Ёди некон
Гар сухан набвад чароғи маҷлиси ёдоварӣ,
Баъди хомӯшӣ зи хотирҳо фаромӯшем мо.
ӯро тамоми аҳли зиёи кишвар, охири солҳои ҳаштодум ва оғози солҳои навадуми садаи гузашта бо номи Даврон Ашуров мешинохтанду бо донишу маҳорати баланди кордониаш арҷаш мегузоштанд. Ин чеҳраи шинохтаи сиёсӣ, шахсияти соҳибмаърифат ва донишманди миллат, бо маърифати баланди сиёсӣ ва донишмандиву миллатхоҳӣ ва истиқлолиятхоҳиву ватансозиаш дар қаламрави эътибори миллат соҳиби мақом ва мартабаи баланди инсонӣ буда, номи покаш чун байти мактаи истиқлолхоҳон вирди ҳама бедордилони кишвар буд. Замони авҷи бедории миллӣ ва озодандешии Горбачёвӣ (аниқтараш солҳои 1986-1989) устоди зиндаёд Даврон Ашуров ягона мансабдори сиёсиву давлатии ҳизби ҳокими коммунисти вақт буд, ки аз мардуми озодандеши истиқлолхоҳи кишвар пуштибонӣ намуда, аҳли қалам ва адибону донишмандон, ҳунармандонро чун чароғҳои шуълаафкани роҳи фардои дурахшони миллат эътирофашон менамуд. Пешаи аслии устод, ки забон ва адабиёти тоҷик дар заминаи таърихи тамаддуни миллат буд, ҳамагуна ҳаракатҳои фарҳангии бедории миллӣ дар он шабу рӯз дар маърази таваҷҷуҳ ва омӯзишаш қарор дошт. Пайдо шудани муроҷиатномаи донишмандони шинохтаи адабиёт ва таъриху фарҳанги Шӯравӣ соли 1989 дар рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» аз пуштибонӣ намуданашон, аз мақоми давлатии забони форсии-тоҷикӣ дар Тоҷикистон хоби даҳҳо муболиғини собиқ Иттиҳоди Шӯравиро нороҳат сохта, санги маломат бар сари садҳо фарзонагони миллат мезаданд. Устод Даврон Ашуров яке аз аввалин кормандони дастгоҳи иҷроияи Ҳизби ҳокими Коммунисти вақт буд, ки аз мардуми озодандеши истиқлолиятхоҳ пуштибонӣ намуда, тадбиқи Қонуни забони давлатиро пуштибонии ҳамаҷониба намуда буд.Дар Кумитаи марказии Ҳизби Коммунисти кишвар бо сарварии мудири шуъбаи таблиғот Даврон Ашуров комиссияи татбиқи Қонуни забони давлатии Тоҷикистони Шӯравӣ таъсис дода шуд. Банда ки он замон ба ҳайси хабарнигори рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» фаъолият доштам бо тавсия ва дастгирии раиси Бунёди Байналмилалии забони форсии тоҷикӣ, шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Рӯдакӣ устод Лоиқ Шералӣ шомили комиссияи татбиқи Қонуни забони давлатӣ гардида, бо устод Даврон Ашуров аз наздик ошноӣ пайдо намудам. Эътибори фарҳангӣ ва мардумии ин чеҳраи сиёсии кишвар он қадар баланд буд, ки тамоми ҳунармандони шинохтаи кишвар Одина Ҳошимов, Зафар Нозимов, Ҷӯрабек Муродов, Абдулло Назриев, Боймуҳаммад Ниёзов, Маъруфхӯҷа Баҳодуров ва даҳҳои дигар ӯро хеле арҷгузорӣ намуда, маданият ва фарҳанги баланди ӯро васфу ситоиш менамуданд. Ҳаркуҷо, ки аз қадрдонии аҳли сухан, нависанда, шоир, ҳунарманд, рӯзноманигор сухан мерафт, номи устоди зиндаёд Даврон Ашуров шерозаи маҳфил буд. Донишманди дидадарой, ботамкинӣ ва муҳаббату