбли тарона ва рақси назди УДТ «Наврӯз» аллакай соҳиби пайроҳаи эҷод гардида, дар дили садҳо ошиқону шефтагони сурудва таронаҳои мардумӣ роҳ ёфта буд. Ҳамин пайроҳаи ҳунар ӯро вориди дунёи пурфасонаи савту наво ва суруду таронаҳои мардумӣ намуд. Ва бо фотиҳаи устоди гавҳаршинос ҳофизи халқии ҷумҳурӣ Акашариф Ҷӯраев шомили баҳри нопайдоканори ҳунари овозхонӣ гардид. Мактаби овозхонии устод Зафар давоми мактаби устод Акашариф Ҷӯраев ва Иброҳим Кобулиев дар такмили нав мутобиқ ба завқи ҷавонон ва шефтагони ҳунари мардумӣ буда, дар тӯли даҳ соли аввали саҳнаороӣ, сурудҳояш тавониста, ки қалби ҳазорон мухлисро тасхир намояд. Ҳунари фавқулода ва истеъдоди модарзодии ӯ саҳнаи ҳунарро ҷаззобу шавқрез ва мавҷхезу мавҷрез намуда, ҳангоми иҷрои ҳар як суруд саҳнаи ҳунар гулрезу гулбез мегашт. Ҳама маҳфилҳои шавқ бо садои шаҳдрези ӯ бо шӯру валвалаи ҷавонӣ мушкрези накҳати орзуҳои ватанхоҳиву ватандорӣ ва ишқу ормонҳои ҷавонони кишвар буд. Танҳо дар даҳ соли аввали ҳунармандӣ аз соли 1961 то соли 1971 беш аз сад суруду оҳангҳояш манзури ошиқону шефтагони ҳунараш гардида, муждаи эътибори ҳунар дар коиноти ормонҳои миллат гардида буд.
Оғози солҳои шастуми садаи гузашта шуҳрату шони овозхонии устод Зафар дар саросари Тоҷикистони Шӯравӣ нишони эътибори ҳофизони кишвар гардида, дар чаҳор ақсои кишвар мактаби ҳунари Зафар шогирдон ва пайравони зиёдеро миёни мардум рӯи кор овард. Ҳамин, ки дастаҳои ҳунарии Кумитаи давлатии телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Филармонияи давлатии кишвар ба сафарҳои ҳунарӣ ба минтақаҳои ҷудогонаи кишвар, чӣ ба вилоятҳои собиқи Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа сафари ҳунарӣ менамуданд мардум бо самимият ва эҳтироми хосса будан ва ё набудани устод Зафарро дар он ҳайат мепурсиданд, баъд иштирокашонро дар он консерт муайян мекарданд. Яъне номи устод Зафар парчами эътибори он дастаи ҳунарие буд, ки барои ҳунарнамоӣ бо супориши Ҳукумати ҷумҳурӣ ба он манотиқ фиристода мешуданд. Ҳамин эътибор ва шуҳрату шони устод Зафар миёни мардум шабеҳи қиссаву афсонаҳои саропо ватанхоҳиву ватандории мардум гардида буд. Ва шояд ҳамин буда бошад, ки охири солҳои шастуму ҳафтодуми садаи гузашта дар тамоми ноҳияҳои манотиқи ҷануби кишвар миёни мардум ҳунармандоне ба майдони ҳунар омаданд, ки дар пайравии устод Зафар суруд мехонданд. Мутобиқи як сарчашмаи мардумшиносӣ фақат дар собиқ вилояти Кӯлоб беш аз бист нафар ҳунармандони баркамол пайрави мактаби овозхонии устод Зафар буданд. Дар собиқ вилояти Қӯрғонтеппа бошад, наздики сӣ нафар овозхонон миёни мардум сурудҳои устод Зафарро дар пайравӣ бо ӯ мехонданд. Инро наметавон нодида гирифт. Ё худ онҳунармандонеро, ки миёни мардум сурудҳои шавқии устод Зафарро зам-зама мекарданд, бо он муттаҳам намоем, ки устод Зафарро тақлид намудаанд. На, ҳаргиз ин хел набудааст. Балки онҳо шогирдони воқеии мактаби ҳунари овозхонии устод Зафар будаанд, на муқаллид.