самимияти инсониаш хоса ҳамнишинашро шефтаи суҳбаташ менамуд. Ин ошноии банда бо устоди зиндаёд моро бо бисёре аз чеҳраҳои шинохтаи фарҳангии миллат ошно намуда, бо ҳамин васила, аз таърихи фарҳангу тамаддуни миллат огоҳии бештаре пайдо намудам. Ростӣ, ин ошноӣ бо ин чеҳраи сиёсиву фарҳангӣ муҳаббат ва самимиятамро бо роҳбарияти Ҳизби ҳокими Коммунисти вақт ба куллӣ тағйир дод. Устод ин қадар бо муҳаббат ва самимият аз замони таҳсилаш дар Донишкадаи омӯзгории пойтахт қиссаҳои ҷолибе намуд, ки бо гӯшҳои хеш боварам намеомад, ки як мубаллиғи сиёсӣ ин қадар адабиёт ва фарҳангу тамаддуни миллатро хуб қазоват намояд. ӯ аз замони донишҷӯияш, ки бо устод Лоиқ Шералӣ ва Ғоиб Сафарзода шарикдарс будаанд, хеле бо самимият суҳбат намуда, ҷасорати бедории миллӣ ва ватанхоҳии устод Ғоиб Сафарзодаро бештар қисса намуд. Ва як ғазали ба тозагӣ эҷодгардидаи устод Лоиқро ки дар саҳифаи аввали дафтари ёддоштҳои кориаш бо дасти худи устод Лоиқ нигошта шуда буд, хеле бо маҳорати баланд хонд. Баъди ин, дарёфтам, ки ӯ бо устод Лоиқ ва аҳли адаби кишвар хеле муносибатҳои самимона доштааст. Ва устод Лоиқ беҳуда бандаро назди ӯ нафиристодааст. ӯ дар фароварди сухан ба таъкид гуфт, ки дар мақоми пурифтихори забони форсии тоҷикӣ, баъзе аз мутаассибони диндорро наздик шудан намонед, ки ин ҳама оқибатҳои хуб надорад. Ин пешгӯии устод баъди як сол хатарҳои зиёдеро ба бор овард. Бо чашми худ дидем, ки баъди чанде иддае аз ҷавонони навриш бо баҳонаи ба алифбои форсӣ гузаштан ақидаҳои ифротгароии хешро вориди Бунёди байналмилалии забони форсии тоҷикӣ намуда, амнияти кишварро зери шубҳа гузошта, хатарҳои зиёдеро ба миён оварданд. Ва таъкидҳои дилсӯзонаи устоди зиндаёд Даврон Ашуров барҳақ дуруст буданд. Аммо он замон маҷоли пеши роҳи онҳоро гирифтан набуд. Чун бархе аз «дӯстони» нотавонбинамон ҳамкосаи навришҳо гардида буданду дастнигари онҳо буданд. Устод тӯли беш аз дувоздаҳ сол дар вазифаи муовини аввали раиси Кумитаи давлатии ҶШС Тоҷикистон оид ба полиграфия, нашриёт ва савдои китобро бар дӯш дошта, дар ин мақом бо тамоми адибони шуҳратёри кишвар сару кор доштааст ва шояд ҳамин мақоми пурифтихор будааст, ки бо аллома қаҳрамони халқи тоҷик академик Бобоҷон Ғафуров, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати Сотсиалистӣ, Шоири халқии Тоҷикистон,Қаҳрамони халқи тоҷик устод Мирзо Турсунзода ва арбобони сиёсии кишвар Абдулаҳад Қаҳҳоров, Холмурод Шарифов ва даҳҳои дигар ошноӣ пайдо намуда, дар рушду нумӯи истеъдодҳои ҷавони кишвар саҳми бузурги хешро гузоштааст. Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Рӯдакӣ устоди зиндаёд Лоиқ Шералӣ хеле бо самимият ва муҳаббати бепоён дар мавриди устоди зиндаёд Даврон Ашуров гуфта буд: «Замоне ки Даврон Ашуров котиби аввали Кумитаи комсомоли шаҳри Душанбе буданд, хеле ҷавонони боистеъдод, аҳли қалам ва ҳунармандонро дастгирии ҳамаҷониба намуда, ҳунару истеъдоди онҳоро ҳамеша қадрдонӣ намудааст. Дар замони муовини аввали раиси Кумитаи табъу нашр ва полиграфия буданашон ашъори даҳҳо адибони ҷавон рӯи чоп омада, дар роҳи ошноии онҳо бо мардум саҳми бузурги хешро гузоштааст». Яъне ин чеҳраи шинохтаи сиёсӣ-фарҳангӣ ва миллии кишвар тавониста ки пайкараи ҷовидонии хешро дар қалби садҳо адибону ҳунармандон ва зиёиёну донишмандони кишвар гузорад. Устоди зиндаёд Даврон Ашуров моҳи марти соли 1990 ҳамчун вакили Маҷлиси намояндагони даъвати дувоздаҳум раиси Кумитаи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фарҳанг ва муносибатҳои байналмилалиро бар дӯш дошта, ҳамчун иштирокчии иҷлосияи тақдирсози Шӯрои Олӣ дар Қасри Арбоб саҳми бузурги хешро дар барқарорсозии сулҳу якпорчагии кишвар гузоштааст. Аз соли 1992 то соли 2001 наздики даҳ сол сармуҳаррири маҷаллаи «Тоҷикистон» буд. ӯ ҳамтақдир ва ҳамсиришти садҳо фарзонагони миллат буда, дар роҳи рушду нумӯи фарҳанги миллӣ ва эъмори ҷомеаи башарии Ватани азизамон саҳми бузурги хешро гузоштааст. Зиндагиномаи ин фарзанди фарзонаи миллат саропо ифтихор ва шоистаи арҷгузорӣ мебошад. ӯ чун дигар фарзонагони миллат соли 1956 баъди хатми мактаб-интернати № 1 маркази ноҳияи Айнӣ шомили факултаи забон ва адабиёти тоҷик ва таърихи Донишкадаи давлатии педагогии ба номи Т.Г. Шевченкои шаҳри Сталинобод гардида, ин даргоҳи пурифтихорро бо дониши аъло ва эътибори баланд соли 1961 ба итмом расонида, муддате чанд дар кафедраи фалсафаи ин донишкада коромӯзӣ намуда, аз он ҷо бо даъвати Кумитаи Комсомоли ҷумҳурӣ ба кор даъват мегардад. Дониш ва фаросати баланди инсонӣ, қобилияти фавқулодаи ватанхоҳиаш ӯро шомили мақоми роҳбари комсомоли ноҳияи (собиқ Октябр) ҳоло Исмоили Сомонӣ намуда, дар ин мақоми шоистаи вақт соҳиби эътибори баланди роҳбарӣ гардида, бо тавсияи роҳбарияти Олии Комсомоли вақт (имрӯз Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати ҷумҳурӣ) ба мақоми котиби аввали Кумитаи комсомоли шаҳри Душанбе пешбарӣ мегардад. Мақоми роҳбарии комсомоли шаҳри Душанбе, дар маркази таваҷҷуҳи роҳбарияти олии кишвар қарор дошта, ӯро ҳамчун роҳбари ҷавонони шаҳри Душанбе ҳамеша дар чорабиниҳои муҳими сиёсӣ ва давлатӣ даъват намуда, барои пиёда намудани ормонҳои созандаи мақоми олии кишвар Ҳизби Коммунисти вақти кишвар паҳлуи хеш ҷой медоданд. Ҳамин тавонмандиву донишварӣ ва бошарафиаш ӯро бо роҳбарияти Олии кишвар наздик намуда, соли 1966 ӯро барои таҳсил ба мактаби олии роҳбарии Ҳизби Коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ ба шаҳри Маскав мефиристанд. Тӯли солҳои 1966 то соли 1969 дар ин даргоҳи пурифтихори давру замонҳо таҳсил намуда, ин мақоми илмӣ-роҳбариро бо дипломи аъло ва унвони пурифтихори номзади илми фалсафа хатм намуда, ба шаҳри Душанбе меояд.
Ҳамин тавр, бо тавсияи Роҳбарияти Олии кишвар баъди хатми бомуваффақияти мактаби олии роҳбарии ҳизбӣ ӯ ба мақоми муовини аввали раиси Кумитаи давлатии ҶШС Тоҷикистон оид ба полиграфия, нашриёт ва савдои китоб пешбарӣ гардида, бо ифтихори зиёди ватандорӣ таи беш аз дувоздаҳ сол дар ин мақом ифои вазифа менамояд. Ҳамин мақоми баланди давлатӣ ӯро бо ҳалқаҳои илмиву фарҳангӣ наздик намуда, меҳру муҳаббати ватандориро дар қалби покаш афзун мегардонад. Он замон ҳама нашрияҳои даврӣ аз чопи китоб то рӯзномаву ҳафтанома ва маҷаллаҳои расмии давлатии идораҳои зертобеи Кумитаи давлатии полиграфия нашриёт ва савдои китоб маҳсуб меёфтанд. Ва мақоми муовини аввали раиси кумита мақоми назоратии ин идораҳои давлатӣ буд. Ба ибораи дигар ҳама матбуоти даврӣ ва нашру савдои китоб бо имзои муовини аввал ба дасти мардум мерасид. Яъне ӯ аз тамоми розу ниёзи аҳли калом ва қалам бохабар буд. Адибу рӯзноманигор ва ҳунарманду ношири китоб номи ӯро хеле хуб медонистанд ва арҷаш мегузоштанд. Ва ҳар куҷо ки маҳфили аҳли сухан ва ҳунармандон дар ба рӯи мардум боз мекард,чароғи он маҳфил номи поки ӯ буд. Хеле хуб ёд дорам, ки устоди зиндаёд дар ҳама ҳолат ҳамдами аҳли қалам ва сухан буданд. Ҳунармандони шинохтаи кишвар, шоиру нависандагон ва рӯзноманигорон бо номи поки устоди зиндаёд Даврон Ашуров хеле ифтихор доштанд. Аз ғамхорӣ ва меҳрубониҳо ва дастгириҳои ӯ ҳамагон мегуфтанд. Устоди роҳнамо ва мушкилкушои аҳли сухан ва калом буданд. Дид ва назари хайрхоҳонае ба ояндаи дурахшони кишвар доштанд. ӯ сулҳу салоҳ ва якпорчагиро дар кишвар сутуни истиқлолият ном мебурд. Дар даҳҳо мақолаҳояш дар маҷаллаи «Тоҷикистон» аз заҳмату талошҳои ватанхоҳонаи Пешвои муаззами миллат ёдоварӣ намуда, ӯро дар матонату ҷасорат ва миллатдӯстиву ватанхоҳӣ Исмоили Сонӣ ном бурдааст. Хеле ифтихор дошт, ки бо Пешво паҳлу ба паҳлу дар иҷлосияи тақдирсози шонздаҳуми Шӯрои Олӣ дар қасри Арбоб ширкат намуда, бо камоли майл ҳамчун раиси Кумитаи Шурои Олӣ оид ба масъалаҳои фарҳанг ва муносибатҳои байналмилалӣ аз фарҳанги баланди Пешво ба ҷаҳониён мужда расонидааст. Ва бо тавсияи раиси Шӯрои Олии вақт ба мақоми сармуҳаррири маҷаллаи «Тоҷикистон» пешбарӣ гардида, наздики даҳ сол роҳбарии ин нашрияро бар дӯш дошт. Имрӯз пушти соярӯшанҳои ёдҳои ширини замони бедориву истиқлолхоҳӣ ӯро ёд мекунему бо ифтихор ва самимияту муҳаббат мегӯем:
Мурдаст ҳамон кас, ки ба олам асараш нест,
Умре такудавкардаву пайдо самараш нест.
Не ёр аз ӯ воқифу не маҳрами асрор,
Дар саҳфаи айём ба ҷое хабараш нест. Оре ҳамин фарзонагони миллат буданд, ки кору пайкори истиқлолхоҳони кишвар зери роҳбарии Пешвои муаззам- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти муҳтарами мардумӣ дар қалби миллионҳо фарзандони асили миллат нақши абадии хешро гузошта. Ва ливои пурифтихори истиқлолияти давлат парафшон буда, хуршеди истиқлолият бар қалбҳои поки ватанхоҳон гармӣ меорад.
Ҷумъахони Темурзода