Дареғо, ки баъзе аз нотавонбинон дар либоси доварони ҳунар дар бисёре аз мавридҳо интиқоди он ошиқон ва пайравону шефтагони ҳунари устод Зафар мекарданд, ки ҳеҷ бӯе аз боғи ҳунар ба машомашон нарасида, ҳунарро аз тақлид ва тақлидро аз нотавонбинӣ тафовут гузошта наметавонистанд. Ҳамин гуна доварон ҳанӯз бинобар ибораи мардум «Аз асп фаромадаву аз озангу не». Охир мактаби ҳунари Ҳоҷӣ Абдулазиз, Фазлиддин Шаҳобов, Акашариф Ҷӯраев, Ҳошим Қосимов садҳо шогирдонро дар гӯшаву канори ҷумҳурӣ рӯи кор оварда, дар қалбҳои мардум нақши абадии хешро гузоштаанд. Касе аз бо ном «ҳунаршиносони унвондори муддаӣ» наметавонанд, ки пеши заҳмату овози малакутии онҳо наҷвое овоз баланд кунанд. Ва шояд ҳамин буда бошад, ки мактаби ҳунари овозхонӣ ва саҳнаороии устод Зафар ҳанӯз мавриди омӯзиш ва татқиқоти ҳунаршиносони кишвар нагардидааст. Боре дар як суҳбати хоса, дар мавриди ҳунар ва ҳунарманд, бо арбоби шинохтаи сиёсат, фарҳанг ва ҳунар собиқ вазири фарҳанги кишвар устоди зиндаёд Меҳрубон Назаров бо чанд суоли хеш аз ӯ посух ҷуста будам. Устод Меҳрубон Назаров ки саропо донишу маҳорати касбии ҳунар дошт, дар мавриди ҳунари мактаби овозхонии устод Одина Ҳошимов ва Зафар Нозим чунин гуфта буд: «Мактаби овозхонии Одина ин мактаби бузурги падари ӯ Ҳошим Қосимов буда, ин мактаб дар Бадахшони қадим хеле ривоҷу равнақ дошт. Шунавандагони ин мактаби ҳунар дар Бадахшони Афғонистон, Бадахшони Чин ва Бадахшони Шӯравӣ хеле зиёд буда, худи мактаб дар Бадахшони Афғонистон ҳанӯз дар такмилҳои нав дар авҷи камолот мебошад. Мактаби ҳунари Зафар бошад, ҳамон мактаби Акашариф дар такмили нав мутобиқ ба рӯҳи замон ва завқи мардум бо меҳнати ҳалоли Зафар номи мактаби Зафарро ба худ касб намудааст. Ин мактаб дар ҳавзаҳои ҳунарии Қаротегини Советӣ, Душанбе, Фалғар, Мастчоҳ ва як қисми вилояти Сурхондарёиӯзбекистон хеле фаъол мебошад». Ин таҳлили устоди донишманд, шахсияти шинохтаи сиёсиву фарҳангии Тоҷикистони собиқ Шӯравӣ Меҳрубон Назаров, ки беш аз сӣ сол пеш манзури банда гардида буд, гӯё ки ҳамагӣ чанд рӯз пеш бо гӯши хеш шунида бошам, маро ҳанӯз ором намегузорад. Яъне мактаби ҳунари сурудаҳои устод Зафар мактаби асили сурудаҳои мардумӣ буда, ин мактаб интизори татқиқот ва пажӯҳиши воқеӣ мебошад. Миёни мухлисони ҳунари устод Зафар баҳсҳои домандоре ҳанӯз идома дорад.

Зафарёр

Ҳама мехоҳанд, ки ба як суоли беҷавоби хеш посухи таскинбахши қалби хешро бишнаванд, ки оромбахши қалбашон бошад. Яке атрофи сурудае баҳсро ба миён оварда, таърихи он сурудро фаҳмидан мехоҳад. Ин хел суруду таронаҳо дар эҷодиёти устод Зафар хеле зиёд мебошад. Дигаре ӯро ҳамшаҳрии хеш мехонад. Савумӣ ӯро аз табори хеш медонад. Чаҳорумӣ онро дӯст ва бародари наздики хеш мехонад. Панҷумӣ ӯро аз наздикони қавмҳояш медонад. Ҳамин гуна, ин шумора беохир буда, посухи асосиаш ин аст. ӯ ҳунарманди асили миллат ва ифтихори кишвар буд. Ва номаш дар равоқи тиллои ҳунари овозхонӣ бо ҳарфҳои пурҳарорати саропо ифтихори миллӣ сабт гардида, мактаби ҳунариаш дар нашъу намо буда, ҳар мавсим дастагулҳои тару тозаеро ба мухлисонаш тақдим менамояд.
Устод Зафар ҳамчун шахсияти фарҳангӣ таҳамтани майдони ҳунари овозхонӣ ва ҷасорату матонати миллӣ буд. Ин ҳама матонату садоқат ба устод аз модари бузургвораш ба ӯ ба мерос мондааст. Ҳолдонҳо ва наздикони устод қиссаву ривоят ва воқеаҳои аҷиберо аз рӯзгор ва матонату қаҳрамонии модари бузургвори ӯ холаи Валамат миёни мардум ба ёдгор мондаанд. Ин зани паҳлавонҷуссаи мардиродаи яккатози майдони номусу нанг беш аз даҳ сол муовинии раиси ноҳияи Ҳоитро бар дӯш доштааст. Бо мардум будан дар ғаму шодӣ бо онҳо ҳамраъй буданаш ӯро миёни мардум соҳиби эътибори баланд намуда, мардум дар сурати ин модари ҳалиму ғамхор ва ғамшарики розу ниёзҳояшон мададгорашонро медиданд. ӯ аввалин ва ягона зане дар тамоми Қаротегини Советӣ буд, ки дар баробари садҳо мардони майдони арсаи меҳнат аз ҳуқуқи мардуми ин минтақа пуштибонӣ намуда, садои қалбҳои пуртуғёни ин воҳаро то ба гӯши давлатмардони кишвар мерасонид. Ногуфта намонад, ки дар воқеаи фоҷиабори Ҳоит, ки соли 1949 ба миён омада буд,холаи Валамат ҳамчун муовини раиси ноҳия шабу рӯз дар паҳлуи мардум буд. Ҳамин матонату ҷасорат ва тавонмандиву хирадмандиаш будааст, ки ду даъват солҳои пурошӯби 1937 ва 1954 вакили мардум дар Маҷлиси намояндагони Тоҷикистони Шӯравии собиқ интихоб гардида, эътибораш на камтар аз давлатмардони замон будааст. Миёни мардум мақоли хеле зебои пурматонате маъруф аст, ки мегӯянд: «Марди паҳлавонро зани паҳлавон, марди донишмандро зани донишманд ба дунё меоварад». Яъне ирсият дар мардҳо аз модар вобастагии зиёде дорад. Пас, матонат ва қаҳрамонӣ, ҷасорат ва оини ҷавонмардӣ дар хуни устод Зафар аз модари қаҳрамонаш ба мерос монда, ин мероси пурбаҳои миллӣ ганҷи шойгон ва ифтихори ватандориву ватанхоҳии устод будааст. Банда то рӯи саҳфа овардани ин матолиб бо устоди зиндаёд се вохӯрӣ доштам. Аз ду вохӯриам матолиберо рӯи сафаҳоти матбуоти даврӣ (моҳи июли соли 1994 дар ҳафтаномаи «Сомон») ва соли 2016 дар ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» рӯи чоп оварда будам. Аз номи хонандагони зиёде посухҳо гирифтам. Мухлисону шефтагони ҳунари овозхонии устод изҳори миннатдорӣ намуда, мегуфтанд, ки ҳарчӣ бештар дар мавриди мактаби ҳунарии ӯ барои онҳо бинависам. Чунки ҳунари овозхонӣ ва матонати саҳнаороии устод Зафар миёни мардум чун достонҳои шабеҳи қиссаҳои «Шоҳнома» эътибор доштанд.Сафарҳои ҳунарии ӯ ба ӯзбекистон, Қирғизистон, Туркманистон, Ҳиндустон, Эрон,Афғонистон шӯру валвалаи зиёдеро миёни мухлисон бапо меандохт. Баъд аз бозгашт аз сафарҳои ҳунарӣ моҳҳои дароз миёни мухлисонаш он сафарҳо таҳлил гардида, ӯро яккатози майдони ҳунар ном мебурданд. Зафари ҳунар! Зафари ҷасорату матонат ва ҷавонмардӣ! Зафари таҳамтани ҳунари овозхонӣ! Ва шояд ҳамин буда бошад, ки охири солҳои шаст ва ҳафтодуми садаи гузашта мактаби ҳунарии устод Зафар на танҳо овозхонҳои ҷавони зиёдеро миёни мардум рӯи саҳнаи ҳунар овард, балки як идда ҷавонони ринди маҳфили созу наво бо тарзи либоспӯшӣ ва роҳ рафтанҳои ӯ пайравӣ мекарданд. Сурудҳои шавқрези мардумиаш миёни ҳазорон ҷавонон ғул-ғула афканда буд. Дар хобгоҳи мо донишҷӯёни охири солҳои ҳафтодум ва оғози солҳои ҳаштодуми садаи гузашта ҳеҷ хонае набуд, ки суруди устод Зафарро тараннум нанамоянд. Ба ибораи дигар суруди ӯ рамзи матонат ва ҷасорати ҷавонӣ буд. Мактаби эътибор ва номусу ҷавонмардӣ ва худшиносии миллӣ азсуруду тарона ва оҳангҳои маҳбуби ӯ сарчашма мегирифт. Ва ҳамин буд, ки дар он шабу рӯзе, ки зарурати таърихии ба забони миллат мақоми давлатӣ додан ба миён омада буд, номи устод Зафар шерозаи ифтихори матбуот гардид. Ва ба хотири номи пурифтихори устод Зафар ҳаводорони забони ноби тоҷикӣ бар Бунёди байналмилалии забони форсии тоҷикӣ (он вақт ҳамин хел ном дошт -Бунёди забони тоҷикии форсӣ. Ҷ.Т.) маблағҳо гузаронида, дар роҳи пиёда намудани ормонҳои миллӣ саҳми хешро мегузоштанд. Сафаҳоти матбуоти даврӣ аз корзори худшиносии миллӣ, ҳар рӯз гузориш ва мусоҳибаҳои тахассусии олимон ва донишмандони шинохтаи кишварро пиромуни аҳамияти таърихии мақоми давлатӣ додан ба забони тоҷикиро рӯи чоп оварда, маблағи ҷамъшудаи Бунёди байналмилалии забони форсии тоҷикиро дар маърази муҳокимаи мардум қарор медод. Он замон бинобар таъбири мардумӣ «Баҳори ормонҳои миллат гулбасар буд». Номи пурифтихори устод Зафар дар қатори шинохтатарин олимону донишмандон ва шоиру нависандагони соҳибқирони кишвар шерозаи эътибори миллат буд. Аммо бо гузашти вақт баъди аз байн рафтани Иттиҳоди абарқудрати Шӯравӣ иддае аз бебасарон бо иғвои душманони миллат ин бунёдро бадном сохта, ҳама хайрхоҳони миллатро бар пешониашон тамғаи бадномӣ гузошта, сабабгори нооромии кишварро бо номи бунёди покмаҳзари забони ноби тоҷикӣ набишта карданд. Чанд муддат дар қатори садҳо фарзонагони миллат, ки барои истиқлолияти миллӣ саҳми зиёди хешро гузошта буданд, устод Зафар низ гӯшанишиниро ихтиёр намуда буд. Бинобар таъбири файласуфон ҳама фарзонагони миллат фарзанди сарнавишт ва қисмати пуршӯри хеш буданд. Боварии касе дар он шабу рӯз ба фардои дурахшон набуд. Дар ҳамин торикиҳои андеша ва зулмоти хаёлҳо Худованди меҳрубони дӯстдоштанӣ барои наҷоти миллат ва давлат сипаҳсолори сулҳу ваҳдат ва якпорчагии миллатро аз дудаи Сомониён дар сурати Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олии кишвар, ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон рӯи кор овард. Ва ҳамин абармарди таърихи навини миллат, кишвари анқариб пора-порагаштаро ҷамъ гардонид. Ҳамагонро бародар хонд ливои сулҳу якпорчагӣ баланд афрохта шуд. Садои ошноӣ, муҳаббат ва садоқату бародарӣ дар саросари кишвар танинандоз гардид.

Эҳёи розҳо

Суруди устод Зафар баъди даҳ соли хомӯшӣ аз нав ғул-ғула афканд. Ҷашни ҳафтодсолагии устод бо тантана баргузор гардид. Пешвои муаззами миллат –Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти мардумӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хидматҳои арзандаи устод Зафарро бо нишони пурифтихори «Ситораи тиллои Президенти кишвар» қадрдонӣ намуд. Ҳамагон бо ифтихор ва арҷу сипос устодро муборакбод мегуфтанд. Ин қадрдонии Пешвои муаззами миллат- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти мардумӣ ба ҳунарманде чун устод Зафар ва даҳҳои дигар эътибори Роҳбарияти Ҳукумат ва давлати кишварро миёни мардум хеле баланд гардонид. Дар аксари ҷашну чорабиниҳои фарҳангии кишвар Пешвои муаззами миллат ӯро бо эҳтироми хоса рӯи саҳнаи ҳунар мехонд. Бо муҳаббат ва самимияти баланди инсонӣ аз эътибори баланди ҳунармандии ӯ ёдоварӣ намуда, сурудҳои устодро таскинбахши қалби ҳазорон мухлисонаш ном бурда, мактаби ҳунарашро ифтихори миллат ва давлати Тоҷикистон дониста буд. Ҳамин тавр устод Зафар то вопасин нафас дар хидмати халқ буд. Яъне, ки ҳама розу ниёзҳои қалби заҳрандуди устод, ки даҳ сол дар хилвати танҳоӣ дар вартаи нокомӣ бо қисмат дасту гиребон буд, бо муждаи Парвардигори некрой ва некбину атобахш рӯ ба сӯи нур овард. Ҳамакнун, замоне фаро расид, ки суруди шаҳдрези устод бар қалбҳои шефтагону муштоқони назми оламгири тоҷику форс нуру сафо бубахшад. Аммо… қисмат ва сарнавишт он чироки мехост кард. Тобистони ҳафтодуми умри пурбаракаташ тобу тавони хуршеди хирмансӯзро накард.ӯ ба абадият пайваст. Рӯзи видои устод мисли маҳфилҳои шавқии солҳои ҳафтодум тӯда-тӯда ходимони давлатӣ, устодони ҳунар, ҳунармандони варзида, шогирдон, мухлисон ва муштоқони ҳунараш ба видояш омаданд. Руҳи поки устод дар сурати мурғи ҳумо болои сари ҳамагон бо малакут дар парвоз буд. Суруди мутантани саропо шуҷоату далерӣ, ки матнаш моли ҳалоли шоири шаҳири миллат устоди зиндаёд Пирумқул Сатторӣ мебошад. «Манам он уқоби кӯҳӣ» болои сари мардум дар парвоз буд. Он уқоби тезчанголи баландпарвоз бо боли шикаста ба оғӯши гарми Модар – Худои ҳамагон ба хоки поки Сари Осиё маскан гузид.
Инак, даҳ сол боз садояшро мешунавем. Ин садои форам, ки ово ва накҳати чашмасорони диёри афсонавии моро бар гӯши ҷонҳо мерасонад, муждаи умри ҷовидонии устод будаву ҳаст. Ҳамакнун, устод мақдами пур аз раҳмату мағфирати умри ҷовидонаи хешро шомили даври ҳаштод хоҳад намуд. Баъди рӯзаке чанд он рӯзи муборак фаро хоҳад расид. Ва ҳамагон бо кафи пур аз дуо хоҳем гуфт: «Мақому манзили охиратат шоистаи раҳмати Худовандбод».
Мактаби ҳунари устод ба савту садои тоза ва накҳати гулҳои умеду ормонҳои миллат аз забони фарзанди арҷманди ӯ Ҷовидон гулшани хушрангу бӯи миллатро муаттар месозад. Ҷовидон давоми умри пурбаракати устод буда, бо фотиҳаи падари бузургвор ва кафи пур аз дуои модари муштипар ба мактаби пуршавқу шӯри устод Зафар накҳати нав бахшид. Садои фораму мутантан ва савтҳои дилнишини сурудаҳои мардумӣ ва олами ирфону маонии классикони тоҷик, ки аз забони Ҷовидони азиз ба осмони ҳунар мепечад гувоҳи умри абадияти устод буда, мақоми эътибори устод мардумаки чашми ошиқону шефтагонаш хоҳад буд. Ва дар хилвати ёдҳо он се суҳбат бо устодро пеши рӯ меорам, ки дили пурғуссаи ҳофиз он замон бо ҳасрату дард мегуфт:
Ғами ман нест ғами донаву об,
Ғами ҳар қавми ба ноҳақ хор аст,
Ғами ҳар озор аст,
Ғами ҳар аскари дар марзи ватан бедор аст,
Ғами душмандор аст,
Ғами ман бисёр аст.
Ғами ман нест ғами хурдану хоб,
Ғами ҳар майсаи сабзи таги пост,
Ғами ҳар навдаи аз реша ҷудост.
Ғами дасти ба дуост,
Ғами осӣ ба Худост.
Ғами ҳар як нафаси кандахатост,
Ғами ман нест ғами ман,
Ғами мост…

Ҷумъахони Темурзода


P.S. Хеле хуб мебуд, ки аз фаъолияти ҳунарии устод Зафар «Филм-консерт»-и ҳуҷҷатие ба навор гирифта мешуд. То ояндагон аз наздик ба ҳунари воқеӣ ва асолати ҳунарманд ошно бигарданд. Наворҳои сафарҳои ҳунарии устод ба Узбекистон, Қирғизистон, Туркманистон, Маскав, Киев дар бойгонии Кумитаи давлатии телевизион ва радиои он кишварҳо ҳанӯз маҳфуз нигоҳ дошта шудаанд. Мо метавонем,кибо кумак ва дастгирии ҳукумати ҷумҳурӣ,аз онҳо дар филм истифода намоем. Ин кори хайр эътибори миллат ва давлат буда, соликони роҳи пурэътибори ҳунар бо муҳаббат ва садоқат ба халқу ватан хидмат хоҳанд намуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: